Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳишгоҳи ИМА: Ба Осиёи Миёна хушксолӣ таҳдид мекунад


Замоне инҷо баҳри Арал буд
Замоне инҷо баҳри Арал буд

Маркази миллии пажӯҳишгоҳи атмосфераи замин дар Амрико гуфтааст, ки ба далели афзоиши гармо дар курраи Замин ва тағйири иқлим, тайи даҳсолаҳои оянда минтақаи Осиёи Миёнаро хушксолиҳои бесобиқа таҳдид мекунад.

Бино ба пажӯҳишҳои Айгуо Дай, пажӯҳишгари ҳамин марказ, ки аз саршиносони омӯзиши атмосфераи замин ба ҳисоб меояд, мегӯяд, ки хушксолиҳои дар пеш буда, ки ба далели омилҳои глобалӣ ва минтақаӣ рух хоҳанд дод, дар 20-25 соли оянда боиси коҳиши захираҳои об дар ин минтақа хоҳад шуд.

Натиҷаи пажӯҳишҳои иқлимӣ ва атмосфераи замин дар СММ низ ҳокӣ аз он аст, ки дар даҳсолаҳои оянда захираҳои оби рӯдхонаҳои Тоҷикистон, ки аз пиряхҳову чашмаҳо маншаъ мегирад, 30 дарсад кам хоҳад шуд.

Ин марокизи пажӯҳишӣ далели зуд обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистонро чангбодҳои хеста аз минтақаи баҳри Арали хушкида ба фазо медонанд.

Вокуниши Ҷопон ва Покистон ба мушкили Арал

Ин дар ҳолест, ки парлумони Ҷопон Узбакистонро дар наҷоти Арал ба ҳамкорӣ хонда гуфтааст, ки таҷрибаи пешрафтаи худ дар мавриди ҳифзи муҳити зистро дар ихтиёри Узбакистон қарор хоҳад дод.

Аз сӯи дигар донишмандони Покистон низ сабаби обхезиҳои ахир дар ин кишвар ва тағйири иқлим дар минтақаро ба хушкшавии баҳри Арал нисбат додаанд. Ба гуфтаи донишмандони покистонӣ, чангбоде, ки аз Арал мехезад, ба обшавии пиряхҳои кӯҳҳои Ҳиндукуш ва Помир сабаб мешавад. Дар ин кишвар ахиран як гурӯҳи корӣ барои наҷоти баҳри Арал таъсис дода шудааст.

Хатари маҳви ҷангалзорҳо дар Тоҷикистон


Академик Алексей Яблоков, раиси Ҳизби сабзи Русия, низ ба ҳамин назар аст ва нигарониҳо дар робита ба хушксолиҳои ояндаро дар тағйири иқлим аз олудагии муҳити зист медонад.

Вай афзуд: «Нигарониҳо дар ин замина, яъне тағйири иқлим аз олудагии муҳити зист воқеият дорад. Дар ҷумҳуриҳои мустақили Муштаракулманофеъ ба хотири тиҷорату оидот ҳифзи муҳити зистро фаромӯш кардаанд. Ҷангалзорҳоро нобуд карда, хонаву корхона месозанд. Вале ба ҷои дарахти буррида ниҳол намешинонанд. Тоҷикистон минтақаи нозуки табиат аст. Кӯҳҳои баландаш бо ҷангалҳои доманакӯҳ боиси ҷамъоварии намӣ ва пайдоиши бодҳои сард дар муқобили гармсел аст. На танҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз зуд обшавии пиряхҳои Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунад».

Профессор Сафарбек Раҳимов, декани факултаи биологияи Донишгоҳи омӯзгории Душанбешаҳр, далоили ба хушксолиҳо рӯбарӯ шудани Тоҷикистон ва минтақаро ни з аз хушкшавии Арал ва нобуд шудани ҷангалзори доманакӯҳҳо медонад.

Вай мегӯяд: «Дар тӯли 16 соли ахири камбуди барқу маводди сӯхт аксар ҷангалзорҳои доманакӯҳҳо буррида шуданд. Ҷангал манбаи намӣ ва нигоҳ доштани захираи об аст ва агар ҳамин равҷанди дарахтбуррӣ идома пайдо кунад, эҳтимол дорад, ки пиряхи Федченко об шуда, аз байн биравад ва ин минтақа ба хушкӣ табдил шавад».

Ғубори Арал пиряхи Федченкоро об мекунад?

Профессор Раҳимов робитаи ҷангалзорҳои доманакӯҳҳо ба пиряхҳо ва обшавии онро тавзеҳ дода гуфт: «Барои об шудани яхи кӯча одатан болои он хоку қум мепошанд. Ин қадар чангу ғубори хоку қуми намаколуд, ки аз минтақаи баҳри Арал ва соҳили Каспиву Афғонистон ба Тоҷикистон меояд, ба сабаби набудани ҷангалзорҳо болои пиряхҳо мехобад ва ба обшавии зиёди он сабаб мешавад».

Бино ба иттилои марокизи пажӯҳишӣ, дар 16-17 соли ахир беш аз 600 ҳазор ҳектор чакалакзору ҷангалзорҳои доманакӯҳҳои Тоҷикистон буррида шудааст.

Профессор Раҳимов барқароркунии ин ҷангалзорҳоро дар пешгириӣ аз хушксолиҳо ва камшавии оби рӯдхонаҳо муҳим медонад. Вай афзуд: «Дар ин чанд соли ахир дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, ба хусус дар Узбакистон ва Тоҷикистон, дарпахтшинониро фаромуш кардаанд. Мо метавонем дар Тоҷикистон аз Шаҳритус сар карда то Помир ҷангалҳои чормағзу дулона, сафедорзор ва ғайраро ташкил кунем. Дар он сурат намӣ таъмин шуда, барфу борон низ бештар меборад».

Ба гуфтаи донишмандон, Тоҷикистонро зарур аст, табиати нодири худро бо барқарор кардани ҷангалҳои буррида барқарпор созад, то сарчашмаҳои об коҳиш наёбад. Дар ҳоле, ки Тоҷикистон дар оянда ба захираҳои обии худ ва рушди бахши энержӣ умед бастааст.
XS
SM
MD
LG