Тайи даргириҳои тобистону тирамоҳи соли гузашта бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар шарқи ин кишвар, 31 афсару сарбози вазорати дифои Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.
Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон бо зикри ин омор дар маросими таҷлил аз 18- умин солгарди ташкилёбии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гуфт, бо ин вуҷуд, амалиёти моҳҳои ахир бори дигар нерӯмандии артиши ин кишварро собит сохт: «Ин ҳаводис собит кард, ки артиши ҷавони Тоҷикистон метавонад бо хатароти терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлубе, ки ба ҳаёту осоиштагии мардум таҳдид доранд, муқовимат кунад.»
Вазири дифоъ 18- солагии артиши кишварро «синни балоғат» унвон кард.
Мақомот мегӯянд, артиши миллии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 фаъолиятро аз сифр оғоз кардааст. Аз ҳавзаи низомии Туркистони Шӯравӣ, ки Тоҷикистонро низ дарбар мегирифт, ба Тоҷикистон ба ҷуз чанд техникаи фарсуда чизи дигаре нарасидааст.
Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ки дар маросими таҷлили 18 -умин солгарди ташкили нерӯҳои мусаллаҳи кишвар сӯҳбат мекард, гуфт: «Ҳарчанд артиши миллии мо дар вазъияти вазнини иқтисодиву сиёсии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи роҳандозии тадобири мунтазам андешидаи ҳукумати кишвар марҳала ба марҳала устувору қавӣ гашт. Имрӯз бо мутахассисони таҷрибадор ва техникаи муосир таъмин аст.»
Артиши миллии Тоҷикистон бар пояи Фронти халқӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷонибдори ҳукумат бо фармони раиси вақти Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташкил шуд. Соли 1997 баъд аз Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷузву томҳои низомии мухолифини ҳукумати Тоҷикистон низ вориди артиши миллӣ шуданд.
Ҳоло артиши Тоҷикистон аз се навъи нерӯ- хушкигард, зудамал, ҳарбӣ- ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ иборат аст ва ҳудудан 12 ҳазор нафарро дарбар мегиранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки кишварҳои ҳамсоя Ӯзбакистон ва Афғонистон беш аз 70 ҳазор сарбоз доранд.
Юнусҷон Муродов, сарвари шӯъбаи даъват ва пуррагардонии ҳайати шахсии Ситоди Кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мегӯяд, ба афзоиши аз ин беши нерӯ дар артиши Тоҷикистон ҳунӯз зарурат пеш наомадааст:
«Дар шароити имрӯза он навъи нерӯҳое, ки мо дорем, ба талаботу шароити имрӯза ҷавобгӯ ҳастанд. Аммо агар лозим ояд онҳо боз эҷод мешаванд. Ин аз заруратҳо ва имкониятҳои моливии кишвари мо вобаста аст.»
Мақомот дар бораи хароҷоти низомии Тоҷикистон ба далели махфӣ будани иттилоъ сӯҳбат накарданд. Аммо ба гуфтаи расонаҳо, ҳоло Тоҷикистон солона барои артишаш беш аз 60 миллион доллари амрикоӣ тахсис додааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки кишвари ҳамсояаш Узбекистон беш аз 1 миллиард хароҷоти низомӣ дорад.
Тибқи иттилои Пажӯҳишгоҳи бритониёии The Military Balance, дар соли 2010 қисмҳои пиёдагарди артиши Тоҷикистон 130 тонку мошинҳои низомӣ ва дигар техникаи низомӣ дар ихтиёр доштаанд, ки ҳамагӣ моли Иттиҳоди Шӯравиянд. Аз ҳудуди 40 техникаи зидди ҳавоӣ ва ҳавоӣ, танҳо як Stinger FIM-92 сохти Амрико будааст, ки ба қавли бархе манобеъ, ҳамон ҳам ҳангоми амалиёте алайҳи нерӯҳои мухолифини ҳукумат баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ба даст омадааст. Аз 13 чархболи вазорати дифои Тоҷикистон 6-уми октябри соли гузашта яке дар водии Рашт нобуд шудааст.
Коршиносон мегӯянд, аксари афсарони вазорати дифоъи Тоҷикистон хатмкардаҳои макотиби олии низомии Русия ҳастанд. Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ мегӯяд, ҳоло дар донишгоҳҳои Русия - 310, Қазоқистон - 14, Чин - 30 ва Ҳиндустон - 40 фиристодаи ин вазорат таҳсил мекунанд ва афсарон ба ҷуз Чину Русия ва Ҳинд, дар Канада, Британия, Олмон, Фаронса ва Амрико такмили касб мекунанд.
Коршиносон мегӯянд, тақвияти артиши Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир яке аз масъалаҳои аслӣ барои ҳифз кардани истиқлолият ва тамомияти арзии ин кишвар аст.
Амруллои Собир, коршинос дар умури низомӣ мегӯяд: «Дар мо ҳамеша бузургии миллатро дар адабиёту илм мебинанд. Ин андешаи хатост. Мо бояд артиш бисозем. Ҳадди ақал он ҷое, ки тоҷикон нуфуз доранд, моро бояд эътироф кунанд ва сари онҳо таъсир дошта бошем. Дар дунёи имрӯз чӣ қадар сарҳад доштан ҳанӯз кофӣ нест. Қудратмандӣ ин техника ва мутахассисони варзида доштан аст. Ҳар давлате, ки онҳоро дорад, қудратманд аст.»
Қаблан иддае бар ин назар буданд, ки Тоҷикистон ба артиш ниёз надорад ва бояд як кишвари бетараф бошад. Аммо оқои Собир гуфт, дар ҳамсоягӣ бо Афғонистони ноамн ва Ӯзбакистони мухолиф бо тарҳҳои сарнавиштсози энержӣ, баръакс бояд як артиши қавие ба миён ояд.
Аммо ба қавли коршиносон, артиши Тоҷикистон қабл аз ҳама ба назму суботи дохилӣ ва пуштибонии мардум эҳтиёҷ дорад. Дар ин кишвар, ки хизмати низомӣ барои ҳар нафар ҳатмист, на ҳама хоҳиши адои хизмат дар сафҳои артишро доранд, ба он далел, ки тартибу низом ба дараҷаи кофӣ таъмин нест ва меҳтарсолориву вазъи бади иқтисодӣ дар артиш ҳукмронанд. Аз ин хотир, ҷавонон бештар мекӯшанд ба Русия фирор кунанд ё ба ягон донишгоҳ дохил шаванд. Ҷалби ҷавонон ба артиш гоҳо бо усули иҷбории миёни мардум маъруф бо «облава» низ сурат мегирад, ки дар борааш расонаҳои кишвар зиёд навиштаанд.
Аммо Шукрулло, хатмкардаи Донишгоҳи забонҳо ва ҳоло сарбози вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, ихтиёрӣ ба хизмати ватан омадааст. Вазъ дар артишро ӯ ин гуна тасвир кард: «Сарбозӣ бо мурури замон сода мешавад. Ягон мушкиле, ки дар борааш мегӯянд, рафти хизматро халалдор намекунад. Хӯроку пӯшокамон хуб аст. Мушкиле надорем.»
Аммо як сарбоз, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, хизмат дар артиши Тоҷикистонро тоқатпазир аст.
Юнусҷон Муродов, сарвари шӯъбаи даъват ва такмили ҳайати шахсии Ситоди Кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сарусадоҳо дар бораи коҳиши хоҳиши ҷавонон барои хизмат дар артишро баъд аз ноамниҳои соли гузашта такзиб карда, гуфт, дар даъвати тирамоҳие, ки ахиран бомуваффақият ба анҷом расид, касе ин далелро пеш наовардааст.