Дар чаҳорчӯби барномаи кӯмак ба кӯдакони оилаҳои нодор, имсол наздик ба як миллиону 300 ҳазор сомонӣ аз буҷаи давлат ихтисос дода шуда, давоми сол ироаи боз ду миллион сомонӣ дар назар аст.
КӮМАК БА КӮДАКОНИ ХОНАВОДАҲОИ НОДОР
Хайриддин Наҷмиддинов, сардори шӯъбаи буҷети раёсати молияи вилояти Хатлон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин кӯмакпулиҳо ба толибилмони камбизоати мактабҳо ду дафъа дар сол пардохт шуда, ҳаҷми умумии кӯмакпулӣ ба як толибилм 40 сомонӣ, муодили чизе беш аз 8,5 доллари амрикоиро ташкил медиҳад: «Дар аввали сол 20 сомонӣ ва дар нимсолаи дуввуми соли таҳсил ҳам 20 сомонӣ дода мешавад. Ин маблағ ба дасти худи кӯдакон ё волидони онҳо супурда мешавад. Асосан ин маблағ барои хариди дафтару китобҳои таълимӣ пешбинӣ шудаанд. Танҳо хонандагони синфҳои аз 1-ум то 9-ум ин маблағи кӯмакро дарёфт карда метавонанд…»
Дар ҳоле, ки ҷамъан 640 ҳазор ноболиғ дар мактабҳои вилояти Хатлон таҳсил мекунанд, гуфта мешавад, 15 дарсад аз шумораи умумии толибилмони то синфи 9-ум дар минтақа аз кӯмакпулии давлат барои кӯдакони хонаводаҳои нодор баҳравар ҳастанд.
ҲАДАФ: ФАРО ГИРИФТАНИ КӮДАКОН БА ТАҲСИЛ
Дар ҳамин ҳол, масъулони идораи маорифи вилояти Хатлон мегӯянд, ҳадафи давлат аз ироаи кӯмакпулӣ ба толибилмон аз оилаҳои камбизоат ин аст, ки шумораи ҳарчи бештари кӯдакон ба таҳсил дар мактабҳо фаро гирифта шаванд.
Нуралӣ Азизов, муовини сардори идораи маорифи вилояти Хатлон, мегӯяд, маблағе, ки барои муҳассилони ниёзманд ихтисос дода мешавад, бисёр ночиз аст ва шояд барои камтар аз 10 дарсади хароҷоти солонаи онҳоро барои хариди ашёҳои хониш кифоят кунад. Аммо вай афзуд, давлат аслан муваззаф нест, ки аз ҳисоби буҷа барои оилаҳои осебпазир барои хариди воситаҳои таълимӣ кӯмакпулиҳо бидиҳад: «Оила набояд ба умеди кӯмакпулии давлат ё ташкилотҳои байналмилалӣ бошад ва бояд худаш масъули таълиму тарбияи фарзанд бошад. Дар тамоми дунё таҳсил пулакӣ аст ва кам воқеъ мешавад, ки давлат ба ҳазорҳо кӯдак аз оилаҳои камбизоат кӯмакпулӣ бидиҳад. Албатта, ин ҷо масъалаи танзими оила ҳам бояд баррасӣ шавад. Магар беҳтар нест, ки имкониятҳои молиявӣ ва тавонмандии худро дар таъмини иҷтимоии фарзандон арзёбӣ карда, оилаи худро танзим кунем?»
АФЗОИШИ КӮМАКҲО БА ФАРЗАНДОНИ ОИЛАҲОИ НОДОР
Бо ин вуҷуд, ҷаноби Азизов афзуд, то чанд соли оянда қарор аст, ки ҳаҷми кӯмакпулии давлат ба кӯдакони оилаҳои нодор афзоиш дода шавад. Ба гуфтаи ӯ, масъулияти тақсими ин кӯмакпулиҳо мустақиман ба дӯши сарварони мактабҳо ва кумитаҳои волидон аст ва ба ин васила, аз ҳар гуна эҳтимоли истифодаи номуассир ё азхудкунии ин маблағҳо ҷилавгирӣ мешавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки иддае аз волидони кӯдакони кӯмакгиранда мегӯянд, маблағи дарёфтаашонро танҳо барои хариди чанд адад дафтару қалам сарф мекунанду халос. Аммо ҳамоно қимати сарулибоси мактабӣ ва адабиёти таълимӣ бисёр баланд арзёбӣ мешавад. Зимнан, ба иддаои коршиносон, маблағи ихтисосдодаи давлат ба толибилмон аз оилаҳои камбизоат, ки бисёр ночиз аст, ба беҳсозии вазъ ва сифати таълиму таҳсили ин кӯдакон таъсири чандон назаррас набахшидааст.
ШИКОЯТИ ВОЛИДОН
Хонум Мастона, модари танҳои чаҳор фарзанди мактабхон мегӯяд, соли гузашта танҳо барои як фарзандаш 20 сомонӣ дар як дафъа кӯмакпулӣ дарёфтааст. Вай мегӯяд, масрафоти таҳсили чаҳор фарзанд барояш сахтӣ мекунад ва намедонад, ки то кай ин масъулиятро метавонад ба дӯш дошта бошад.
Хонум Мастона афзуд, ҳатто муроҷиаташ ба ҳукумати маҳаллӣ барои дарёфти кӯмак натиҷаи мусбат надодааст: «Магар касе моро гӯш мекунад, касе дар ҳукумат маро қабул мекунад? Ҳукумат ҳаст ё нест, эҳсос намекунам. Дар Ленинобод зиндагӣ кардаам, он ҷо дар ҳақиқат вуҷуди ҳукуматро ҳис мекунӣ…»
Хонум Мастона пас аз гирифтани талоқ аз ҳамсараш ҳамроҳ бо фарзандон аз вилояти Суғд ба Хатлон омада, ҳоло дучори мушкилоти фаровони иҷтимоӣ мебошад. Вай афзуд, дар сурати беҳбуд наёфтани рӯзгораш, имкон дорад дар соли нави таҳсил ду нафар аз фарзандонашро аз мактаб гирифта ё ба ягон парваришгоҳи давлатӣ месупорад ё аслан идомаи таҳсилашонро манъ мекунад.
Ба иттилои расмӣ, феълан наздик ба 1200 ноболиғи синни мактабӣ аз таҳсил дар таълимгоҳҳо канор мондаанд. Мақомоти идораи маорифи Хатлон мегӯянд, агар як сабаби аз таҳсил канор мондани кӯдакон дурии роҳи мактабҳо бошад, иллати дигар вазъи сангини иҷтимоӣ ва надоштани маблағи кофӣ барои таҳсил будааст.