Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сол пас аз сели Кӯлоб


Селбибӣ ё Селовар, лақаби тифлест, ки ҳангоми сели пурқурбонии шаҳри Кӯлоб дар 7-уми майи соли гузашта ба дунё омадааст.

Ӯро "фарзанди сел" ҳам ном мебаранд. Волидайни ин тифл, яксолагии ӯро бо ёддоварӣ аз хотироти сели пурқурбонӣ ҷашн мегиранд.

«ФАРЗАНДИ СЕЛ»

Гулчеҳра Раҷабова, модари ин тифл мегӯяд, ба хотире, ки бо раҳми Худо ӯву тифлаш аз чанги сел раҳо ёфтанд, расман номи навзодро Раҳмия гузоштаанд, вале атрофиён ӯро бо номҳои Селбибиву Селовар нидо карда номи аслияшро касе намедонад.

"Селбибӣ" бо модараш
Ӯ мегӯяд: «Худо дар насибамон марг набудааст. Бо азоб аз даруни сел наҷот ёфтем ва ҳамин кӯдак таваллуд шуд. Чилрӯзагии кӯдакро дар хонаи мардуму зери хайма гузарондем. Ҳозир сиҳату саломат аст ва нав раҳгардон шудааст. Дигар ҳамсояҳову хешу табор Селбибву Селовару Селовардааш мегӯянд, номи асосиашро намегӯянд. Кӯдакон шухӣ мекунанд, ки инро аз даруни сел ёфтаанд.»

ХОТИРАҲОИ АЛАМАНГЕЗИ СЕЛИ КӮЛОБ


Дар паи офати табиии соли гузашта дар шаҳри Кӯлоб, беш аз якуним ҳазор манзили зист хароб шуда, даҳҳо нафари дигар захмиву ҳалок гаштанд. Барои 600 нафаре, ки манзилҳои зисташон комилан хароб шуда буд, ҳукумати Тоҷикистон бо кӯмаки соҳибкорон ва муассисаҳои хусусиву давлатӣ хона бунёд кардааст.

Сокинони маҳаллаҳои навбунёд зоҳиран хурсанд ба назар мерасанд, вале чун шаби 7-уми майро ба ёд меоранд, бархе ба хотири зинда мондан шукр мекунанд ва бархеи дигар ба хотири пайвандони аз даст дода андӯҳгин мешаванд. Малика Ҳабибуллоева, як тан аз зарардидагони ин офати табиӣ мегӯяд, дар паи ин офат як набераи хурдсолаш ҳалок ва шавҳараш маъюби бистарӣ гаштааст.

Вай мегӯяд: «Набераи якуним солаам намедонам аз тарс буд ё чизи дигар, ки вафот кард. Шавҳарам ҳам аз ҳамон рӯз рӯи ҷогаҳ ҳаст ва
Малика Ҳабибуллоева
дигар на гап мезанаду на ҳаракат мекунад».


«БО ДАҲШАТИ СЕЛ АЗ ХОБ БЕДОР МЕШВАВЕМ»

Зарари рӯҳиву маънавии ба сокинон расида бебозгашт аст. Лола, як зани дигар мегӯяд, баъзан ҳамроҳи кӯдаконаш ҳамон сели даҳшатнокро, ки хонаҳои ободашонро дар як лаҳза ба харобазор табдил дод, ба ёд меоранд. «Аз хоб бисёр вақт тарсида бедор мешавем. Ягон борону шамол шавад кӯдакон гиря мекунанд, ки оча ин хонаҳо ҳам мисли хонаҳои пештараамон вайрон мешаванд.»

ХОНАҲОИ ЗЕБО, АММО…

Ҳукумати Тоҷикистон аз якуним ҳазор зарардидаи ин офати табии 7-уми майи соли гузашта ба беш аз 600 нафари он, ки пурра манзилҳои зисташонро аз даст дода буданд, бо кӯмаки соҳибкорону муасисаҳои давлативу хусусӣ хонаҳои нав бунёд карданд. Зоҳиран ин хонаҳои навсохт, зебо ба назар мерасанд, аммо Сайлигул, як сокини ин маҳаллаи навбунёд барои зарардидагони офати табии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, бархе ширкату сохтмонҳо хонаҳои онҳоро хуб насохтаанд.

Ӯ мегӯяд: «Ба ҳаминаш ҳам шукр, ки ҳукумат ба мо хона сохт. Аммо сохтмончиҳо корашонро ҳалол накарданд. Ҳамин зимистони дароз боми хонаҳо чакид ва таъмири онҳо тез вайрон гашт.»

Дар маҳаллаҳои харобгашта бархе сокинон дубора хона дуруст карданд, аммо барои бархеи дигар иҷозаи дубора хона сохтан дода нашудааст. Зеро ҳукумат барои рафъи хатар аз ду тарафи рӯдхонаи Тебалай то 30 метри иҷозаи бунёди дубораи хонаро надодааст.

ТАШВИШЕ, КИ ЯК СОЛ ИДОМА ДОРАД

Мушкилот дар ин маҳалоти навбунёд низ зиёд аст. Дастрасии маҳдуд ба оби нӯшокӣ аз мушкили аслии сокинон аст. Аммо бо гузашти як сол ҳанӯз ҳам ба назар мерасад, ки баҳси тақсими манзил ва замин ба зарардидагон ба анҷом нарасидааст.



Комиссияи вижаи ҳукуматӣ пас аз санҷиши чандинбора 30 нафарро барои ғайриқонунӣ соҳиби хона шудан аз манзили барои зарардидагон бунёд шуда, берун кард. Аммо нафарони беруншуда бар инананд, ки масъулини онҳоро ноҳақ аз хонаҳо берун кардаанд ва онҳо аз вазъи ба амаломада ба президенти Тоҷикистон шикоят мебаранд.

ХАТАРИ РӮДИ ТЕБАЛАЙ РАФЪ НАШУДААСТ

Дар ҳамин ҳол, Субҳон Усмонов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, тақсими замин ба зарардидагони офати табии дар доираи қонун сурат гирифтааст. Ин масъул инчунин мегӯяд, феълан барои рафъи хатар дар рӯдхонаи кӯчаки Тебалай корҳои соҳилбандӣ идома доранд.



Ӯ гуфт: "Соҳилҳо то андозае мустаҳкам шудаанд ва мешавад гуфт, ки дар сурати чунин сел, вазъият такрор намешавад. Ба ҳар ҳол барои пурра барқарор кардани соҳил 20 миллион сомонӣ зарур аст, ки ҳоло мо ин қадар маблағро дар ихтиёр надорем. Дар навбати аввал мо мавзеъҳои хатарнокро маҳкам кардем, боқиашро оҳиста-оҳиста бо даст додани имконият мекунем."

Офати табии дар шаҳри Кӯлоб аз мудҳиштарин ҳодисаи табиии чанд соли ахир дар Тоҷикистон дониста мешавад, ки ҳоло аз он як сол гузашт.
XS
SM
MD
LG