Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камбуди вагонҳо -- мушкили нави тоҷирон


Иддае аз тоҷироне, ки аз Эрон ба Тоҷикистон мол ворид мекунанд, ба мушкили камбуди вагонҳо мувоҷеҳ шудаанд.

Вакил Муҳаммад, як тоҷири афғон, ки чанд сол ба ин сӯ дар ин масир тиҷорат мекунад, мегӯяд, тайи як моҳи ахир дар Эрон вагоне пайдо намешавад, ки моли тиҷоратии ӯро ба Душанбе интиқол диҳад.
Як моҳи пеш ман ҳам дархост кардам, ки барои ман вагон диҳанд, аммо то ба ҳол надодаанд. Ҳоло мушкил дар Эрон аст...


Вай афзуд, вагонҳо аз ин ҷониб ҳам намераванд ва аз он ҷо ҳам намеоянд: "Дар Эрон вагон нест. Худи вагонҳои Эрон ин тараф намеоянд. Маъмулан вагонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба он тараф мераванд. Ҳамон ҷо холӣ мешаванд ва мо тавассути онҳо борамонро меовардем. Пеш пахтаву дигар мавод мерафт ба тарафи Бандари Аббос. Ҳоло намеравад, агар равад хеле кам."



Масъулини Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, ба ин вазъ дахолат карда наметавонанд, зеро ин мушкили сирф худи тоҷирон ва ҷониби Эрон аст, ки моли худро бояд содир кунад.

"ИН МАСЪУЛИЯТИ МОСТ"

Алишер Аҳмадҷонов, масъули раёсати интиқоли молу коло дар Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, барои интиқоли молу амвол аз ин кишвар мушкиле вуҷуд надорад: "Ҳар қадар пахта ва дигар маводе, ки бояд содир мешуд, интиқолаш аз сӯи мо таъмин шуд. Ҳоло ҷониби Эрон бояд бо вагонҳо тоҷиронро таъмин кунад. Ба онҳо бояд муроҷиат кунанд. Масалан, ба ҷои мо ягон нафари дигар омада, вагон намеёбад. Ин масъулияти мо аст."

Аббос Баёнӣ, масъули бахши иқтисодии сафорати Эрон дар Тоҷикистон, аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ кард, аммо Сайид Ризо Аҳмадӣ, як тоҷири эронӣ, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ моли Эронро тиҷорат мекунад, мегӯяд, чанд моҳи ахир дар Эрон камбуди вагонҳо пеш омадаанд.

Ӯ афзуд, "бубинед, моли Эрон ба Осиёи Марказӣ аз Туркманистон ворид мешавад. Як моҳи пеш ман ҳам дархост кардам, ки барои ман вагон диҳанд, аммо то ба ҳол надодаанд. Ҳоло мушкил дар Эрон аст."

КАМБУДИ ВАГОНҲО

Коршиносон мегӯянд, камбуди вагонҳои Тоҷикистон барои интиқоли мол аз Эрон ба далоили мухталиф пеш омадааст. Ба қавли онҳо, Тоҷикистон умдатан аз ин кишвар маводи ғизоӣ, сохтмонӣ ва саноатӣ ворид мекунад, ки ҳоло қимматашон дар Эрон боло рафтааст.

Як коршиноси умури иқтисод мегӯяд, боло рафтани қиммати мавод дар Эрон ба тиҷорати тоҷирон низ бетаъсир набудааст: "Қаблан молро бештар бо комюнҳо - мошинҳои боркаш меоварданд, баробари боло шудани нархи сӯзишворӣ дар ин тараф ва нархи маводи ғизоӣ дар Эрон зарурати бо вагонҳо кашонидани бор пеш омадааст, зеро арзон меояд. Яке аз сабабҳои кам ворид шудани мол аз Эрон ҳам камии вагонҳо аст, зеро ба онҳо талабот зиёд шудааст."

БА ҶОИ ЭРОН - ЧИН?

Далели дигари камбуди вагонҳоро коршиносон, коҳиши интиқоли алюминиюм ва пахта -- маводи аслии содиротии Тоҷикистон тариқи Эрон унвон мекунанд. Бино ба иттилои Оҷонси омори Тоҷикистон, ҳоло дар содироти Тоҷикистон Туркия мақоми аввалро касб кардааст. 47,7 дарсади содироти Тоҷикистон, яъне 126 миллион доллар ба ин кишвар рост меояд.

Содироти Тоҷикистон ба Эрон поёнтар аз Чин аст, ки 17,5 дарсадро тайи се моҳи ахир ташкил додааст. Тибқи ин манбаъ, гардиши мол миёни Тоҷикистону Эрон низ коста, ба 55 миллион доллар баробар шудааст, дар ҳоле ки ин рақам бо Русия 234 ва Туркия — 200 миллион долларро ташкил мекунад.

Коршиносон мегӯянд, дар пайи ин бӯҳрон Эрон метавонад рақобат дар бозори маводи ғизоӣ, сохтмонӣ ва саноатӣ дар Тоҷикистонро ба Чин бибозад.
XS
SM
MD
LG