Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хулосаи матбуоти чопи Душанбе


Нашрияҳои чопи Душанбе сармақолаҳои худро ба ҳаводиси шарқи кишвар, ҳамлаи хунин ба корвони мошинҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон дар дараи Камароб, идомаи ҷустуҷӯи маҳбусони фирорӣ ва амнияти зери суол қарор гирифтаи кишвар ихтисос додаанд.

«Фараж» дар сармақолаи худ зери унвони "Хуни 25 нафар ба гардани кист?» навиштааст, «Чаро барои таъқиби терористони касбӣ ва ҷангдида сарбрзони 19 соларо гуйё ба истиқболи марг фиристоданд? Ин суолест,ки ба он бояд вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев бояд ҷавоб диҳад".

«Фараж» инчунин навиштааст, маълум буд, ки рӯзи қатли ваҳшиёнаи 25 нафар афсарону аскарони тоҷикро рӯзи мотам эълон намекунанд. Чунки агар чашми мо ба гиря одаткарда намебуд, рӯзи ҳалокати фоҷиабори мардуми Кӯлобро дар пайи селхезии ахир, рӯзи мотам эълон мекардем.

«Пайкон» дар як мақолаи таҳлилии худ бо номи «Омилҳои аслии ба амал омадани ваъияти кунунии Тоҷикистонро дар чӣ мебинед?» бо такя ба мавқеъи коршиносон, ба барасии вазъи буғранҷи сиёсии кишвар пардохта, аз ҷумла аз қавли Раҳматтуло Зоиров, раиси ҲСДТ менависад, "омилҳо зиёданд, вале муҳиамтарини онҳо ҳамин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷомеъаро идора карда наметавонад. Омили дигар то имрӯз дар буҳрони низомӣ қарор доштани кишвар ва аз ҷиҳати стратегияи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ руш накардани ҳамин ҳукумат аст".

«Нигоҳ» дар мақолаи худ бо номи «Ду задухӯрд дар Ғарму Файзобод» ба таҳлили ҳаводиси ахири шарқи Тоҷикистон пардохта, аз ҷумла навиштааст: "Амалиёти бебарори мақомти қудратииТоҷикистон дар деҳари Чанорои Файзобод муқобили маҳбусони фирорӣ, се тан захмӣ дошт, ки миёни онҳо подполковники Кумитаи Амияти миллӣ Саидбек Рустамов ва сардори бахши файзободии ин кумита будаанд".

Рузномаи «Имруз-нюз» дар мақолаи худ зери сарлавҳаи «Абдуҷаббор Раҳмоновро боз ба суд доданиянд» бо овардани номаи намояндагони ҷамъияти тоҷони Русия дар бораи аз вохӯрӣ рондани духтарони ҳиҷобпӯш аз ҷониби вазири маориф ва таҳқир кардани онҳо навиштааст, «Мо чунин мешуморем, ки рафтори вазири маорифи Тоҷикистон хилофи Сарқонун буда, шаъну шарафи модарону хоҳарони тоҷикро паст задан аст. Ба ин хотир, мо тоҷикони Русия бо истифода аз хидмати адвакатҳои Русия вазир маорифи Тоҷикистонро ба суд медиҳем".

«Пайкон» дар як мақолаи дигар худ аз ҷумла навиштааст: «Ҳар ҳукумате,ки сохтани давлати демократӣ ва дунявиро ҷиддӣ қабул намекунад ва побанди фасоду маҳалгароӣ мегардад, наметавонад шароити таҳсили оливу кори арзандаро барои шаҳрвандонаш таъмин кунад ва ҷомеъаро хоҳ нохоҳ ба ҷониби дин тела медиҳад. Мулло гуноҳ надорад, ки мардум бештар ба дин рӯ овардаанд. Масале ҳаст, ки доди мардумро гар сарвар шунидан нахоҳад, пас мардум доди худро аз Худо талаб мекунанд".
XS
SM
MD
LG