Вай, ки бештар ба унвони Эшони Зайнулобиддини Нурободӣ шӯҳрат дорад, барои барангехтани кинаву хусумати мазҳабӣ ва даъват барои амал баровардани фаъолияти экстримистӣ муттаҳам дониста мешавад.
Баррасии парвандаи ҷиноии Зайнулобиддин Манноновро додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Анвар Аҳмадов дар даст дорад. Оқои Аҳмадов дар сӯҳбат ба “Озодӣ” гуфт: “Тибқи моддаи 198 -и кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои барангехтани кинаву хусумати мазҳабӣ ва бар асоси моддаи 307 барои даъват барои ба амал баровардани фаъолияти экстримистӣ Зайнулобиддин Маннонов муҳокима мешавад. Дар чаҳорчӯби муҳокима баёноти шоҳидон ва фикру назари мутаҳҳам шунида шудааст.”.
Аммо ба гуфтаи ҷаноби Аҳмадов, дар ҷараёни муҳокима нафари мутаҳҳам иттиҳомоти ворида дар баробари худро рад кардааст, ки мавқеи вай мавриди таҳлил қарор гирифта, ба он баҳои ҳуқуқӣ дода хоҳад шуд.
Зайнулобиддин Маннонов дар охири моҳи сентябри соли гузашта ба дунболи фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ ва даргириҳо дар дараи Камароби минтақаи шарқи Тоҷикистон боздошт шудааст.
Ин буд, ки Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, дар оғози моҳи октябри соли гузашта дар як нишасти матбуотӣ зимни таъйиди ин хабар гуфта буд, ки Эшони Зайнулобуддин ҳамроҳ бо чаҳор фарзандаш боздошт шуда ва таҳқиқоти муқаддамотӣ ҳамдастии ӯ бо гурӯҳҳои фаъол дар ноҳияи Раштро собит кардааст.
“Маннонов Зайнулобиддин, имомхатиби масҷиди ҷамоати “Самсолиқ” -и ноҳияи Нурообод таълимоти диниро дар Покистон гирифтааст. Имрӯз аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шудааст, ки бо гурӯҳҳои террористӣ алоқаи зич дорад. Ҳатто онҳоро аз нигоҳи маънавӣ ва ғайра дастгирӣ менамояд. Аз он ҷумла, чаҳор нафар аз фарзандони худи ин домулло аъзои гурӯҳҳои террористӣ мебошанд. Ба ғайр аз ин, боз се нафар аз хешу таборони нахздикаш - писарони бародаронаш ва дигарҳо аъзои ин гурӯҳҳо ҳастанд”,-афзуд оқои Салимзода.
Додситони кулли Тоҷикистон таъкид карда буд, ки таҳқиқи муқаддамотӣ мушаххас кардааст, ки Зайнулобиддин Маннонов дар манзили худ ба ҷавонон тарзи пешбурди фаъолиятҳои чирикиро дарс медодааст.
Вакили дифоъ ва пайвандони Зайнулобиддин Манноов аз изҳори назар дар робита ба парвандаи ҷиноии вай худдорӣ карда ва гуфтанд, ки танҳо пас аз эъломи ҳукми додгоҳ метавон сари он қазоват кард.
Аммо дар ҳоле ки мақомоти додситонӣ Зайнулобиддин Манноновро аз имомхатибони масҷиди ҷамоати “Самсолиқ” -и ноҳияи Нуробод медонанд ва ӯро дар барангехтани кинаву хусумати мазҳабӣ ва даъват барои амал баровардани фаъолияти экстримистӣ муттаҳам мемедонанд, афроди огоҳ мегӯянд, ки ин рӯҳонӣ дар тайи тақрибан даҳ соли гузашта ба далели маризӣ ҳамчунин рисолатеро бар дӯш надоштааст.
Ҳатто ба иттилои Ҳикматуллои Сайфуллозода, масъули маркази таҳлилии "Диалог", Эшони Зайнулобиддин дар минтақаи худ аз рӯҳониёни шинохта аст ва ҳаргиз ақидаи худро болои нафари дигаре таҳмил намекунад. Вай иттиҳомот алайҳи Эшони Зайнулобиддинро "ғараз"-е беш надонист.
“Ӯ ҳеҷ гоҳ таҳмили андешаи худро болои дигарон накардааст, ки мо бигӯем барангехтани низои мазҳабӣ аст. Танҳо ҳамине аст, ки гурӯҳҳои дигари нишаста ва ё намозхон пешниҳод кардаанд, ки намешавад чунин як кореро ба ин тарз анҷом бидиҳем, яъне намозро ба ракъатҳои камтар. Вай мухолифат накардааст. Агар инҷо барангехтани мазҳабӣ бошад дар мухолифат накардан, пас андеша бояд кард. Аммо дар қисмати даъват ба ҷиҳод, ҳар як инсоне, ки дар муқобили як хатар, дар муқобили як зишткорӣ, дар муқобили як фасод мухолифат мекунад ва кореро анҷом медиҳад, ин ҷиҳод аст”,-афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Анвар Аҳмадов, додраси Додгоҳи Олӣ мегӯяд, баррасии парванда дар ҳоли анҷомёбист ва аз эҳтимол дур нест, ки то охири ҳафтаи равон додгоҳ ҳукми Эшони Зайналобидинро содир кунад.