Баҳром Абдулҳақов, муовини сарвари Сарраёсати зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, сабабҳои марги ӯро ҳоло тафтишот маълум мекунад: «Ин қазияро тафтишот рӯшан мекунад. Сабабҳои марги ӯ ба ман маълум нестанд. Танҳо пас аз тафтишот маълумоти дурустро дар ин маврид метавонем қазоват кунем.»
ҚАЗИЯ ТАҲҚИҚ МЕШАВАД
Додситонии кулли Тоҷикистон барои таҳқиқи ҳалокати Исмоил Бачаҷонов аз рӯи моддаи 110, қисми 3, банди в-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои барқасдона расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ ба шахси ноболиғ, ки аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, парванда боз кардааст.
Ҷамшед Сангов, сарвари раёсати парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кулл шурӯъи таҳқиқро таъйид карда, гуфт, натиҷаҳои он то як моҳи дигар маълум хоҳанд шуд ва ҳоло ба хотири фош нашудани сирри тафтишот, ҷузъиёт эълон карда намешаванд.
Як манбаъ дар мақомоти қудратӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, дар ҳоли ҳозир ду корманди муассисаи ислоҳии вазорати адлия бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят боздошт шудаанд.
МАВОРИДИ ЛАТУКӮБ АЗ ҶОНИБИ ҲОМИЁНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ
Дар ҳоли бар асари латукӯби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъйид шудани фавти маҳбус Исмоил Бачаҷонов, ин мавриди дуввум танҳо дар соли равон хоҳад буд, ки расонаӣ мешавад ва интиқоди созмонҳои дохиливу байнулмилалӣ дар бораи истифодаи шиканҷа аз сӯи мақомоти қудратӣ дар Тоҷикистонро тақвият медиҳад.
Ва ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон аз поён то боло мавҷудияти шиканҷаву бадрафторӣ дар боздоштгоҳу зиндонҳои кишварро инкор мекунанд ва дар бархе маворид мекӯшанд рӯпӯш намоянд. Ахиран мақомоти тафтишотӣ дар қазияи Сафаралӣ Сангов, ки ба қавли пайвандонаш аз латукӯби кормандони милиса ба ҳалокат расидааст, ахириҳоро танҳо барои он муттаҳам шумурд, ки аз худкушии Сангов ҷилавгирӣ накардаанд.
"КОРД БА УСТУХОН РАСИДААСТ"
Коршиносон мегӯянд, шиканҷаву бадрафторӣ аз замони ҷанги шаҳрвандӣ ба ин сӯ дар боздоштгоҳу зиндонҳои Тоҷикистон ба таври густарда истифода мешавад ва имрӯзҳо ин мушкил дигар дар паси деворҳо нагунҷида, берун буруз кардааст.
Иззатулло Амонӣ, коршиноси тоҷик дар умури ҳуқуқ мегӯяд, имрӯз «корд ба устухон» расидааст ва ин мавзӯъ ба яке аз забонкӯтаҳиҳои Тоҷикистон, ки даъвои кишвари демократӣ буданро дорад, пеши ҷомиаи байнулмилалӣ табдил меёбад:
«Сабаби афзудани қонуншиканиҳо ва нақзи ҳуқуқи инсон дар боздоштгоҳу маҳбасҳо қабл аз ҳама хешутаборчигӣ аст, зеро вақте нозири маҳбас маҳбусро латукӯб мекунад, кадом хешутабори сарварони маҳбасҳо аст ва хуб медонад, ки ин амали ӯ ба худаш зараре надорад. Бо ин вуҷуд ман хушбин ҳастам ва ояндаи равшане моро интизор аст. Президенти кишвар ҳам барои беҳбуди вазъ мекӯшанд, аммо азбаски танҳоянд, раванд хеле оҳиста, аммо пеш меравад.»
САБАБ: АФРОДИ ҒАЙРИҲИРФАӢ?
Иддае дигар аз коршиносон, далели ба ҳадди ифрот расидани сӯистифода аз мақом дар миёни бархе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистонро, сол ба сол коҳиш ёфтани мутахассисони соҳа унвон мекунанд.
Абдуқаюм Юсуфов, вакили дифоъ мегӯяд, бо вуҷуди он, ки чандин ниҳоди нозири фаъолияти мақомоти қудратӣ дар кишвар фаъол ҳастанд, вазъ рӯ ба коҳиш аст. Вай бо ишора ба даъвоҳои мақомот дар мавриди мубориза алайҳи шиканҷаву зӯроварӣ мегӯяд: «Он чӣ дида мешавад, ин аст, ки ин муборизаву пешгириҳо натиҷае намедиҳанд. Сабаб қабл аз ҳама сармоягузории нокофии соҳа ва музди ками кормандони маҳбасҳо аст, ки маҷбур мешаванд, корро тарк кунанд ва афроди бетаҷрибаву тасодуфӣ ҷои онҳоро мегиранд. Дар замони Шӯравӣ мутахассисон дар Русияву Қазоқистон омода мешуданд. Ҳоло чунин нест ва шояд аз ин сабаб, ба ҳамин рӯз расидем.»
ВА Ё ШОЯД ҲАМ ОМИЛИ ДИГАРЕ...
Иддае дигар аз коршиносон афзоиши сарусадоҳо дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ дар Тоҷикистонро, ки аз дохилу хориҷ шунида мешавад, ба таҳаввулот дар дохили ҳукумати Тоҷикистон рабт медиҳанд.
Саймуддин Дӯстов, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд: «Замоне дар Тоҷикистон як вазъи хуб ҳукмфармо буд. Муҳаммадназар Солеҳов, вазири корҳои дохилӣ, Бобоҷон Бобохонов, додситони кулл ва Шерхон Салимзода, раиси Оҷонси мубориза алайҳи фасод буданд. Ҳар яке амбитсияҳои худро дошт. Яке мехост ҷои дигариро гирад ва ё болотар равад. Аз ин хотир, як тавозун ба миён омада буд. Ҳар яке мекӯшид, ки дастаке барои рақибаш надиҳад. Мутаассифона, ҳоло ин тавр нест. Ҳама якдаста шудаанд.»
Ахиран Эътилофи созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон, ки ҳудуди даҳ созмони машғул бо масоили ҳифзи ҳуқуқи башарро муттаҳид мекунад, аз омода кардани Гузориши алтернативии рафти иҷроиши Эъломияи СММ алайҳи шиканҷа хабар дод. Ин созмонҳо бар инанд, ки гузориши ҳукуматӣ пурра воқеияти Тоҷикистонро инъикос намекунад. Гузориши созмонҳо то охири тобистони ҷорӣ анҷом хоҳад ёфт.