Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истифодаи дубораи забони русӣ дар қонунгузорӣ


Маҷлиси Миллӣ забони русиро, ба унвони забони муоширати байни миллатҳо дубора ба умури таҳияи қонунҳо ворид кардааст.

Ҳамчунин донистани забони тоҷикӣ, ба унвони забони расмии давлатӣ барои ҳама хидматчиёни давлатӣ ҳатмӣ дониста шуд.

РУСӢ- ЗАБОНИ МУОШИРАТИ БАЙНИ МИЛЛАТҲО

Академик Мамадшо Илолов, раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон ва аъзои Маҷлиси Миллӣ рӯзи панҷшанбе дар иҷлосияи навбатии палатаи болоии парлумон гуфтааст, ки «ин амр бар асоси тағйиру иловаҳо ба Қонун дар бораи

санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ», ки соли 2004 тавассути парлумон ворид шуда буд, сурат мегирад.»

Бахтиёр Шамолов, аз Маҷлиси Миллӣ низ дар шарҳи ин хабар ба РО гуфт: «Истифодаи забони русӣ ба унвони забони муоширати байни миллатҳо ин меъёри конститутсионӣ аст ва аз Қонуни асосӣ бар меояд. Ба ин хотир тағйире, ки дар бархе аз қонунҳо ворид карда шуд, заминаашро ин меъёр ташкил медиҳад.»

Ба ин тартиб дар робита ба ин, Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ тағйиротҳо ба қонунҳо «Дар бораи ниҳодҳои додситонӣ», «Додгоҳи Қонуни Асосӣ», «Дар бораи ваколатдори ҳуқуқи инсон», «Дар бораи органҳои амнияти миллӣ», «Дар бораи Оҷонси давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия», «Дар бораи хидмати давлатӣ ва «Кодекси гумрук»-ро таъйид кард.

НУҚТАИ БАҲСБАРАНГЕЗИ ҚОНУНИ ЗАБОН

Тасвиби меъёри корбурди дубораи забони русӣ дар умури таҳияи қонунҳо дар Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки Қонуни нави забони давлатӣ рӯзи 5-уми октбяри соли 2009 дар Маҷлиси намояндагон тасвиб шуда буд ва баҳсбарангезтарин нукта дар қонуни нав, ки лоиҳааш аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, ҳазфи забони русӣ аз мақоми забони муоширати байни миллатҳо буд.

Бар пояи ин қонун, ҳукумат муваззаф аст, ки забонро ба сифати як унсур ва рукни муҳими давлатдорӣ ҳифз ва барои истифодаи ҳатмии он дар қаламрави кишвар шароит фароҳам оварад. Мувофиқи қонуни нав, тамоми намуди коргузорӣ ва таҳияи аснод дар ниҳодҳои давлатӣ бо забони давлатӣ сурат мегирад. Лавҳа, эълон ва шиору овезаҳои расмӣ низ бар пояи қонуни мазкур бояд бо забони давлатӣ навишта шавад.

КОММУНИСТҲО ПУШТБОНИ ЗАБОНӢ РУСӢ

Аслан боқӣ мондани забони русӣ ба унвони забони муоширати байни миллатҳо аз пешниҳодоти умдаи коммунистҳо дар парлумон буд. Исмоил Талбаков, вакили парлумон ва намояндаи Ҳизби коммунист дар Маҷлиси
Исмоил Талбаков, вакили МН аз ҲКТ

намояндагон, палатаи поёнии парлумон бо ёдоварӣ аз он замон гуфт: «бале ин пешниҳоди вакилони коммунист, ба мисли Талбаков, Шодӣ Шабдолов буд, ки мақоми забони русӣ дар Қонуни нави забон ҳифз шавад. Аммо ин таклиф қабул нашуд, чаро, ки далели он, вуҷуд доштани ин ибора дар моддаи 2, Қонуни Асосӣ, яъне дар ин модда забони русӣ ба унвони забони муоширати байни миллатҳо дониста шудааст.»

"РУСӢ БОЯД НИГАҲ ДОШТА ШАВАД."

Аммо ҳазфи мақоми забони русӣ як силсила вокунишҳо дар расонаҳои Русияро ба бор оварда буд ва расонаҳои русӣ аз ин қонун интиқод карда буданд. Вале, дар ҳамин ҳол, мақоми забони русӣ ба ҳайси забони муоширати байни миллатҳо дар сарқонуни Тоҷикистон ҳифз шудааст.

Ва аммо мунтақидони ин нуктаи қонун мегуфтанд, ҳарчанд шумори русҳо ва русзабонҳо дар Тоҷикистон зиёд нест, вале дар муоширати байни миллатҳо нигоҳ доштани ин забон хуб мебуд. Онҳо мегуфтанд, дар шароити босуръати тағйироти технологӣ, дастрасии мардум ба манбаъҳои иттилоотӣ бо забони русӣ осонтар аст.

Ин нуқтаи қонунро бархе ҳам монеъае дар муносиботи Тоҷикистон Русия номида буданд.

ХАТТИ ФОРСӢ ЧӢ МЕШАВАД?

Дубора сари забонҳо шудани мавзӯи истифодаи забони русӣ дар умури таҳияи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки матбуоти чопи Душанбе масъалаи баргаштан ба хатти форсиро матраҳ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки нахустин қонуни забони давлатии Тоҷикистон дар соли 1989 дар замони Шӯравӣ қабул шуда
Муҳиддин Кабирӣ,раиси ҲНИТ

буд ва он вожаи форсиро низ дошт. Вале дар қонуни нав пешниҳодҳо оид ба иловаи вожаи форсӣ дар номи забон қабул нагардид.

Иловаи вожаи форсӣ пешниҳоди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд ва ба гуфтаи раисаш Муҳиддин Кабирӣ, далели ин пешниҳод ҳам “меросбари қонунии тамаддун ва осори таърихии муштарак бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамҷавор маҳсуб шудан” буд.

Дар пайи тасвиби қонуни нави забон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон таъсис ва раиси он забоншинос Додихудо Саймуддинов таъйин шуд.

Аммо дар пайи тасвиби Қонуни нав дар даврони истиқлол, таърихи ҷашнгирии Рӯзи забон низ тағйир кард ва бар пояи қарори Маҷлиси намояндагон, палати поёнии парлумон, ки соли гузашта иттифоқ афтод, рӯзи забони давлатӣ аз 22-юми июл ба 5-уми октябр гузаронда шуд.
XS
SM
MD
LG