Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши ҳодисаҳои худкушӣ дар миёни мардон


Рӯзҳои наздик дар вилояти Суғд таҳқиқоти мавридҳои густаришёбандаи худкушӣ дар миёни ҷавонони кишвар шурӯъ мешавад, ки бо ташаббуси донишгоҳи миллии Тоҷикистон, донишгоҳи Колумбия ва бо маблағгузории бунёди UNICEF ба роҳ монда мешавад.

Нафиса Юнусова, равоншиноси тоҷик ва яке аз ташаббускорони ин таҳқиқоти илмӣ, мегӯяд, ин нахустин талош барои омӯхтани решаҳои густариши мушкилест, ки солҳои охир дар шароити бебандубориҳои иҷтимоии зиндагии маишиву иқтисодии мардум афзоиш ёфтааст.

Вай мегӯяд: “Ин таҳқиқот тақрибан чаҳор моҳ идома карда, дар миёни ҷавонҳои 12 то 24-сола баргузор мешавад. Аз рӯи хулосаҳои ҷаҳонӣ, дар кишварҳои пешрафта бештар бо иллати мушкилоти равонӣ худкушиҳо афзоиш ёфта дар кишварҳои дар ҳоли рушд мушкилоти иҷтимоӣ ба ин сабаб мешавад”.

200 ҳодисаи худкушӣ дар ним сол


Масъулин мегӯянд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар саросари Тоҷикистон беш аз 200 нафар даст ба худкушӣ задаанд, дар ҳоле, ки дар давоми 12 моҳи соли 2009 шумори ин афрод беш аз 300 нафар будааст. Як чунин ҳодисаро, ки бо марди сокини ноҳияи Варзоб ду соли пеш рӯй дода буд.

Абдураҳмон Хонов, як масъули Кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумат чунин нақл карда буд: “Ин ҳодиса бо як сокини деҳаи Сафедораки ҷамоати Деҳмалики ноҳияи Варзоб рух дода буд. Соли таваллуди ин мард 1969 аст. Вай бо сабаби мушкилоти зиёди зиндагӣ худро овехт. Вай чанд соли охир дар Душанбе иҷоранишин буд. Хонаву кори дилхоҳ надошт, падари панҷ фарзанд буд. Оилааш ҳам кор намекард. Вай дар хонае, ки иҷора менишаст, дар бомаш баромада худро овехт. Пеш аз он ки ҷасади ӯро пайдо кунанд, бародаронаш бисёр ҷустуҷӯ карданд”.


Суғд – дар садри феҳрасти сиёҳ


Вале аз замони шӯравӣ ба ин сӯ дар садри феҳрасти сиёҳи худкушиҳое, ки дар саросари ҷумҳурӣ содир мешаванд, вилояти Суғд қарор дорад. Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар ин минтақа 272 нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки 25 дар сад бештар назар ба ҳамин муддати соли гузашта будааст. Нишондоди нигаронкунанда ин аст, ки шумори мардони аз зиндагӣ дилсардшудаву ба чунин як амали ҳам аз назари инсонӣ ва ҳам мазҳабӣ манфӣ дастзада назар ба занҳо афзоиш ёфта 145 нафарро ташкил додааст.

Тилав Расулзода, як хабарнигори маҳаллӣ, ки ҳоло машғули таҳқиқи ин мавзӯъ аст, мегӯяд, аксар хонаводаҳо талош мекунанд аз роҳи худкушӣ даргузаштани пайванди худро пинҳон кунанд. Ӯ гуфт: “Зеро ки ин амал ба хонаводаи онҳо иснод меоварад. Ва дар асл шояд шумори воқеии даст ба худкушӣ задаҳо бештар бошад”.

Оқои Расулзода ба тақвияти назари мақомоти ҳифзи қонун гуфт, пурсишҳову сӯҳбатҳо бо наздикону ҳамсояҳо дарёфтан мумкин аст, ки аксари ин мардон дар паи ҷанҷолҳои хонаводаӣ, набуди шароити мусоид барои таъмини рӯзгор, бекориву ниёзмандӣ, нотавонии таъмини фарзандон ва ҳалли масоили афзоянда аз зиндагӣ амиқан дилсард шуда ба ҷуз сӯиқасд ба ҷони худ интихоби дигаре намебинанд.

Афзоиши худкушии қарздорон

Тамоюли дигари солҳои охир – қарздор шудани мардон дар баробари шахсиятҳои алоҳида ва ё сохторҳои молӣ мебошад, ки онҳоро дар натиҷа заъифу нотавон ва тарсуву дилмонда мекунад.

Тилав Расулзода мегӯяд: “Яке аз сабабҳои муҳим – риоя нашудани адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошад. Яъне як нафар шоҳона зиндагӣ мекунад, дигаре нони хӯрданӣ надорад. Ҳамин зиддият боиси ноумедии бештари мардум мешавад ва бархе даст ба худкушӣ мезананд”.

Ин хабарнигори маъруф мегӯяд, ки ҳоло масъала аз сатҳи нигарониҳои танҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ, яъне созмонҳои ҷамъиятӣ бояд ба дараҷаи нигарониҳои ҳукумат баланд шавад.

Осебпазирии мардон дар ҷомеаи муосир

Равоншиносон мегӯянд, афзоиши мавридҳои даст ба худкушӣ задани мардон боз аз он ҷиҳат мавриди нигаронӣ аст, ки маъмулан аксар талошҳо барои сӯиқасд ба ҷони худ кардани мардон дар муқоиса бо чунин мавридҳо дар миёни занон бо марг меанҷоманд. Мегӯянд, ин ҷо масъала дар бархӯрди мухталифи занҳову мардҳо ба зиндагӣ аст.

Нафиса Юнусова, як зани тоҷик, мегӯяд: “Занҳо назар ба мардон бештар эҳсосотӣ ҳастанд. Занҳо ҳамеша пеш аз ҳама дар фикри фарзандон мебошанд. Ҳамин чиз омилест, ки ҳамеша занро аз як кори бад нигоҳ медорад”.

Равоншиноси дигари тоҷик мегӯяд, ки тафовути мард аз зан дар масъалаи бархӯрд ба мушкилоти зиндагӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, мард ба сахтӣ нақши ҳақиру заъиферо, ки шароити иқтисодӣ барояшон фароҳам овардааст, қабул мекунад. Аксар мардҳои миёнасол, ки солҳои шӯравӣ дар хонаводаҳои серу пур тарбия ёфтаанд, имрӯз наметавонанд айнан ҳамингуна нақшро барои фарзандони худ бибозанд ва таҳти фишорҳои равониву зеҳнӣ мемонанд.

Нафиса Юнусова, равоншиноси тоҷик, мегӯяд, нафаре, ки тасмими худкушӣ карданро мегирад, ба як ҳолати бемории маънавӣ ва ё зеҳнӣ дучор мешавад ва ин нияти бад дар нохудогоҳи ӯ муддатҳо чарх зада, ба қавле пухта расида баъдан ӯро ба анҷоми ин амал водор мекунад. Хонум Юнусова гуфт, ки бисёр умедвор аст, баъди анҷоми таҳқиқи амиқи ин мавзӯъ мешавад дар роҳи ҷилавгирӣ аз такроршавии ингуна мавридҳо дар ҷомеа корҳои бештару беҳтар анҷом дод.
XS
SM
MD
LG