Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хулосаи нашрияҳои чопи Душанбе


Сафари Медведев ба Тошканд ва нишасти сарони СҲШ дар Остона, дар меҳвари матолиби бештари нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе қарор дорад.

«Фараж» дар матлаби «Медведев дар сари гӯри Темурланг чӣ меҷуст?» навиштааст, ки «сафари президенти Русия дар арафаи иҷлосияи 10-солагии СҲШ ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон гумону фарзияҳои зиёдеро ба бор овардааст. Гумони ғолиби коршиносон ин аст, ки гӯё Тошканд аз воқеаҳое, ки дар ин авохир дар Африқои Шимолӣ бо муборизаи мардум ба муқобили диктаторҳо идома дорад, дар ташвиш афтодааст. Бархе дигар ба он назаранд, ки нигаронии Ислом Каримов аз суқути диктаторҳои суқуткарда ва ё сарнавишти Муаммар Каззофӣ камтар буда, ӯро бештар таъсиси як ҳаракати бузурги демократӣ дар Берлин бо раҳбарии собиқ ҳарифаш дар интихоботи соли 1991 Муҳаммад Солеҳ ба ташвиш овардааст.»

“Озодагон» низ дар мавриди сафари Медведев ба Узбакистон зери сарлавҳаи «Насиҳат» -и Медведев ба «подшоҳон» -и Осиёи Марказӣ. Чӣ ва чаро президенти Русияро якбора ба Тошканд овард» матбалеро чоп карда ва навиштааст, «мулоқоти Дмитрий Медведев ва Ислом Каримов паси дарҳои баста сурат гирифт. Бино ба навиштаи хабаргузориҳо, раисҷумҳури Узбакистон қабл аз баргузории мулоқот аз ҳамтои русаш даъват ба амал овардааст, то дар ин сафар ӯро рӯзноманигорон ҳамроҳӣ накунанд. Сабаби аслии ин «дархост» дар махфӣ боқӣ мондани ҷузъиёти музокироти дуҷониба арзёбӣ шудааст.»

Нашрия ба нақл аз коршиносон навиштааст, ки «раҳбари Узбакистон аз ҳаводиси ҷаҳони араб ва эҳтимоли фаъол гардидани мухолифони хеш ҳарос дорад. Яъне дар Маскав мутмаин шудаанд, ки дигар бо тӯлонӣ дар сари қудрат боқӣ мондани раҳбарони кишварҳо пеши роҳи «кӯчиши» инқилобҳо ба Осиёи Миёнаро гирифтан имконнопазир аст. Чун Кремл худро ҳокими мутлақи ин минтақа медонад, эҳтимол зада мешавад, ки президенти рус ба наздикӣ дигарҳоро ҳам ба назди худ хонад ва чун «насиҳат» кунад: ба хотири манфиатҳои умумӣ аз курсӣ равед!»

«Имрӯз нюс» даҳумин солгарди фаъолияти СҲШ-ро ба баррасӣ гирифта ва нишасти Остонаро, ки бо ширкати сарони кишварҳои узв баргузор шуд, баҳси барои қудрат талаққӣ кардааст. Ба навиштаи нашрия, «вақте Чин ва Русия ду кишваре, ки ҳарфи аввалро дар ин созмон мегӯяд, дар кишварҳои зери нуфузи худ ҳар гуна эътирозҳои мардумиро хуш надоранд, ба ин хотир ҷои шак нест, масъаларо матраҳ накунанд. Аммо чӣ тасимие мегиранд, он ошкор нахоҳад шуд.»

«Азия плюс» мусоҳибаи Муҳаммад Солеҳ, раҳбари Ҷунбиши Мардумии Узбакистон ва аз рақибони Ислом Каримовро нашр кардааст, ки вай ҷаноби Каримовро омили асосии бесуботӣ дар минтақа хондааст. Вай гуфтааст, ки маҳз Ислом Каримов дар минтақа афкори дӯстии халқҳоро аз байн бурд ва дар қиболи ҳамсоягон сиёсати тунравиро ҳанӯз аз даҳаи 1990 шурӯъ кардааст. Муҳаммад Солеҳ нерӯгоҳи Роғунро ба манфиати тамоми минтақа дониста ва гуфтааст, «албатта Тоҷикистон ҳақ дорад то чунин сохтмонеро бисозад, вале муҳим он аст, ки ин бар зарари кишварҳои ҳамсоя набошад.»

«Миллат» бо матраҳ кардани суоли «Ба назари шумо, бояд фурӯдгоҳи Айнӣ ба Русия дода шавад ё на?» назари чанд тан аз коршиносону таҳлилгаронро пурсидааст. Ҳуқуқшинос Ашӯрбой Имомов ба таври ройгон додани чунин объектро ба як кишвари бегона мантиқӣ намедонад ва мегӯяд, «Тоҷикистон он қадар кишвари пешрафтаву сарватманд нест, ки кадхудоӣ кунад.»

Сайфулло Сафаров, муъовини раиси Маркази мутолеоти стратегии назди президенти Тоҷикистон низ гуфтааст, ки «аслан мо бояд ҳеҷ чизро ба касе ройгон надиҳем. Ҳама доду гирифт бояд дар асоси шартнома ва ё чӣ тавре, ки мегӯянд билоивази ягон чизе бошад. Яъне дар маҷмӯъ манфиатҳои миллӣ дар мадди аввали ҳар гуна шартномаву ҳама гуна доду гирифтҳо бошад.»

«Нигоҳ» мавзӯи ҳамла ба бинои додгоҳ ва додситонии Бадахшонро ба баррасӣ гирифта ва муаллифи матлаб Раҷаби Мирзо навиштааст, ки «аз ин ҳодиса ва ҳолатҳои ба ин монанд як маънӣ бардошт: ноадолатиҳои судӣ кадом рӯз Тоҷикистонро ба ягон бало гирифтор мекунанд!»

Муаллиф менависад, «ҳатто вақте, ки журналистон ва ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик ба маҳбасҳо раҳ ёфтанд, зиндониён аз шарту шароити худ не, аз ҳукми ноодилонаашон шикоят мекарданд. Ман намедонам, барои чӣ судяҳои Тоҷикистон барои ҳукумат ин қадар «азиз» шудаанд, ки намехоҳанд дар ин бахш ислоҳоти ҷиддӣ анҷом диҳанд.»

Муаллиф бо таваҷҷӯҳ ба вуқӯи ин ҳамла дар Бадахшон ва ибораҳои «тобистону тирамоҳи гарми Тоҷикистон» -и расонаҳову доираҳои гуногуни таҳлилӣ меафзояд, «фақат бояд дар назар гирифт, ки Бадахшон дар нуқтаи бисёр муҳим қарор дорад ва як каме беэҳтиётӣ метавонад паёмадҳои ногувор биёрад. Хоса ин, ки қумондонҳои ин минтақа дар соли 2008 аз худ ба таври ҷиддӣ дарак дода буданд. Ҳоло маълумоте рӯ назадааст, ки ин гурӯҳ бо он қумондонҳо кадом иртиботе доранд. Локин дар сурати такя задани нерӯҳои хориҷӣ ба ин қазияву ин қумондонҳо, ки як бор мавриди авф қарор гирифтаанд, имкони истифодаву сӯистифода аз вазъи ба амаломада бисёр қавист ва барои амнияти давлат хатарнок.»

«Тоҷикистон» паёмади бозии тимҳои футболи «Равшан» - «Истиқлол» -ро ба баррасӣ гирифта ва дар матлаби «Равшан» - «Истиқлол», бозие, ки бо моҷаро анҷомид, навиштааст, ки «бесарусомонӣ дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб танҳо пас аз анҷоми бозӣ ва ҳангоме, ки мухлисон аз варзишгоҳ берун шуданӣ буданд ва ногоҳ таркиши сахте дар нишастгоҳи чапи майдон ба вуқӯъ пайвастааст, ба амал омадааст.»

Нашрия навиштааст, «таркиш чанд курсии нишастро ба ҳаво бардошт. Чанд ҷавони ба замин хобида сару рӯяшонро дошта ба ҳар тараф пароканда шуданд. Як кӯдаки тахминан 10 -12 соларо низ дар ҳолати беҳушӣ ва либосҳои аз шиддати таркиш лахт-лахт бардошта бурданд. Бесарусомонӣ танҳо баъди ҳамин таркиш дар беруни варзишгоҳ ба вуқӯъ пайваст».

Ба таъкиди муаллифи матлаб, теъдоди маҷрӯҳон дар беморхонаи вилоятии Кӯлоб ба 8 нафар расида ва номи онҳо низ дар нашрия оварда шуданд, ки дар миёни онҳо як корманди гурӯҳи зудамали милиса низ будааст. Ҳамчунин муаллиф навиштааст, ки дар беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» низ 7 нафар ҷароҳатбардоштагонро оварда буданд. Муаллифи матлаб хулоса кардааст, ки «ба андешаи мо, билохира густохии як тараф ва васвасаву шӯри хуни дигар тараф сабабгори ин ҳама ноамниҳо гашт. Бубинед, ки ҳамин мухлисон дар оғоз то саршавии бозӣ Рустами Эмомалӣ ва меҳмонони дигарро бо кафкубӣ истиқбол карданд. Дар давоми бозӣ ҳамвора парчами ҷумҳуриро баланд бардошта ва алвонҷ медоданд ва шиорҳои шукри истиқлолияти кишварро бо расми президенти кишвар баланд бардошта ва бо ифтихор нидоҳои шодӣ мебароварданд. Маълум буд, ки ҳисси ватандӯстии ин ҷавонон хело зиёд аст, аммо як инфиҷор, ба андешаи коршиносон ин ҳама муқаддасотро барбод дод.»

«Наҷот» номаи Н.П. Малахов, раҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бахт» ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зери сарлавҳаи «Дод аз дасти Ҳасан Саъдуллозода» -ро чоп кардааст, ки мавсуф навиштааст, ки «банда низ таҳаввулоти ба вуқӯъпайваста дар 20-соли истиқлолро таҳлил намуда ба хусус дар мисоли даъво ва баҳси парвандаи худ алайҳи бахши хуҷандии «Ориёнбонк» мушоҳида кардам, ки тайи ин 20 сол, ягон гуна ҳимояте аз ҳуқуқи шаҳрванд, волоияти қонун вуҷуд надорад. Ва ҳамаи ин гуна ҳарфҳо, ки истиқлолияти давлатӣ барои шаҳрвандон ҷиҳати ҳимояти онҳо шароити мусоид фароҳам овардааст, дурӯғе беш нест.»

Ҷаноби Малахов хитоб ба президент навиштааст, ки «ман хеле хуб дарк эҳсос кардам, ки чӣ тавр ашхоси наздик ба Шумо, мисли Ҳасани Асадуллозода, ки додарарӯси Шумост, чӣ бедодгариеро дар мисоли ман барин инсонҳо анҷом медиҳад, вале ӯро гӯё ҳимоят мекунед. Аз аризаҳое, ки бештар аз 50 маротиба унвонии Сарвари давлат ба хотири ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандӣ, оилаи хеш ва ҳифзи манофеъи иқтисодиам ирсол доштам, кадом як ҳимоя, ҳатто посухи муносибро дарёфт накардам. Аслан ман ба Шумо чӣ лозимам, дар ҳоле, ки Асадуллозодаҳо ҳастанд?...»

Зимнан баҳси ширкати «Бахт» бо намояндагии бонки «Ориёнбонк ҷиҳати рӯёнидани маблағи ҳудуди 600 ҳазор сомонӣ аз ин бонк аз соли 2009 идома дорад ва то ҳол ин ширкат натавонистааст, ки маблағи худро бигирад.
XS
SM
MD
LG