Ба қавли нуҷумшиносони Тоҷикистон, дар ин субҳ рӯзи нави солшумории хуршедӣ, яъне нахустин рӯзи моҳи фарвардин, ки ба 21-уми март мусодиф аст, оғоз ёфт.
Хурсанд Ибоддинов, мудири Пажӯҳишгоҳи кайҳоншиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, дар як маҳфил ба муносибати таҷлили Наврӯз дар ҳузури олимону донишмандону кишварҳои Эрону Ағонистону Тоҷикистон муждаи лаҳзаи фарорасии рӯзи навро бар асоси улуми астрономӣ ва тақвим чунин шарҳ дод:
"Бар асоси тақвими григориании ҳозира баробаршавии шабу рӯз дар Тоҷикистон дар соати 04:21 дақиқаи субҳи рӯзи 21-уми март фаро мерасад, ки ин маънои оғоз шудани рӯзи нав, яъне фаро расидани Наврӯз дар Тоҷикистон мебошад."
Агар содатар бигӯем, замин ҳангоми як давр задан дар меҳвари худ ва хуршед, ба қутби худ наздик мешавад ва ҳолате пеш меояд, ки рехтани нурҳои гармибахши офтоб ба замин шурӯъ гардида, шабу рӯзи баҳорӣ баробар ва рӯзи нав оғоз меёбад.
Чуноне ки маълум аст, дар Тоҷикистону Эрон ва Афғонистону дигар кишварҳои қаламрави Наврӯз рӯзи нав ҳамчун оғози кишту кор чун иди бузург таҷлил карда мешавад. Дар Эрон солшуморӣ бар асоси ҳамин тақвим сурат мегирад.
"НАВРӮЗ" "СОЛИ НАВ" МЕШАВАД?
Аммо ҳанӯз дар Тоҷикистон вақту соати истиқболи лаҳзаи ворид шудани Наврӯз бар асоси як барномаи мушаххас, чун истиқболи соли нави масеҳӣ дар соати 12-и шаб дақиқ карда нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо зиёиён рӯзи 19-уми март мардуми кишварро барои истиқболи Наврӯз даъват намуд ва гуфт, ки шоми якшанбе, 20-уми март, дар майдони марказии Душанбе дар пояи муҷасамаи Исмоили Сомонӣ як барномаи васеи консертӣ баргузор карда мешавад.
Вай афзуд, "дар назди муҷассамаи Сомонӣ дар соати 21:00 шом барномаи консертӣ баргузор карда мешавад ва то соати 12:00 идома мекунад. Бо ҳам Наврӯзро истиқбол мекунем ва ба кишвар ворид мекунем. Марҳамат, бо фарзандону наберагон биёед, ширкат кунед, хурсандӣ кунед."
Дар ҳоли ҳозир як қатор рӯшанфикрон ва таърихдонони Тоҷикистон чуноне дар васоити ахбори умуми маҳаллӣ пешниҳод кардаанд, мегӯянд, ки ба ҷои солшумории мелодӣ солшумории хуршедӣ пазируфта ва аз якуми фарвардин таърихи кишвар дунбол карда шавад.
Аммо ниҳодҳои фарҳангии Тоҷикистон дар робита ба ин пешниҳод хомӯшанд ва мақомоти ҳукумат низ вокунише нишон надодаанд.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19-уми март мардуми кишварро барои истиқболи Наврӯз даъват намуд ва гуфт, ки шоми якшанбе, 20-уми март, дар майдони марказии Душанбе дар пояи муҷасамаи Исмоили Сомонӣ як барномаи васеи консертӣ баргузор карда мешавад...