Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши сомонаи «Тоҷнюс» ҷиҳати азсаргирии фаъолият


 Фазлиддин Хоҷаев, сармуҳаррири оҷонси иттилоотии «Тоҷнюс
Фазлиддин Хоҷаев, сармуҳаррири оҷонси иттилоотии «Тоҷнюс

Кормандони сомонаи «Тоҷнюс» имрӯз дар назди Вазорати нақлиёт ва мухобирот ҷамъ омаданд, то ба пурсише, ки чаро сомона аз фаъолият боз мондааст, посухи қобили боварӣ бигиранд. Дар нишасти ахири ин вазорат, як намояндаи масъули он, сабаби баста шудани сомонаи мазкурро тахриб шудани ноқил маънидод кард.

Кормандони "Tojnews" дар посух ба шархи ахири вазорат ноқил ё сими 14 метриро ба манзуре пешниҳод карданд, ки агар иллат техникӣ бошад, ҳалли он набояд ба ин дарозо бикашад.

Аммо мақомоти масъули вазорати нақлиёт ва мухобирот ҳозир нашуданд, ки ба пурсиши хабарнигорон посух бигӯянд.

Фазлиддин Хоҷаев, сармуҳаррири Оҷонси иттилоотии «Тоҷнюс» ба радиои Озодӣ гуфт, яке аз хонандагони сомона ба ҳарфи мақомот бовар карда, ноқилеро ба идораи оҷонсӣ овардааст:

«Чанд вақт шуд, ки аз иттилои сомонаи шумо бебаҳраем. Фаҳмидем, ки гап дар ноқил (кабел) будааст. Оварду гуфт, ки агар гап дар сари ин аст, инро ба вазорати нақлиёт ва мухобирот бареду диҳед, то зудтар сомонаро фаъол кунанд».

Сомонаи «Tоjnews”, ки ба забони тоҷикӣ матлаб омода мекунад, 29 сентябр аз фаъолият бозмонд. Сомонаи хабаргузории«Авеста» низ то ҳол дар дохили кишвар боз намешавад. Рӯзноманигорон манъи фаъолияти сомонаҳоро ба пӯшиши амалиёти Камароб ва нашри матолиби интиқодӣ дар саҳифаҳои интернетӣ бастагӣ медиҳанд.

Таъсиси "Кумитаи 29-и сентябр"

Дар пайи баста шудани сомонаҳои хабарӣ ва рӯзномаҳо, сардабирони як идда аз нашрияҳои мустақил ҳамроҳ бо созмонҳои ҳуқуқиву дифоъ аз матбуот, Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи касбии хабарнигорон бо номи “Кумитаи 29 сентябр”-ро таъсис дода буданд. Ҳадафи ин кумита барқарор кардани сатҳи қаблии озодии баён ва ҳамоҳанг сохтани талошҳо ҷиҳати оддӣ сохтани вазъи буғранҷшудаи матбуот гуфта мешавад.

Исми ин ниҳод – “Кумитаи 29 сентябр”- аз таърихи рӯзе гирифта шудааст, ки дастрасӣ ба чанд сомонаи интернетии дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла avesta.tj, tjknews.com, ferghana.ru ва centrasia.ru, масдуд шуд. Ҳамин тавр, тайи 1 моҳи охир, 3 нашрияи мустақили чопи Душанбе – “Фараж”, “Пайкон” ва “Нигоҳ” аз нашр бозмондааст.
XS
SM
MD
LG