Субҳи имрӯз як теъдод аз афроде, ки барои харидории хона ба ширкати «Мовароуннаҳр» пешпардохт кардаанд, дар назди дафтари ин ширкат таҷаммӯъ намуда ва аз сарнавишти сармояҳои гузоштаи худ, изҳори нигаронӣ карданд. Ин афрод ҳамчунин ба идораи Додситонии кул муроҷиъат намуда ва хостори раҳоии Охунов шудаанд, то битавонанд маблағҳои гузоштаи худро аз ӯ бозпас бигиранд.
Ширкати "Мовароуннаҳр" ахиран ба бӯҳрони молӣ гирифтор шуда буд. Аз як тараф муштариёни он изҳор медоштанд, ки бо вуҷуди пешпардохт барои харидории хона ширкати «Мовароуннаҳр» дар замони тайиншуда ва тибқи қарордод хонаҳои ваъдагиро ба онҳо надодааст. Аз сӯи дигар, масъулини ин ширкат даъво доранд, ки бархе аз муштариёне, ки соҳиби хона шудаанд, бо ҳар далел, то кунун қарзҳои худро дар назди ин ширкат пардохт накардаанд.
Тафсилоти бештар нашр мешавад.