Мурод Ҳақназарови 23-сола ва Собир Ҷабборрови 47-сола, аз ҷумлаи 35 нафар қурбониёни таркиши "Домодедово" -и Маскав ҳастанд, ки яке зодаи ноҳияи Ҷиргатол ва дигаре аз шаҳри Душанбе буданд.
Дар фурудгоҳи Душанбе ҷасади онҳо ба пайвандонашон, ки мунтазири ин лаҳзаҳои шум буданд, супорида шуд. Ҳарчанд барои Худойназар Ҳақназаров, падари ягонаписар - Муроди ҷавонмарг ин лаҳзаҳо хеле мушкил буд, аммо танҳо ӯ ҳозир шуд, то бо хабарнигорон сӯҳбат кунад.
Ба гуфтаи вай, таваллуди Мурод дар 23 соли пеш хабаре хуше буд, ки шодии хонавода ҳадду канор надошт, аммо марги нобаҳангоми вай ва дур аз ватан дилҳои пур аз орзуву ҳавасро тира кард: "Мурод дар синни 43-солагии ман таваллдуд шудааст. Ман худам сағера калон шудам. Зеро дар ҳафтсолагӣ аз падару модар маҳрум шуда будам. Вақте ин таваллуд шуд, номашро Мурод гузоштам. Ба хотири он ки ба муродам расидам ва дар қирғизҳо ин ном маънии табаррук дорад. Мо ба муродамон расидем, лекин ин писар ба Русия рафт ва ин ҳодиса шуд, вай ба муродаш нарасид. Орузи вай чӣ буд? Мехост, зан гирад, фарзандор шавад, мо наберадор бошему набераро сари китф кунем. Лекин сад ҳайф ки аз ҳама мондем".
Худойназар Ҳақназаров мегӯяд, хабари таркиш дар фурӯдгоҳи "Домодедово"-и Маскав ва фалокати ба сари фарзандаш омадаро аз забони сардори пулиси ноҳияашон шунидааст. Вай бо он ки марги писарашро мусибати бузурге медонад, вале ҳамзамон аз мақомоти Русия ва Тоҷикистон дар ҷиҳати интиқоли ҷасади фарзандаш изҳори миннатдорӣ мекунад. Зеро ба андешаи вай дар як фурсати кӯтоҳ оварда шудани ҷасадҳо аз Маскав ба Душанбе кори саҳле набуд.
Ин дар ҳолест, ки аз нахустин рӯзи вуқӯи таркиш дар "Домодедово", мақомоти Тоҷикистон, ба хусус сафорати ин кишвар дар Маскав ситоди вижае созмон дода ва бо мақомоти Русия ҳамкориро ба роҳ мондаанд. Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Маскав низ захмиёни тоҷикро аёдат кард.
Ҳамакнун мақомоти баландпояи Русия, бахусус сарвазир Владимир Путин, эълом кард, ки ба хонаводаҳои қурбониён кумаки молӣ расонда хоҳад шуд.
Аммо ҳукумати Тоҷикистон ба шаҳрвандонаш, ки дар ин ҳодиса қурбон шуданд ва ё захм бардоштаанд кумак хоҳад кард ё хайр?
Давлат Назриев, сухангӯи вазорати хориҷии Тоҷикистон дар посухи ин суол гуфт, "албатта, ҳодисае, ки шуд, касе онро интизор набуд ва ҳеҷ кас намехост ин тавр шавад. Аммо ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ то ҳаде, ки имкон дорад ба хонаводаҳои осебдидагон ва қурбониёни таркиши кӯмак мерасонад."
Ҳамчунин ба гуфтаи Назриев ба афроди захмӣ дар бемористонҳои Маскав кумакҳо тавассути сафорати Тоҷикистон расонад мешавад ва дар ҳар беморхона шахсони масъул вазифадор шудаанд.
Албатта, он чи дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон роиҷ аст, ин аст, ки ҷамоатҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ ба ҳангоми мусибат ба хонаводаи азодор кӯмаки молӣ ва маънавӣ мерасонанд. Барои афроди маюб дар Тоҷикистон низ нафақа таъйин шудааст. Аммо афроде, ки дар ҳодисаҳои нохуш ва ҳамлаҳои терористӣ, хосса дар берун аз кишвар захмӣ мешаванд, то ҳол дар заминаи нафақаи онҳо санаде вуҷуд надорад.
Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия теъдоди шаҳрвандони захмии тоҷик бар асари таркиши "Домодедово" -и шаҳри Маскав ба 19 нафар расидааст.
Тафсилоти бештар дар ин ҷост:
Ба қурбониёни тоҷики "Домодедово" кӯмаке мешавад?
Аёдати сафири тоҷик аз захмиёни "Домодедово"
Тадобири шадиди амниятӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон
Русия дар ҷустуҷӯи бомбгузорони "Домодедово"
Ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 13 нафар захмӣ шудааст