Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандони Тоҷикистон Либияро тарк мекунанд


Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира мегӯяд, 15 тан аз донишҷӯёни тоҷик аз Либия берун шуда, ба Киев рафтаанд.

Дар ин бора консули сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира Музаффар Муҳаммадӣ хабар дод.

Ба навиштаи расонаҳои Украина низ ҳавопаймои Вазорати дифоъ рӯзи 26-уми феврал дар қатори 122 шаҳрванди ин кишвар, 15 шаҳрванди Тоҷикистон, 31 шаҳрванди Узбакистон, 7 шаҳрванди Русияро овардаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира мегӯяд, 5 нафар аз шаҳрвандони бозгашта донишҷӯёни Донишгоҳи исломии "Ад-Даъва", 8 нафар донишҷӯи Донишгоҳи "Ал-Фотеҳ" ва 1 нафар коргари ширкат будаанд.

Ба қавли масъулони ин сафорат, бозгаштагон аз тарафи намояндагони Тоҷикистон дар Киев пазироӣ шуда, тавассути роҳи оҳан ба Маскав ва аз он ҷо ба Душанбе фиристода хоҳанд шуд.

Имрӯз, 27-уми феврал, низ ду тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия фиристода шуда, қарор аст, 1 нафари дигар ба зудтарин фурсат ба Маскав интиқол ёбад.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира мегӯяд, 6 нафари дигар дар Либия боқимонда, аз бозгашт ба ватан худдорӣ варзидаанд.



Ба гуфтаи Музаффар Муҳаммадӣ, консули сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира, як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзе қабл ба Миср омада ва бо ҳамсари худ, ки шаҳрванди Сингапур будааст, ба он кишвар рафтааст.

Ин масъули сафорат афзуд, аммо онҳо натавонистаанд бо он тоҷиконе, ки дар Бенғозӣ ҳастанд, тамос бигиранд.

Тоҷикистон дар Либия намояндагии расмӣ надорад ва ин вазифаро ҳоло сафорати Тоҷикистон дар Миср анҷом медиҳад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, расман дар бораи ҳузур ва таҳсили 21 шаҳвранди Тоҷикистон дар Либия хабар доранд, ки қисмати аслии онҳо донишҷӯёни донишгоҳи исломии "Ад-Даъва" ҳастанд.

Дар пайи даргириҳои хунини ҷонибдорон ва мухолифони Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия, мақомоти Тоҷикистон аз ҳукумати Русия барои берун овардани шаҳрвандони худ кӯмак хоста буданд.

XS
SM
MD
LG