Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи ин кумита ба Радиои Озодӣ гуфт, ин амали террористӣ буд ва парванда аз рӯи моддаи 179 қисми 1-ии Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оғоз шудааст: «Ин модда роҳандозии амали террористӣ ва дигар омоли барои амнияти мардум вазнин, аз ҷумла сӯхтору тахрибкориҳои барқасдона ва дар ин маврид ба вуҷуд овардани таркишро дар назар дорад.»
Субҳи 8-уми март, дар назди тарабхонаи «Лесная сказка», воқеъ дар маҳаллаи 82 шаҳри Душанбе таркише рух дод, ки дар натиҷа як наврас ҷароҳати сабук бардошт ва ба қавли шоҳидон, шишаҳои биноҳои ҳамшафат низ фурӯ пошиданд. Сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар назди тарабхона як маводи дастсохт таркидааст, ки нерӯяш тақрибан 50 грам тротилро ташкил медиҳад. Нозирҷон Бӯриев гуфт, кормандони амният чандин фарзияро дар ихтиёр доранд, аммо ба хотири тафтишот аз эълон кардани онҳо худдорӣ мекунанд.
МУХОЛИФАТИ ГУРӮҲҲОИ ҶИНОӢ?
Ин аввалин таркиш дар пойтахти Тоҷикистон дар соли равон аст, ки аз сӯи мақомот амали террористӣ унвон мешавад. Охирин таркиш моҳи сентябри соли гузашта дар тарабхонаи «Дӯстӣ» ба вуқӯъ пайваста буд, ки чор нафар ҷароҳати сабук бардоштанд, аммо мақомот онро «амали авбошона» унвон доданд.
Умдатан дар баррасиҳои коршиносон ҳадафи ин гуна таркишҳо ноамн кардани вазъи кишвар арзёбӣ мешавад. Аммо иддае аз коршиносон бар инанд, ки ҳамчунин таркиш дар назди як тарабхонаи маъруф ва бо ин мавқеияти барои тиҷорат мусоид, аз мухолифатҳо миёни гурӯҳҳои ҷиноӣ маншаъ мегирад, ки бо тиҷорат рабт доранд.
Зафар Абдуллоев, коршинос дар умури сиёсӣ бар ин аст, ки ин таркиш нисбати он, ки сиёсӣ бошад, бештар хусусияти маишӣ дорад. Вай афзуд: «Як амали ҷиддии сиёсӣ ё эҷодгари ҳарос дар ҷомиа будани амали террористӣ он гаҳ имкон дорад, ки онро як нерӯ ба амал меорад ва дар ин маврид изҳор медорад. То он даме, ки як таркиши қавӣ ба вуқӯъ намепайвандад ва ҳам нерӯи қудратманде онро ба зимма гирифта, далели ин амалашро шарҳ намедиҳад, ин таркишҳо маъние нахоҳанд дошт. Таркиши мазкур, ба назарам, кирои сухан ҳам намекунад.»
КОРШИНОС: ҲАДАФ НОАМН КАРДАНИ ВАЗЪ АСТ
Аммо Амруллои Собир, коршинос дар умури амниятӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон ба далели он, ки як кишвари қашшоқ асту сатҳи бекорӣ боло меравад ва гурӯҳҳои тундгаро фаъол мешаванд, нодида гирифтани хурдтарин ҷузъиёт дар роҳи ноамнии кишвар иштибоҳи бузург аст. Вай гуфт, ҳамоно фарзияи аввалин ноамн кардани вазъ дар Тоҷикистон хоҳад буд: «Муддати ҳафт моҳ аст, ки дар шарқи Тоҷикистон алайҳи гурӯҳҳои тундгаро мубориза идома дорад. Як идда гурӯҳҳо, аз қабили гурӯҳи Алии Бедакӣ, сарнагун шуданд. Аммо гурӯҳи Мулло Абдулло мондааст, ки ҷонибдор ҳам дорад. Ин гуна таркишҳо кори ин гурӯҳҳост, то паём диҳанд, ки ҳастанд. Ин гуна корҳо воқеан кишварро ноамн мекунанд.»
Оқои Собир афзуд, интихоби сана - 8-уми март -Рӯзи модарон ва соати таркиш, 8-и субҳро дастандаркорон беҳуда интихоб накардаанд. Ба қавли ӯ, маҳз дар ин рӯз мардуми зиёд мехоҳанд ба кӯча бароянд ва хабари таркиш онҳоро нороҳат мекард ва аз тасмимашон бармегардонд.
Зимнан, таркиши рӯзи 8-уми март ҳангоми дар хориҷи кишвар қарор доштани раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон рух додааст.
Коршиносон инро тасодуф унвон карданд. Аммо мақомот мегӯянд, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ нерӯе қудрати баҳам задани вазъ дар Тоҷикистонро надорад ва ҳукумат комилан вазъиятро таҳти назорат қарор додааст.