Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гаравгонгирони духтарони тоҷик


Мақомоти марзбонӣ ва амниятии Афғонистон аз боздошти шаш тан аз қочоқчиёни маводи мухаддир дар ин кишвар иттилоъ доданд, ки онҳо ба гаравгонгирии 7 духтари тоҷик ва ҳамла ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти Тоҷикистон айбдор мешаванд.

Ин афрод, ки аз онҳо феълан ном бурда намешавад, дар қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон, гаравгонгирии 7 духтари тоҷик ва ҳамла ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ даст доштаанд. Қаблан феҳрасти номи ин қочоқгаронро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Кобул рӯзи 26-уми октябр ба Ҳомиди Карзай, президенти Афғонистон, таслим карда буд.

Аммо дар мавриди рӯйхати номҳои афроде, ки президенти Тоҷикистон ба Карзай таслим кардааст, дафтари матбуотии раёсатҷумҳури Тоҷикистон изҳори бехабарӣ кард.

Мақомоти амниятии Афғонистон ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ки дар ҳақиқат ҳамчунин як рӯйхати номҳои афроди шабакаҳои байналмилалии қочоқи маводди мухаддир ба дасташон расидааст.

Генерал Оқо Нур Кинтуз, фармондеҳи амниятии вилояти Бадахшони Афғонистон, мегӯяд, «ин афрод беш аз ҳафт духтари тоҷикро дузидидаанд ва ба Афғонистон овардаанд. Тибқи ёддошти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ин афрод мавриди таъқиб қарор гирифтанд ва се нафарашон боздошт шуд. Ду нафари дигар ҳам аз ин гурӯҳ тавассути кормандони пулиси Афғонистон дастгир шудаанд».

Сарнавишти норушани духтарони гаравгон

Як намояндаи Кумитаи марзбонии Тоҷикистон, ки аз овардани номаш худдорӣ кард, гуфт, аз сарнавишти 7 духтари тоҷик бехабаранд. Вале, гуфт ӯ, ахиран сокинони ноҳияи марзии Шӯрообод унвонии раисиҷумҳур ва ҳам Кумитаи марзбонӣ ва амниятии Тоҷикистон номае ирсол намуда, хоҳиш карданд, ки пайвандонашонро аз гаравгони гурӯҳҳои қочоқгари афғон раҳо кунанд.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Кумитаи марзбонии Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки моҳе қабл як сокини ноҳияи Шӯрообод, ки аз сӯи қочоқбарони афғон гаравгон гирифта шуда буд, пас аз пардохти қарз раҳо гардид.

Шариф Наимов, раиси бахши умури дохилаи Шӯрообод, мегуяд, ҳодисаҳои гаравгонгирӣ бештар дар минтақаи наздимарзии Шӯрообод сурат мегирад. Ба нақли ӯ, ахиран дар ин минтақа ду сокини ба гаравгон бурдашуда аз Кӯлоб озод карда шуданд.

Шабакаҳои қочоқгар – мушкили доғи ду кишвар

Таҳлилгарон мегӯянд, шабакаҳои байнулмилалии қочоқгари маводи мухаддир ба яке аз мушкилоти доғ табдил шудааст ва мақомоти амниятии Тоҷикистон ва Афғонистон дар амри ҳалли ин мушкил заифӣ мекунанд.

Президенти Тоҷикистон дар суханрониҳои худ доир ба амнияти минтақа ширкати кишварҳои эътилофи зиддитеррор дар Афғонистонро дар мубориза бо гурӯҳҳои қочоқбар ва маҳв кардани киштҳои маводи мухаддир муҳим арзёбӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG