Ҳарчанд дар манотиқи кӯҳӣ як ё ду маротиба резиши барф сурат гирифта, вале ба иттилои ҳавошиносон, мизони он ночиз будааст.
Пайомади беборонӣ ва бебарфиҳо таъсири номатлуберо ба соҳаи кишоварзӣ, ба хусус парвариши маҳсулоти ғалладона расонида ва вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар талоши таҳлили вазъияти ба амаломада ва дарёфти роҳҳои рафъи он шудааст.
Аз сӯи дигар ба иллати гамрии ҳаво ва бебарфиҳо мизони бемориҳои мусрӣ, назири зукоми маъмулӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон афзуда ва кор ба ҷое расидааст, ки дар ҳар хонадон аз як то чаҳор нафар ба ин бемории мусрӣ мубтало шудаанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, резиши барф дар ояндаи наздик дар назар нест.
Соли нави бебарф
Ҳарчанд сокинони шаҳри Душанбе ва дигар аз манотиқи Тоҷикистон интизор доштанд, ки Соли нави мелодиро бо барф истиқбол хоҳанд кард, аммо интизороти онҳо бидуни натиҷа анҷомид ва дар муддати ҳамакнун беш аз як моҳи фасли зимистон то ҳол аксарият дар муштоқи борону барфи лак -лакӣ ҳастанд. Агарчи муддати як ҳафтаи ахир аз субҳ ҳаво абрист, вале дар нимаи рӯз осмон софу офтобӣ мешавад.
Сокинони аксари манотиқи Тоҷикистон, ба хусус шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атроф, он қадар муштоқи резиши борону барф шудаанд, ки ба гуфтаи худашон, ин гуна вазъеро дар солҳои қабл надоштанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, маҳз набуди борону барф дар фасли тирамоҳ ва зимистони имсола мизони гирфторони бемориҳои мусрӣ, ба хусус зукоми маъмулӣ, ки дар миёни мардум ҳамчун грипп машҳур аст, ба маротиб зиёд кардааст.
Хурӯҷи бемории зуком
Аз Фирӯза, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, «аз грипп безор шудем. Касеро, ки аз дӯстон вонахӯрӣ, аз грипп менолад. Дар хонаи мо модарам бемор шуд ва ба дигарон сироят кард. Ҳамсояҳо, хешонамон ҳама ба грипп гирифторанд».
Аммо нигаронии сокинони деҳоти Тоҷикистон аз хурӯҷи бемории зуком ба маротиб бештар аст. Сокини ноҳияи Фархор Хаёлбек Қурбоналиев ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар хонаи мо 4-5 оила зиндагӣ мекунем. Дар ҳар оила 4-5 нафар грипп ҳаст ва барои кӯдакон вазнин аст. Чунки онҳо бетоқат мешаванд. Мӯйсафедон низ бемор. Умуман шароит вазнин. Доруву дармон фоида надорад.Танҳо табобати тоҷикӣ мекунем».
Ин дар ҳолест, ки масъулони вазорати тандурӯстии Тоҷикистон низ ба идомаи мавсими хурӯҷи бемории зуком дар миёни аҳолии кишвар таъкид мекунанд ва мегӯянд, ҳарчанд ин мавсим дар солҳои пеш аз моҳи октябр оғоз мешуд, имсол бошад аз охири моҳи ноябр шурӯъ шуда ва марҳалаи ниҳоӣ ва асосии он то моҳи март ва апрел идома хоҳад кард.
Эпидемиолог: «Ғизои сервитамин хӯред»
Ба гуфтаи масъулони ниҳодҳои беҳдоштии Тоҷикистон дар миёни аҳолӣ ҷиҳати пешгирии ин беморӣ иқдомоти фаҳмондадиҳиро рӯи даст доранд ва як моҳи пеш ба гурӯҳҳои алоҳидаи мардум эм гузаронида шудааст.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати эпидемиологии маркази беҳдоштӣ ва вогиршиносии вазорати тандурустӣ, ба хотири пешгирӣ ва рафъи ин беморӣ ба сокинон чунин маслиҳатеро ироа мекунад: «Умуман солимгардонии бадан бо истифода аз маводҳои серғизо ва сервитамин баъдан гашту гузор дар ҳавои кушод, зеро ҳоло кӯдакон дар хона ҳастанд, ҳатман зарур аст. Ҳавои тоза гирифтан даркор. Ҳамчунин сари вақт иваз кардани ҳавои хона ва истеъмоли маводҳои калориянок барои бардамии бадан».
Тибқи иттилои масъулони маркази беҳдоштӣ ва вогиршиносии вазорати тандурустӣ, дар як соли ахир беш аз 16 ҳазор аз аҳолии кишвар ба бемории зуком мубтало шудаанд. Ҳарчанд ба гуфтаи ин масъулон, соле пеш шумораи гирифторони бемории зуком беш аз 20 ҳазор нафарро ташкил додааст.
«Ҳайронем, чӣ мешуда бошад»
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати эпидемиологии Маркази беҳдоштӣ ва вогиршиносии вазорати тандурустӣ бар иловаи мавсимӣ будани сабаби хурӯҷи бемории зуком, наборидани барфу боронро аз иллатҳои аслии густариши ин беморӣ дар миёни аҳолии Тоҷикистон медонад.
Пайомади номатлуби беборониву бебарфӣ афзун бар саломати инсонҳо, ба фаъолияти кишоварзони тоҷик таъсири амиқ гузошта ва онҳоро дар ҷиҳати гирифтани ҳосили маҳсулоти ғалладона то ҷое ноумед сохтааст.
Ба гуфтаи Алимаҳмад Раҳмонов, сокини ноҳияи Хуросон, маҳз ба сабаби беборониву бебарфӣ кишти маҳсулоти ғалладона дар ҳоли нобудист. Ӯ гуфт: «Мо бисёр интизор доштем, ки тирамоҳ ва зимистон сербориш ва сербарф хоҳад омад. Лекин тирамоҳ низ гузашт, фасли зимистон низ як моҳаш рафт. Аз борону барф дараке нест. Кишти кардагиамон, гандум, нахуд, зиғер ва дигар маҳсулоти донагӣ пусида рафта истодааст. Аз сӯи дигар майнаву кабутару дигар паррандагон ин донаҳои киштшударо хӯрда рафтанд. Дар заминҳои мо оби каналу ариқ нест. Ҳама ба умеди барфу борон аст. Ҳайронем, чӣ мешуда бошад».
Чораандешии вазорати кишоварзӣ
Мақомоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон низ аз кишти маҳсулоти ғалладона дар заминҳои лалмӣ дар ташвиш ҳастанд. Ин аст, ки вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба манзури баррасии вазъияти ба амаломада гурӯҳи корӣ бо шумули олимону мутахассиони соҳа ташкил кардааст, ки бар иловаи таҳлилу тадқиқи ин мушкил, ба деҳқонон ва воҳидҳои кишоварзӣ маслиҳатҳои муфид хоҳад дод.
Шукрулло Раҳимназаров, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, мегӯяд: «Парвардигор кариму раҳим аст. Ин тарафашро осон меовардагист ва имрӯз то пагоҳ борону барф меборидагист. Агар борону барф шавад, Худо хоҳад, ҳама чиз нағз хоҳад шуд. Агар нашавад, корамон саҳл вазнин шуданаш мумкин. Ба ин маънӣ, ки ҳосил намешавад».
Пешгӯиҳои ҳавошиносон
Дар ҳамин ҳол бо он, ки аз зӯҳри рӯзи ҷумъа дар шаҳри Душанбе резиши ками борон ба мушоҳида расид, аммо ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, сардори маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, резиши борон зиёд давом нахоҳад кард ва эҳтимоли боридани барф то нимаи моҳи ҷорӣ хеле кам аст.
Ӯ гуфт: «Дар нимаи 8 январ ҳаво дар қисми зиёди Тоҷикистон ҳаво бебориш мешавад. Ба таърихи 9 ва 10 январ асосан ҳаво бебориш хоҳад буд. Баъди 11 январ дар натиҷаи дохил шудани мавҷҳое, ки аз тарафи ғарб ба сӯи Осиёи Миёна ҳаракат мекунанд, боиси боришот дар қисми зиёди ҷумҳурӣ мегардад. Дар рӯзҳои 12 ва 13 январ дар натиҷаи дохил шудани ҳавои сард эҳтимоли табдил ёфтани борон ба барф дар водиҳо вуҷуд дорад, лекин чунин эҳтимолият хеле кам аст. Чунки протсес хеле дур аст. Мушаххас кардани он ҳоло душвор аст».
Ба ин тартиб бар асоси пешгӯиҳои Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ҳарорати ҳаво барои чанд рӯзи оянда дар қаламрави кишвар шабона то 5 дараҷа сард ва рӯзона то 5 дараҷа гарм хоҳад шуд. Танҳо дар қаламрави вилояти Бадахшон ҳарорати ҳаво рӯзона 5-10 дараҷа ва шабона 13—18 дараҷа сард мешавад. Бархе аз сокинони Тоҷикистон мегӯянд, вазъи ҳавоеро, ки дар фасли тирамоҳ ва зимистони имсол мушоҳида кардаанд, муддати чанд даҳсолаи ахир надида будаанд.