Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Назаров бо Wikileaks мувофиқ аст


Абдулло Назаров
Абдулло Назаров

Генерал Абдулло Назаров сӯҳбаташ бо намояндаи сафорати Амрико дар робита ба ҳодисаҳои Тавилдараро таъйид кард.

Вай гуфт, мулоқоташ бо масъули бахши сиёсии сафорати Амрико дар Тоҷикистон замони муовини раҳбари Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон буданаш, дар Душанбе сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи генерали тоҷик, дар ин дидор атрофи ҳаводиси Тавилдара, ширкати пайравони "Ҷамоати таблиғ" ва дигар гурӯҳҳои мазҳабӣ дар ин ҳаводис, қонуни нави дини Тоҷикистон ва манъи таҳсили ҷавонони тоҷик дар мадрасаву донишкадаҳои мазҳабии кишварҳои исломӣ сӯҳбат шудааст.

Ҷаноби Назаров афзуд, дар гуфтугӯ ба интиқоди гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ба бархӯрди шадиди мақомоти Тоҷикистон бо пайравони "Ҷамоати таблиғ" ҳам ишора карда, гуфтааст, "агар давлат чунин бархӯрд намекард, Тоҷикистон шояд ба як Кашмири дигар табдил меёфт."
Ҳама гурӯҳҳои мазҳабиеро, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, мо таҳти низом даровардаем ва раҳбари давлат дар сари ҳамин сиёсат аст...


Дар сӯҳбате, ки бо Абдулло Назаров, сардори Раёсати кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон, доштем, аз ӯ пурсидем, ки кадом пораи он сӯҳбат аз гузориши дипломати амрикоӣ ба вазорати умури хориҷӣ берун мондааст:

Абдулло Назаров: Гуфта будам, ки Тоҷикистон Амрико нест. Демократияи Амрико таърихи дусадсола дорад. Аммо дар Шарқ агар гурӯҳҳои диниву мазҳабиро танзим накуниву давлат аз болои онҳо назорат набарад, оқибат онҳо гӯркоби ҳамин давлат мешаванд.

Инро ба он хотир гуфтам, то амрикоиҳо фаҳманд, ки Тоҷикистон давлатест манфиатҳои худро ҳимоя карда метавонад ва агар Тоҷикистон дар ин робита ягон қадам гузорад, бояд давлатҳои абарқудрат дастгирӣ кунанд. Ин ба манфиати демократия аст, на ба манфиати иртиҷоъ ва деспотизм. Ин барои саркӯб кардани нерӯҳоест, ки мехоҳанд дар дунё истибдод бошад. Ана, бубинед, дар Миср чӣ шуд? Бародарони мусалмон - "Ихвон-ул-муслимин" худро нишон доданд? Мо намехоҳем, ки дар Тоҷикистон чунин ҳодиса рух бидиҳад.



Мехоҳем, ки баъд аз паси сар кардани ин қадар мушкилиҳо давлати мо ором бошад, мардумаш осуда зиндагӣ кунанд ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ ба хотири манфиатҳои хусусии худашон ва барои сари қудрат омадан динро "дастак" накунанд. Зери парда ё ниқоби дин амал накунанд. Мо хуб медонем, ки онҳо кӣ ҳастанд.

Он чӣ ки мо гуфтем, Викиликс як қисмашро нашр кардааст, дар асл дуруст аст. Ҳама гурӯҳҳои мазҳабиеро, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, мо таҳти низом даровардаем ва раҳбари давлат дар сари ҳамин сиёсат аст. Бори дигар такрор мекунам, ки мехоҳем дар кишвар оромӣ бошад, мову шумо нотинҷиро аллакай дидем.

Суол: Дар зимн, дар матлаби Викиликс ишора шудааст, ки шумо ва дипломати амрикоӣ дар бораи паёмадҳои таҳсили ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои кишварҳои исломӣ ҳам сӯҳбат кардаед...

Абдулло Назаров: Бештари онҳо дар мактабу мадрасаҳои ифротгароиву иртиҷоӣ мехонанд, дар мактабҳое, ки сиёсати зиддидемократияву зиддиамрикоиро тарғиб мекунанд. Дар мактабу мадрасаҳои Зоҳидону Покистону дигар кишварҳо. Инро ҳам гуфтем. Хуб шуд, ки ҳамаи онҳоро даъват карда оварданд, акнун онҳоро дар ҳамин ҷо тарбия мекунем.
Ин гурӯҳҳо мехостанд пули миёни Тоҷикистону Афғонистонро, ки амрикоиҳо сохта буданд, битарконанд...


Суол: Як нуктаи дигаре, ки дар матлаби Викиликс омадааст дар бораи аз сӯи раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон Тоҳир Юлдош ба кӯмаки ҷангиёни Тавилдара фиристодани 5 ҷангии дигар ва боздошт шудани онҳо дар марзи Дарвоз аст. Оё ин гурӯҳ воқеан мехост, ки дар назди бинои сафорати Амрико дар Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ анҷом диҳад?

Абдулло Назаров: Бубинед, онҳо аз Афғонистон бо худ маводи тарканда оварда буданд ва ҳадафашон ҳамин буд, ки дар назди сафорати Амрико дар Душанбе таркиш ба амал оваранд ва бигӯянд, ки Тоҷикистон ноором аст ва ҳукуматаш мухолифи сиёсати Амрикову амрикоиҳост. Ҳамин корро карданӣ буданд, вале мо аз ин ҳодиса ҷилавгирӣ ва онҳоро боздошт намудем.

Ин гурӯҳҳо, рости гап, пули сохтаи амрикоиҳо миёни Тоҷикистону Афғонистонро низ мехостанд тарконанд. Аммо мақомоти қудратӣ онҳоро боздошт ва ҳабс карданд.
XS
SM
MD
LG