Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пиронсолон - осебпазиртарин қишри ҷомеа


Бар пояи як гузориш, тайи солҳои ахир насли бузургсоли Тоҷикистон бештар аз ҳама аз бесуботии сиёсӣ, бӯҳрони хадамоти тиббиву иҷтимоӣ ва коҳиши даромади номуназзам осеб дидааст.

Тибқи ин гузориш, аз соли 1989 то 2008 маргумири афроди аз синни 60 боло якуним маротиба афзуда, солона аз 12, 5 ҳазор нафар то 18, 5 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Ин гузориш аз сӯи Маркази гентерологии Осиёи Марказӣ бо супориши Департаменти иқтисоду иҷтимоъи Котиботи СММ (UNDESA) ва дастгирии машваратии Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатиҷумҳур ва вазорати шуғлу ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон таҳти унвони «Таҳқиқи миллии пиршавии аҳолӣ дар Тоҷикистон» ба Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

Саодат Камолова, директори маркази гернонтологии Осиёи Марказӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон раванди башиддат пиршавии ҷомиа мушоҳида мешавад. Вай афзуд, ин ҳам дар ҳоле, ки аксари афроди аз 60-сола боло ҳанӯз нерӯ ва таҷрибаи кофии кор дар ҷомиаро доранд, аммо майдони онҳо рӯз ба рӯз танг мешавад:

«Онҳо дар ҳолати «шоки истеъфо» меафтанд, зеро ин яке аз синҳои қобили меҳнат аст. Одамон дониши бисёр, таҷрибаи бой доранд ва мехоҳанд кор кунанд, аммо маҷбуранд ба нафақа раванд. Ва кор ин рангро мегирад, ки бо гирифтани 400 сомонӣ нафақапулӣ онҳо ба гурӯҳи аз лиҳози иҷтимоӣ осебпаризир ворид мешаванд, зеро мо дар шароити бозор ба сар мебарем ва нархҳо хеле гаронанд»

Хонум Камолова мегӯяд, афроди бузургсол баробари ба нафақа баромадан дар инзивои иҷтимоӣ қарор мегиранд, ҷои рафтанашон нест, ба кор намераванд, батадриҷ атрофиён ва дӯстони худро аз даст медиҳанд, гузашта аз ин, гӯё бори дӯши хонавода мешаванд. Вай афзуд, маҳфилҳои мулоқот, марокизи захиравӣ ва шӯрои калонсолон бояд ташкил шаванд, то донишу таҷрибаи онҳо барои беҳбуди рӯзгори ҷомиа истифода шавад. Хонум Камолова гуфт, ин шароит барои ҳамаи калонсолон дар Тоҷикистон вуҷуд надоранд ва ҳатто яке аз марокизи маъруфи мулоқоти пиронсолон дар шаҳри Душанбе чойхонаи «Роҳат» ҳоло ба тарабхона табдил ёфтааст.

Маркази геронтологии Осиёи Марказӣ баъд аз мавориди пурсиш қарор додани 705 солманд дар саросари Тоҷикистон ба хулосае расидааст, ки аз «шоки истеъфо», 30% амиқан азият мекашанд, 37% муросо мекунанд ва 33% ҷиддӣ намегиранд. Тибқи ин таҳқиқ, 70% пурсидашудагон аз 60 то 90 сомонӣ, 20 дарасад - 135 сомонӣ, 34% -175 сомонӣ ва 1,7% беш аз 300 сомонӣ нафақа мегиранд, ки 48% - и онҳо ҳадди ақалли маводи ғизоъ, 39% маводи арзони ғизоъ, 41% - доруворӣ ва танҳо 5,7% дарсад сарулибос харидорӣ мекунанд. Танҳо 1,8% - и солмандон гуфтаанд, ки аз мақоми бознишастагӣ қаноатманданд. 75% дарсади онҳо гуфтаанд, ки дар навбати аввал ба маводи ғизо, 15% ба доруворӣ ва 2,5% ба кӯмаки иҷтимоӣ ва дастгирии маънавӣ эҳтиёҷ доранд. 43% онҳо гуфтаанд, ки аз наздиконашон кӯмак мегиранд ва 47% аз касе кӯмак дарёфт намекунанд. 11% пурсидашудагон гуфтаанд, ки ба хушунати ҷисмонӣ, равонӣ ва иқтисодӣ дар оила гирифторанд.

Ивар Вики, сафири САҲА дар Тоҷикистон аз ин таҳқиқ пуштибонӣ карда, гуфт, ҳуқуқи солмандон дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар қиёс бо кишварҳои дигар ба таври бояду шояд ҳимоят намешавад:

«Солмандон дар умум ҳамеша дар охири навбат, ё хориҷ аз навбат меистанд. Онҳо қишреанд, ки «ошӯбгар нестанд», заъифанд, дар кӯчаҳо бо мушт «сӯҳбат намекунанд». Аммо ба насли миёнсол зиёд эътибор дода мешавад. Мо баъзан солмандонро фаромӯш мекунем. Зеро бештар ба онҳое эътибор медиҳем, ки баландтар садо мебароранд»

Дар ҳамин ҳол, Тоҳир Раҷабов, мудири шӯъбаи иқтисодиёти Маҷлиси Миллии Тоҷикистон мегӯяд, оморе, ки гузориши Маркази геронтологии Осиёи Марказӣ пешниҳод мекунад, таҳқиқ мехоҳад:

«Агар ин таҳлил бо таҳқиқоти хуби оморӣ мустаҳкам карда шавад, ки дақиқ шудаанд. Маро бубахшед, омор чизи хуб аст, аммо тасдиқ низ мехоҳад. Зеро таҳқиқе, ки дар сатҳи 700 нафар гузаронида шудааст, ба мо хулосаҳои фарогир ва ин гуна хираву торикро дода наметавонад»

Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон ҳоло 130 ҳазор солманд, ба шумули 56 ҳазор мард ва 74 ҳазор зан ба сар мебаранд. Дар даврони истиқлолият теъдоди хона интернатҳо барои солхӯрдагони бесаробон аз 3 адади даврони шӯравӣ ба 20 адад афзудааст. Теъдоди онҳо 1500 нафар аст ва ба ҳар бошанда давлат солона 834 сомонӣ ихтисос додааст.

Эмин Сангинов, муовини аввали вазири шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, барои фаро гирифтани бақия солмандон барномаҳое рӯи даст гирифта шудаанд. Вай гуфт, аксари фарзандон аз супоридани волидайн ба хона -интернатҳо шарм мекунанд ва аз ин хотир барои онҳо марказҳои рӯзона боз хоҳанд шуд:

«Ҳозир 8 марказҳои будубоши рӯзона, 4 тоаш барои солмандонро бо дастгирии Комиссияи Аврупо ташкил додем. Дар тамоми кишвар ин корро карданием. Хона-интернатҳо афзалият нестанд, ин марказҳоро мо муҳимтар мешуморем»


Мақомоти давлатӣ бар зарурати қонуни вижа дар бораи солмандон таъкид мекунанд. Созмонҳои ҷамъиятӣ бар Стратегияи миллии пиршавӣ таъкид мекунанд. Ба қавли онҳо, раванди пиршавӣ дар Тоҷикистон ба далели афзоиши теъдоди солмандон ва афзоиши мушкилоти муҳитизистӣ ва сатҳу сифати зиндагӣ ташдид хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG