Намояндагони Тоҷикистон дар ҳамоиши байнулмилалии ҳуқуқи башар дар Варшава гуфтаанд, Тоҷикистон мавзӯи аз байн бурдани ҷазои ҳукми қатл дар ин кишварро мавриди омӯзиш қарор дода, ба ин манзур гурӯҳи вижаи корӣ бо шумули мақомоти давлатӣ ва намояндагони ҷомеаро созмон додааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар анҷумани ҳуқуқи башар, ки бо ибтикори Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Варшава -пойтахти Лаҳистон баргузор шуд, ҳамчунин гуфтаанд, ки ҷомеаи ин кишвар ҳанӯз барои комилан аз байн бурдани ҳукми қатл омода нест ва бояд заминаҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии лағви ин ҳукм дар Тоҷикистон низ пажӯҳиши дақиқ шавад.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон аз соли 2004 рӯи иҷрои ҳукми эъдом мораторий эълон шудааст.
Гузориши ҳайати Тоҷикистон
Конфронси Варшава рӯзи 30 сентябр оғоз шуда ва имрӯз пас аз баррасии гузоришҳо дар бахшҳои мухталифи ҳуқуқи башар дар соли 2010 ба кори худ поён дод. Дар кори ин ҳамоиш намояндагони давлати Тоҷикистон ва ҳамчунин созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башари ин кишвар низ ширкат ва гузоришҳои расмӣ ва алтернативиро дар робита ба вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ироа карданд.
Мақомоти давлати Тоҷикистонро, ки ҳайате аз масъулони раёсати ҷумҳурӣ, порлумон, додситонии кул, шӯрои адлия ва омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар намояндагӣ мекунад, дар гузоришҳои худ бештар рӯи талошҳои ҳукумат барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар таъкид карданд.
Аммо Алишер Маҷидов, намояндаи Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон мавсум ба «Сипар», ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мушкилоти марбут ба вазъи ҳуқуқуи башар дар Тоҷикистон дар ин нишаст низ мавриди баҳсу баррасии ширкаткунандагон қарор гирифтааст:
«Масоиле назири лағви комили таъини ҷазои ҳукми қатл аз қонунгузорӣ, вуҷуди мавориди шиканҷа дар боздоштгоҳҳои муваққат ва зиндонҳо дар меҳвар қарор гирифт. Ҳамчунин мавзӯи мақоми муҳоҷирон низ матраҳ шуд. Дар ҳоле, ки шумори зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар дигар кишварҳо дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд. Ба ин хотир ба тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони мо дар дигар кишварҳо таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дода шуд».
Мушкилоти ҳукми қатл дар Тоҷикистон
Гузориши Ҷумъа Давлатов, мушовири ҳуқуқии раисиҷумҳур ва намояндаи президент дар порлумон, ба мавзӯи «Мушкилоти ҳукми қатл дар Тоҷикистон» ихтисос дошт. Ба гуфтаи ӯ, ҳалли масъалаи аз байн бурдани ҳукми қатл зери назари ҷиддии ҳукумат қарор дорад. Ҷаноби Давлатов гуфт:
«Дар аввали сол аз тарафи президенти Тоҷикистон гурӯҳи корие таъсис дода шудааст, ки тамоми ҷанбаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳуқуқии масъаларо омӯхта ва дар натиҷа мақсаднок будан ё набудани ҳукми қатлро хулоса хоҳад кард. Аммо якчанд ҳолат аст, ки барои ба расмият даровардани бекор кардани ҳукми қатл монеа мешавад, ин пеш аз ҳама омодагии мардум аст. Зеро якчанд пурсиши афкори умум нишон дод, ки мардум ба бекор кардани ҳукми қатл назари манфӣ доранд. Мо дар чаҳорчӯби гурӯҳи кори иқдомотеро, аз қабили фаҳмондадиҳӣ, омӯзиши таҷрибаи дигар кишварҳо рӯи даст гирифтем ва умедворем дар натиҷа битавонем масъаларо мусбӣ ҳал кунем».
Ба ин тартиб дар пайи эълони мораторий ба иҷрои ҳукми қатл дар соли 2004, ин ҷазо дар Тоҷикистон амалан ба 25 соли зиндон иваз шудааст. Аммо махфӣ мондани маълумот дар бораи теъдоди шумораи афроди маҳкум ба қатл ва маҳалли дафни онҳо мояи нигаронии ҳомиёни ҳуқуқи башар боқӣ мемонад.
Мавридҳои шиканҷа дар зиндонҳо
Аз сӯи дигар вуҷуди мавориди шиканҷа дар боздоштгоҳҳову зиндонҳо мояи дигари ташвиши созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аст. Ба хусус набудани банди алоҳида дар қонуни ҷиноӣ дар бораи шиканҷа.
Лариса Қобилова, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, низ қаблан дар сӯҳбат бар ин нукта ишора кард, ки «дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон моддае аст, ки «бадрафторӣ» ном дорад, аммо банди алоҳидае марбути ҷинояти шиканҷа вуҷуд надорад. Ба ин хотир беҳтар мебуд, ки ба қонун ислоҳот ворид карда мешуд ва ҷавобгарии хос барои шиканҷа дар назар гирифта мешуд. Аммо муассиртарин роҳи ҷилавгирӣ ва мубориза зидди шиканҷа ин қабули қонуни ҷадиди мурофиавӣ-ҷиноӣ дар Тоҷикистон аст, ки бояд эҳтироми ҳуқуқи шахсият дар ҳама марҳалаҳои ба ҷавобгарӣ кашидани вай риоят шавад».
Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди пайвастани Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалии мубориза бо шиканҷа дар соли 1995 ҳамвора барои вуҷуди мавориди шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ интиқод мешавад.
Бо ин ҳама Маризо Халифаев, намояндаи додситонии кулли Тоҷикистон, дар нишасти Варшава таъкид кард, ки бандҳое аз қабили «бадрафторӣ», «берун шудан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ» ва «сӯъиистифода аз мақом» дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон алайҳи шиканҷа ва рафтори амсоли он муқаррар шудааст. Ба гузориши ҷаноби Халифаев, тайи се соли ахир ба иттиҳоми убури ҳадди ваколатҳои хидматӣ 174 корманди сохторҳои қудратӣ ва додгоҳӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашонда шуда ва 709 тани дигар муҷозоти маъмурӣ гирифтаанд.
Мавзӯи манъи рӯсарӣ матраҳ нашуд
Аммо дар ҳоле, ки дар ин авохир мавориди нақзи ҳуқуқи мазҳабии сокинони Тоҷикистон, назири манъи ҳиҷоб, рафтани занону кӯдакон ба масҷид ва ғайра дар ҷомеаи ин кишвар сарусадоҳоеро ба вуҷуд овард, дар нишасти Варшава на ҷониби давлат ва на ҳомиёни ҳуқуқ ин мавзӯъро матраҳ накарданд.
Алишер Маҷидов мегӯяд, «дар воқеъ аз тарафи ҳайати Тоҷикистон ин мавзӯъ бардошта нашуд. Шояд яке аз сабабҳои аслӣ он бошад, ки намояндагони созмонҳое, ки ба масоили ҳуқуқҳои мазҳабӣ машғул ҳастанд, дар таркиби ҳайати Тоҷикистон набуданд. Шахсан ман ба ин масоил ҳеҷ кор сару кор нагирфтам. Албатта дуруст аст, ки нақзи ҳуқуқи мазҳабии шаҳрвандон дар ҷомеаи Тоҷикистон вуҷуд дорад, вале дар сатҳи қонунгузорӣ маҳдудиятҳое дар ин замина аст, ки ба баҳсҳое дар ҷомеа овардааст».
Бо ин ҳол, гурӯҳи масеҳии «Шоҳидони «Яҳуво» ба конфаронси Варшава муроҷиат кардааст, ки давлати Тоҷикистон ба таъқиби ҷиноии аъзои ин созмон дар шаҳри Хуҷанд хотима диҳад ва барои сабти дубораи «Шоҳидони Яҳуво» дар кишвар мусоидат кунад.
Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи марти соли ҷорӣ баррасии дубораи парванди 17 тан аз аъзои созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳуво» дар шимоли ин кишварро бо иттиҳоми таблиғи ғайриқонунии мазҳабӣ аз сар гирифт. Фаъолияти «Шоҳидони Яҳуво» дар Тоҷикистон 3 сол қабл манъ шудааст.