Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар миёни манфиатҳои Эрон ва Ғарб


Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо муовини вазири умури хориҷии Эрон дар Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо муовини вазири умури хориҷии Эрон дар Душанбе

Муҳаммадризои Шайбонӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот карда ва паёме аз Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури даргири мушкил бо раҳбари рӯҳонии Эронро ба ӯ супурдааст.

Густариши робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии ду кишвар, амнияти ҷаҳон ва минтақа ва ҳамоҳангии амалкардҳои Тоҷикистон ва Эрон то ҳадди мумкин дар ин робита, ҳузури нерӯҳои фароминтақаӣ ва мубориза бо
Тоҷикистон дар робита бо Эрон хатти сурхро риоя хоҳад кард ва он хатти сурх миёни манофеи Тоҷикистон бо Ғарб ва Эрон аст...
терроризм аз мавзӯъҳои аслии мавриди гуфтугӯи муовини вазири корҳои хориҷии Эрон ва мақомоти Тоҷикистон унвон мешавад.

Бино ба иттилои расмӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон аз раисҷумҳури Тоҷикистон даъват кардааст, то дар ҳамоиши "Муборизаи ҷаҳонӣ бо терроризм" ширкат кунад. Ин ҳамоиш қарор аст, дар Теҳрон, пойтахти Эрон ба зудӣ доир шавад.

ШАРИКИ НАЗДИК

Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод
Дар иттилоияҳои расмии мақомоти Тоҷикистон гуфта нашудааст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ин даъватро пазируфтааст ё не. Аммо коршиносон мегӯянд, изҳори назари ахири Эмомалӣ Раҳмон, роҷеъ ба масъалаи терроризми байналмилалӣ ва таърифи он метавонад барои мақомоти Эрон ва фазои нишасти Теҳрон низ ҷолиб бошад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран мафҳуми терроризми исломиро маснӯӣ ва сохта унвон намуд ва гуфт, он ба истилоҳ "зарурате" буд, ки баъд аз ҷанги сард ва аз миён рафтани хатари коммунизм ба майдон оварда шуд.

Маҳмуди Аҳмаднинажод, раисҷумҳури Эрон зарфи ду соли охир, нишон дод, ки танҳо наздиктарин шарики раҳбурдии Тоҷикистон ва раҳбарияти сиёсии он аст, хосса дар ҳолате ки Тоҷикистон ва раҳбарияти он аз сӯи Маскав ва Тошканд дар инзивои эълоннашуда қарор гирифтааст.



ҲИМОЯТИ МАЪНАВӢ

Вале акнун даъвати ширкат дар ҳамоиши Теҳрон аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки муносибати дӯсташ Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон ва Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии он кишвар ба сурати бесобиқае дучори сардӣ шудааст.

Коршиносон ба ин фарзия низ ҳаққи вуҷуд медиҳанд, ки бо фиристодани муовини вазири корҳои хориҷии худ ба Душанбе, Аҳмадинажод дар пайи касби ҳимояти ҳадди ақал маънавӣ низ ҳаст. Аз сӯи дигар, дар шароити кунунӣ, Тоҷикистон ба як Эрони босубот ва раҳбармеҳвар ниёз дорад.

Сиёсат ва амалкардҳои дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон феълан мавриди таъйид ва пуштибонии мақомоти Эрон аст ва ҳар гуна сардаргумӣ ва афзоиши таниш миёни раҳбарони Эрон ба зиёни Тоҷикитстон анҷом хоҳад шуд.

Ҳарчанд дасти Тоҷикистон барои таъсиргузорӣ ба равандҳои дохилии Эрон ва муносиботи раҳбарони он низ кӯтоҳ аст, аммо боз ҳам пуштибонии маънавии раҳбарии Тоҷикистон дар қазияи пешомада миёни раҳбарони Эрон бе аҳамият низ нест.

ҶОМЕАИ МУРАККАБ

Давлат Усмон
Давлат Усмон, вазири пешини давлати Тоҷикистон мегӯяд: "Эрон худашро як қудрати минтақавӣ медонад ва ҳамин тавр ҳам ҳаст. Ҷомеаи Эрон як ҷомеаи мураккаб ва мушкил аст ва таъсиргузории кишварҳое назири Тоҷикистон ба равандлҳои он маҳол аст. Аммо аз сатҳи робита ва дӯстие, ки миёни раисҷумҳури Тоҷикистон ва Эрон вуҷуд дорад, метавонад, ки як ҳамфикрӣ ва як пуштибонии маънавӣ вуҷуд дошта бошад. Чаро не?"

Аммо Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик ба ин бовар аст, ки дар ҳар сурат вазъи пешомада дар муносибати раҳбарони Эрон мавриди таваҷҷӯҳ ва нигаронии раҳбарияти Тоҷикистон низ ҳаст ва як мавзӯи гуфтугӯҳои мақомот низ ҳамин буда ва хоҳад буд. Ба гуфтаи ӯ, мушкил аст, ҳадс задан, ки чӣ натиҷае хоҳад ба бор овард ва мизони таъсири он то куҷост.

Ба ҳар ҳол, ба назари ин коршинос, Тоҷикистон дар робита бо Эрон хатти сурхро риоя хоҳад кард ва он хатти сурх миёни манофеи Тоҷикистон бо Ғарб ва Эрон аст. Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон то ҷое дар муносибот бо Эрон пеш меравад, ки ҳамкориҳояш бо Ғарб латма набинад.

Аммо як суоли дигар низ ҳаст ва он ин ки агар Эрон аз муносиботи Тоҷикистон бо Ғарб норозӣ шавад, чӣ хоҳад шуд?
XS
SM
MD
LG