Озодӣ: Шумо аз вазифаи муовинати раиси кумитаи ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ сабукдӯш шудед, ки ҳар гуна сару садоҳоро ҳамроҳ дошт. Аммо асли қазия чӣ аст?
Мӯъмин Қаноат: Асли қазия ин аст, ки дар ҳар кор аз рӯи имконот ва аз рӯи қонунмандии мавҷудаи Тоҷикистон мебояд мавзеъ гирифт.Аслан ҳар кас дар як мақом бояд ду навбат кор кунад. Дар ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон панҷ сол ба ҳайси муовини раис ва раиси кумитаи иҷроия дар як вазъияти хеле мушкил фаъолият кардам. Он солҳо ҳар кас мардумро ба ҳам оварда наметавонист. Баъд аз ҷаноби олӣ хоҳиш кардам, ки ба як кори ба касби худам наздик машғул шавам беҳтар аст. Гуфтанд, ки пас ба Кумитаи ҷоизаҳои давлатии ба номи устод Рӯдакӣ, ки хароб шудааст равед ва онро обод кунед. Ду навбат кор кардам. Аз ин зиёд аслан мумкин нест. Аз тарафи дигар ҳамин тавр хулоса кардам, асаре, ки шоистаи чунин ҷоиза бошад, бисёр кам аст ё нест. Танҳо дар сохтмон ва
меъморӣ корҳои хубе анҷом ёфта истодаанд. Фикр мекунам, ки будани ман дар инҷо дигар муҳим нест. Соли оянда 20-уми май ҳаштодсола мешавам. Нақшаҳои зиёде дар пеш дорам. То ба имрӯз машғули корҳои сохтмон, таъмир ва сулҳу ваҳдат будам. Аз ин рӯ, корҳои эҷодиамро ба анҷом расонида натавонистам. Ба ин хотир бояд ин ҳамаро ҷамъбаст кунам.
Озодӣ: Яъне Шумо аз таҷрибаҳоятон китоб ва шояд китоби илмӣ навиштаниед?
Мӯъмин Қаноат: Илмиву адабиву ёддошту хотираҳо. Ногуфта намонад, ки ҳоло ман як қисми ёддошту хотираҳоро навиштам, аз таърихи Тоҷикистон. Он саҳфаҳои таърихие, ки аз он кам ёдовар шудаанд ва ё танҳо ишора шудааст, дар робита ба таърихи қадим ва таърихи навин, таърихи сиёсӣ ва фарҳангӣ. Албатта, аз рӯи ҳуҷҷату санадҳо. Қисми зиёдашро навиштам.
"РИСОЛАТИ ШОИР ДАР ШАРҚ РИСОЛАТИ ПАЁМБАРИСТ."
Озодӣ: Гуфта мешавад, ки на ҳама ҷоизадорони ба номи Устод Рӯдакӣ сазовори ин унвонанд ва бархе аз онҳо ҳатто бо мудохилаи мақомоти давлатӣ соҳиби ин ҷоиза шуданд. Ин гуфтаҳо то куҷо асос доранд?
Мӯъмин Қаноат: Аз мақомоти олӣ, махсусан аз ҷаноби оливу наздиконаш касе ба ман супориш надодааст, ки фалонӣ барандаи ҷоиза шавад ва ё нашавад. Шояд дар сатҳҳои пойинтари дастгоҳ нафарҳое ҳастанд, ки манофеи ин ё он гурӯҳ ва ё муаллифро дастгирӣ мекунанд. Аммо мустақиман ба ман ҳеҷ кас на телефон кардааст, на амр додааст ва на ҳарфе задааст. Чун медонанд, ки ман амри ботилро қабул надорам. Аз ҳар сатҳе, ки бошад, дар ҳар мавзӯъе, ки бошад. Ман барои ин кишвар рисолати дигар дорам, аз аввал то ба имрӯз. Рисолати шоир дар кишварҳои шарқӣ ва хусусан барои миллати форс ва тоҷик, рисолати пайғамбарист. Агар шоҳон, амирон, усули давлатдорӣ, усулҳои сиёсиву иқтисодӣ, усули дипломатиро ҳаллу фасл мекарда бошанд, усули инсонсозӣ, ҷомеасозӣ, ахлоқи хуби ҳамида, некиву накӯкориро ба мардум талқин кардан ва ҷомеаро дар ҳамин
роҳ тарбият кардан ин кори шоирон аст. Ҳатто олимон ин корро карда наметавонанд. Ба ин хотир онҳое, ки шоири воқеъӣ ҳастанд ва ин рисолатро доранд, инсони нав месозанд. Инсони наве, ки дар замони худ ҳам гузаштаро арҷ гузорад ва ҳам ояндаи миллатро равшан мекунад. Ҳаминро бо ин дӯстону шогирдоне, ки доштам аз солҳои 50 ва 60-ум то ҷое, ки нерӯ ва тавон доштем, иҷро кардем.
"БОЗОР СОБИР МОНДАН ОМАДА БУД..."
Озодӣ: Барои исботи хидматҳои Шумо ба халқу давлати Тоҷикистон ҳеҷ далеле лозим нест. Аммо устод чун шумо ин ҷо дар бораи рисолату манзалати шоир дар ҷомеа сухан кардед, бубинед, чанде пеш шоири дар ғурбати тоҷик Бозор Собир ба ватан омада буд. Аммо ӯро ба таври шоиста пешвоз нагирифтанд ва шаби эҷодии шоир ҳам баргузор нашуд...
Мӯъмин Қаноат: Сафари вопасини Бозор тавре сурат гирифт, ки ӯ баъд аз ҷарроҳии қалб омад ва ҷиддан мариз ҳам буд. Омада буд, ки як ҳусни тафоҳум эҷод мешуда бошаду як муроот ва дар ин ҷо як ҷову макон пайдо кунаду ба ватани аслиаш баргардад. Дар ҳар нишаст ишора мекард, ки онҷо як ҷое ҳаст, ки шунаванда надорам. Мераваму мегӯям, розҳову ормонҳоямро ва пас мегардам, мегуфт. Ин ишора буд. Яъне мехост, ки дар ватани худ зиндагӣ кунад. Дар муддати ин ҷо будани Бозор ман се бор ҳамроҳаш нишастам. Рӯзи аввали омаданаш, бори дуввум якҷоя ҳамроҳи дӯстони қарин нишастем. Баъд ман ба Дарвоз рафтаму онҷо 45 рӯз мондам. Ман онҷо мондам ва касе миёнарави Бозору боло нашуд. Билохира, вақте ки баргаштам, вақти бозгаштанаш буд. Дафъаи охир ҳамон рӯзу шаби охирин ҳамроҳаш будам. Боғи марказии шаҳри Душанберо нишонаш додам. Гуфт, ки мехоҳад Лучоб равад, сари оромгоҳи Мирзо Турсунзода ва бархе аз аҳли фарҳанги тоҷик. Онҷо як навъ пантион, яъне оромгоҳи шахсони барҷаста аст. Рафтем он ҷову фотиҳахонӣ кардем. Дигар рафтанду боз шикваву шикоятҳо бардоштанд. Хислати Бозорро ҳама медонанд. Як одаме ҳаст, ки ҳеҷ гоҳ сиёсатмадор набуд, шоир буд. Онҷо низ сиёсати Амрикоро сахт зери тозиёнаи танқид мегирад.
"ҲАЙСИЯТИ ШОИРОНИ БУЗУРГИ МО БАЛАНД БУД"
Озодӣ: Устод фикр мекунед, чаро бештари шоирони имрӯза як навъ тамаллуқкор шудаанд?
Мӯъмин Қаноат: Шахсияту ҳайсият ва рисолати шоирони бузурги мо баъд аз инқилоби Бухоро, устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва олимони мо чун Бобоҷон Ғафуров бисёр баланд буд. Дараҷаи эҷодкориашон дар он замон дар сатҳи хеле баланд қарор дошт. Баъзеҳо мегӯянд, ки устод Турсунзода коммунистгаро ва интернатсионалист буданд ва ҳуввияти миллиашон камтар буд. Ҳол он ки Турсунзодаро, вақте, ки дар комсомол (Созмони коммунистони ҷавон) ифои вазифа дошт, як дафъа миллатчии буржуазӣ эълон карданд, ки фирор кард ва ба Хуҷанд рафт. Се маротиба он касро зери фишори сиёсӣ қарор доданд. Ҳатто боре аз раёсати Иттифоқи нависандаҳо сабукдӯш карданд (ҳафт рӯз). Баъд аз Маскав дастур доданд, ки ба Турсунзода нарасед, ӯ нафари мост, ӯ одами Иттиҳоди
Шӯравӣ аст, сипас дубора ба кори пештара даъват шуд. Яъне ба шарафи чанд нафар барҷастагони ҳунару адабиёту сиёсат, кори андешаи миллӣ, ҳуввияти миллӣ, рушд мекард. Вале ҳама чиз дар ҷаҳон як фосила вақт дорад, на аз он зиёду на камтар. Агар коре, ки пеш гирифтаед, онро таҳаввул ва сифатан нав накунед, мутобиқи маърифати замон дар низоми нав ҳамоҳанг насозед, он аз байн меравад. Бадбахтии мо ҳамин аст, ки вақте кореро оғоз мекунӣ, як насл онро хуб анҷом медиҳад, вале насли дигар аз рӯи талаботи замон, онро таҷаддуд ва нав намекунад ва он чиз кӯҳна шуда аз байн меравад. Одамоне, ки нав ба майдон меоянд ба он лаънат мехонанд. Барои чӣ? Фикр намекунад, ки ҳамон амр, ҳамон сиёсат хуб буд. Фарз кардем Шӯравӣ. Ҳамаи иқдомҳояш бад набуд. Дӯстии халқҳо, ҳамоҳангӣ, абарқудратӣ, фақирпарварӣ, ятимпарварӣ. Корҳои хуб зиёд дошт, лекин аз рӯи хилқати инсонӣ ҳар чизе, ки аз байн рафт ҳама ба он нафрин мехонанд. Аз хубиҳояш чашм мепӯшанд. Мехоҳанд аз байн бубаранд. Зиёиён кӯшишҳо карданд. Қонун сохтанд ва ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ доданд, ки баъд ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Даргирии нерӯҳои сиёсӣ эҷод шуд. Ҳам коммунистон ва ҳам оппозитсиони исломӣ ва ҳам демократҳову сотсиалистҳо аз рӯи маънӣ ва ҳадафи асосии ҷомеаву миллат назари ҳамназар набуданд, балки мухолифи ҳамдигар буданд. Чун вазъи ҷомеа таҳлили ҷиддӣ нашуда буд. Касе вазъро идора карда наметавонист ва касе ҳам намедонист, ки тарроҳии ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар куҷо сурат гирифта буд. Фирори мардум шурӯъ шуд ва ҳама миллатҳо аз инҷо фирор карданд. Русзабонҳо рафтанд, онҳое, ки мутахассис буданд. Оппозитсияи исломӣ, демократҳо, сотсиалистон ба чор тараф парешон шуданд. Ҷавоби ин суолро кӣ пайдо мекунад, ки чаро ин тавр шуд?
"МАН ФИРОР НАКАРДАМ..."
Озодӣ: Яке аз он фирориён худи шумо низ будед, то чанд муддат…
Мӯъмин Қаноат: Ман фирор накардам. Ман ҳамроҳи онҳое рафта будам, ки ҷониби Қирғизистону Қазоқистону Русия рафтанд. Агар ман ва чанд тани дигар намерафтем, ба онҳо касе кор намедод, дар он кишварҳо. Ман ҳамчун як нафари мӯътамади Иттиҳоди Шӯравӣ рафтам, ки онҳо маро мешинохтанд. Чингиз Айтматов, Олжас Сулаймонов, олимону шоирони рус ҳама маро мешинохтанд, чун ман бо онҳо кор мекардам. Ҳар ҷое мерафтаму чизе мегуфтам, қабул мекарданд.
Озодӣ: Оё инҷо монданатон хатар дошт?
Мӯъмин Қаноат: Бале, чун ман ҳама чизро ошкор мегуфтам. Касе, ки мондагор шуд, онҳоро аз байн бурданд.
ОЁ ҶАНГИ ШАҲРВАНДИ ТО ҲАНӮЗ ИДОМА ДОРАД?
Озодӣ: Дар як сӯҳбататон гуфтед, ки ҷанги шаҳрвандӣ то ҳанӯз дар мо идома дорад, аммо бидуни силоҳ. Манзуратон чӣ буд?
Мӯъмин Қаноат: Манзур, ин ҷанги бесилоҳ аз нигоҳи назария буд. Нашинохтан ва муроот накардани ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандии ҳама. Дар ҳамон пояе, ки буд имрӯз низ дар он поя аст. Эътироф накардани ҳаққу ҳуқуқи инсонӣ. Ин як. Дуюм ин дар ҳама риштаҳо, дар ҳама мақомоти давлатӣ ҷой надоштани намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон, яъне ҳукумати фарогир ва умумимиллӣ. Нерӯҳои асосӣ ва
тавонои Тоҷикистон бояд шомили ҳукумат бошанд. Шахсиятҳо, на тамаллуқкорон. Худи ҷаноби олӣ мегӯяд, ки мардумгаро ҳастам ва ҳар ҷое, ки вазиру кабир нараванд, ман бо дастаи худам меравам. Маро “имоми замон” нагӯед, маро “шоҳи шоҳон” нагӯед, ман раисиҷумҳур ҳастам ва бо шумоям. Чаро ман наздатон биёям маро тавсиф мекунед, ба дараҷаи худовандӣ мебароред маро. Ман аз ин муносибататон нисбат ба худам шарм медорам, мегӯяд президенти кишвар. Аммо мардум боз ҳам ҳамон корро мекунад.
"МАН ҲЕҶ ГОҲ АЛАЙҲИ ИН ҲУКУМАТ НАБУДАМ."
Озодӣ: Яъне, онҳое, ки дар паҳлӯяш ҳастанд?
Мӯъмин Қаноат: Онҳое, ки дар давру бараш ҳастанд, мехоҳанд ӯро тавсиф кунанд ва аз вазъияти асосии Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз то ҷое дар ғафлат мононанд ӯро. Ҳадафашон ҳамин аст. Нокомиҳое, ки Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон ва байни давлатҳои ИДМ дорад, барои мисол, масъалаи сохтмони Роғун. Асли ин нокомӣ дар чист? Он программа (барнома)-е, ки тарроҳӣ карданд аз берун, то халал расонанду мо насозем. Ин алайҳи истиқлоли иқтисодии Тоҷикистон аст. Онро дар ҷойи дигар тарроҳӣ мекунанд. Ман ҳеҷ гоҳ алайҳи ин ҳукумат набудам. Ҳамеша, то ба имрӯз ҳамроҳи ҳукумат кор кардам ва мехоҳам, ки кораш бобарор бошад. Аз рӯи маърифат ва талаботи замон бошад, демокративу дунявиву ҳуқуқбунёд бошад. Агар ҳукумат масъули рушди иқтисодиёт, густариши сиёсати Тоҷикистон бошад, масъули кушоиши роҳҳо ва ҷодаҳои нав дар ҷаҳони имрӯз бошад, моро аз ин роҳ касе баргардонида наметавонад. Касе дастгирӣ накунад ҳам, худамон танҳо иҷро мекунем. Ба ин хотир, ба он чизе, ки мегӯем ё таҳаммул кунанд ё кордор набошанд. Ба мо халал нарасонанд.
"ШОИР БА ШОИР ХАЛАЛ МЕРАСОНАД."
Озодӣ: Кӣ ба кӣ халал мерасонад? Манзуратон кӣ аст?
Мӯъмин Қаноат: Ба шоирони асил. Олимону шоирони ҳақиқӣ бисёр кам мондаанд.
Озодӣ: Кӣ ба онҳо халал мерасонад?
Мӯъмин Қаноат: Ҳама. Ҳатто шоироне, ки дардашон дигар асту мақому мансаб ва ҷоҳ мехоҳанд. Аз шоирӣ чӣ ҷоҳ металабӣ? Шоирӣ танҳо шоирӣ аст. Бо фармон шоир сохтан намешавад. Шоир бошӣ, ҳастӣ.
ЧАРО ҚАНОАТ " РАҲМОННОМА" НАМЕНАВИСАД?
Озодӣ: Як асаре бо номи “Масъуднома” навиштед. То ҷое шунидем пешниҳодҳо шуда, ки асаре бо номи "Раҳмоннома" нависед.
Мӯъмин Қаноат: Баъд аз шаҳодати Масъуд ман ин достонро навиштам. Ҳеҷ кас ба ман пешниҳод накардааст ва дар ин бора фикр ҳам накардаам. Синну соли ман дигар барои навиштани чунин достон кифоят намекунад. Ҳофиза, ҳарорат ва он дилгармие, ки ман доштам, дигар ба ҳеҷ чиз надорам. Танҳо ба ҳамин миллат дорам. Як миллати бесоҳиби бенаво. Охирин абераам Диловаршоҳ сесолаву семоҳа аст. Муҳаббат танҳо ба ӯ дораму Далер писарам, ки ҳоло дар Торонто аст. Ва ба ҳамин миллат.
Озодӣ: Ба янга чӣ?
Мӯъмин Қаноат: Хайр, ҳа. Чун ӯ маъшуқаи аввалинам буд ва то имрӯз бо ҳам ҳастем.
"ДАРВОЗ МЕРАВАМУ БАР НАМЕГАРДАМ."
Озодӣ: Барои чӣ ин қадар ноумед сӯҳбат мекунед?
Мӯъмин Қаноат: Барои он, ки дилам аз ҳама чиз монд. Ман меравам Дарвозу дигар пас намеоям.
Озодӣ: Чун сӯҳбат ба самти зодгоҳатон тоб хӯрд, як саволе пеш омад. Шумо гуфтед ба қарори ҳукумат дар Дарвоз осорхонаи Мӯъмин Қаноат кушода мешавад, аммо тавре иттилоъ дорам он мебоист соли 2002 ба муносибати 70-солагиатон ба кор шурӯъ мекард. Бо вуҷуди ин, соли гузашта вақте президент ба вилояти Бадахшон сафар дошт, мебоист лента ва ё риштаи рамзии ин осорхонаро мебурид. Чаро ин кор рух надод?
Мӯъмин Қаноат: Қарори ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ин осорхона дар соли 2002 бо имзои ҷаноби олӣ иттихоз шуда буд. Сохтмони онро мо ҳанӯз дар соли 1989 шурӯъ карда будем, ки он вақт Маркази фарҳангӣ ном дошт. Қарорро қабул карданду 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ низ доданд. Ва ба масъулони ВМБК супориш доданд, ки ин
корро анҷом диҳанд. Аммо намояндаи онҳо то ба имрӯз ба он ҷо наомадааст. Соли гузашта як маротиба раиси ВМКБ омад. Аз ноҳияи Дарвоз раисаш ҳатто як бор ҳам наомад. Баъд аз он ман Бунёди Мӯъмин Қаноатро ташкил додам. Дигар пул ҷамъ кардам, аз бонкҳову созмонҳои байналмилалӣ, аз ҳукумати Эрон, ки ҳам пул ва ҳам китоб доданд. Пурсиданд, ки ҳукумати Тоҷикистон чанд пул дод. Гуфтем, ки даҳ ҳазор сомонӣ. Даҳ ҳазор сомонӣ сафорати ҶИЭ дод. Ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ китоб барои ман тақдим карданд. Се ошёнаи Бунёдро сохтем, 450 метр роҳро дар деҳа мумфарш кардем. Боғ дорад. Осорхонаву китобхонааш ҳам фаъол шудааст, маркази омӯзиши забонҳо ва асосҳои компютер ташкил шудааст ва барои алоқамандон омӯзиши хатти ниёгону имлои низ ба роҳ монда мешавад. Ҳол он, ки он расман ифтитоҳ нашудааст. Соли гузашта рафтем, барои ифтитоҳ омода буд. Ифтитоҳ нашуд ба хотири он, ки мардум ҳама Хоруғ рафтанд ва аз онҷо мустақиман баргаштанд. Фурсати дигар нашуд. Баъд аз даҳ рӯз ман ҳам дигар меравам. Дар ҳудуди 8 ҳазор доллари дигар корҳо боқӣ мондааст. Феҳристи китоб ва осори мавҷуда дар онро бояд тартиб диҳем. Як адад компютер низ бояд бурда шавад. Як телевизорро бо мавҷгир ва бунёдаш вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов тақдим кард. Ва як истгоҳи барқии кӯчак, ки онро Шералӣ Гул ба осорхона тӯҳфа намуд. Сайти Бунёдро низ месозем. Ба хотири он, ки ҳамеша бо онҷо робита бошад. Иншоаллоҳ ин корҳо иҷро мешавад.
ҚАНОАТ ЧӢ "ГУНОҲ" КАРД?
Озодӣ: Пештар бо ҳукумат гӯиё як навъ наздик будед, чун даъват мекарданд, садрнишин будед. Имрӯз чаро чунин нест?
Мӯъмин Қаноат: Сабаб ҳамон сӯҳбате, ки бо ҳафтаномаи “Миллат” доштам, ман онҷо чанд ишора ба ҳукумат кардам. Агар он ишороте, ки соли гузашта ман дар он мусоҳибаам кардам, ислоҳ мешуд, ҳозир барои сохтмони Роғун маблағгузорӣ мешуд. Баръакс, алайҳи ман низоъ эҷод карданд. Бо ман чӣ низоъ мекунанд, ки ҷанги сарди Тоҷикистон гарм шуда истодааст. Ман ҳамчун дӯст ба онҳо ҳушдор додам, ки ҳушёр бошед, ҷанг давом дорад, дар муҳит, атрофу ҳамсояҳо ҳамвора алайҳи Тоҷикистон кор бурда истодаанд. Ман ҳаракати ваҳдатро ёд овардам. Вақте, ки ман рафтам, гуфтам, ки низоъшиносӣ илм аст, дар ҳар фосила низоъҳо шакли дигар мегиранд. Пайваста ҷомеаро биомӯзед, ки дар куҷо низоъ эҷод мешавад. Касе коре накард. Ба таърифу тавсиф машғул шуданд. Ҳукуматро таъриф карданд, ҳол он ки гирду атроф ҳама дар ҳолати таркиш буд. Модел, модели нави пешгирии таркишҳову низоъҳоро насохтанд. Вақте даргирӣ сар мешавад, баъд мӯи сарашонро медоранду мегӯянд, ки чаро пешгирӣ накардем.
БАЪДИ СОЗИШНОМА ҲАҚҚУ ҲУҚУҚ РИОЯ НАШУД
Озодӣ: Паҳлӯи дигари масъала он аст, ки кадом омилҳо мардумро ба чунин иқдомҳои ниҳоӣ мекашанд?
Мӯъмин Қаноат: Шояд дар ҳамон вақти ба имзо расидани қарордоди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ. Роҳбарияти Иттиҳоди оппозитсиюни Тоҷикистон ва ҳукумати Тоҷикистон, ки медонед, панҷ давлат аз он пуштибонӣ мекарданду кафолат дода буданд, ки бояд ба иҷро бирасад. Вақте созишнома ба имзо расиду онҳо ба ватан баргаштанд, ҳаққу ҳуқуқҳои онҳо то ба охир муроот нашуд. Ман он вақт муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон будам, ки дар ҳама ҷо тарроҳиву барномакашӣ дар дасти ман
буд. Ҷаноби олӣ имзо мегузоштанду онро амалӣ мекарданд. Аммо вақте ки онҳо бозпас омаданд, дар дохили нерӯҳои ҳукуматӣ низоъ шурӯъ шуд. Онҳоро оварданд, вале омилҳои дохилиашон ноомӯхта буд. Қумондонҳову силоҳбадастоне, ки мақому манзалат доштанд, даъво карданд, ки чаро онҳоро овардӣ. Яъне ин ҷараёнро то ба охир наомӯхтанд.
"АЗ ҲАР МАҲАЛ ЯК КАС МЕБАРОЯД."
Озодӣ: Чун баъд аз имзои санади сулҳ чанд фурсат сипарӣ шуд, он гурӯҳҳое, ки як ҷониби сулҳ буданд аз қудрат канор зада шуданд. Шахсиятҳои сазоворе низ доштанд. Ҳоло мисле, ки ҳукумат ба дасти як гурӯҳ афтод. Оё ин ҳам таъсир дошт?
Мӯъмин Қаноат: Табиӣ аст, ки ин ҳам таъсир дорад. Он шахсиятҳое, ки омада буданд, барои мисол Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, шояд таъсири илмиаш ҷиддӣ набуд, лекин таъсири ахлоқӣ ва одамияташ хеле баланд буд, одами қавл ва рост буд. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мутахассиси таҳсилкардаи илми ҳуқуқи байналмилалӣ аст. Ӯ як марди фақеҳи исломӣ мебошад. Гапи ӯро нодида гирифта намешавад. Чизе, ки ӯ медонад, метавонист, ки мардумро ба ҳам биёрад, аз рӯи шаръи исломӣ. Ба нафарҳои худаш метавонист бигӯяд, ки ба ҳукумат кӯмак кунед. Ин тавр намешавад, ки фақат як қишри ҷомеа умури як давлату миллати бузургро дар ихтиёр дошта бошад. Дониш кифоят намекунад. Дар як гурӯҳ чанд одами босалоҳияту донишманд мерӯяд. Донишмандон як фисади одамон буданд, аз аввали дунё то ба кунун. Аз ҳар маҳал як кас мебарояд. Боқимондаро аз дигар маҳалҳо бояд гирифт. Онҳоеро, ки ватандӯстанду нафси хуб доранд, некбин ҳастанд, худашонро барои миллат қурбон мекунанд.
"ТОҶИК ТОҶИК АСТ..."
Озодӣ: Яъне ҳукумат натавонист аз таҷрибаву дониш ва аз шахсияти онҳо барои суди ҷомеа ва миллат истифода кунад ё ин ки нахост?
Мӯъмин Қаноат: Ман дигар ботини ҳеҷ кадоми онҳоро намедонам. Ба хотири он ки то охир хуб истифода набурданд ҳеҷ кадоми онҳоро. Сиёсати ҳукумати Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушода аст, ки ҳам бо Чин, ҳам бо Русия ва ҳам бо Афғонистону Эрон ва Иттиҳодияи Аврупову Амрико ҳамкорӣ мекунад. Лекин дар ҳар маврид, барои он, ки ҳукуматро бо исломигароӣ бадном накунанд, аз онҳо фосила мегирад. Он фосила бузургу фарох мешавад. Дар дохили як
миллат бозии сиёсии дипломатӣ мешавад. Дипломатия барои ҳамсояҳои дуру наздик, яъне хориҷиёну аҷнабиён аст. Дар дохил дипломатия ба кор намеояд. Аслан набояд бошад. Ошкоро аст, лекин амри ботиниву виҷдонӣ ва имонист. Ҳамзабонӣ ҳамхунӣ аст, инҷо. Фарёди хун аст инҷо. Ҳар тоҷике, ки кушта шавад, ӯ тоҷик аст. Фарқ надорад, ки ӯ коммунист ё исломӣ, демократ ва ё сотсиалист аст.
"ҲАЙКАЛИ ХОМӮШӢ"
Озодӣ: Миёни зиёиён шуморо ҳайкали хомӯшӣ ном дода буданд. Аммо он сӯҳбате, ки анҷом додед, баъзе аз коршиносон гуфтанд, ки Мӯъмин Қаноат ҳамчун зиёӣ ниҳоят ҳарфи дилашро гуфт, ки шикаст яхҳоро. Вале баъзе аз ҳампешагонатон ин сӯҳбати шуморо таҳаммул накарданд. Чаро?
Мӯъмин Қаноат: Шояд ба хотири он, ки аз як чиз мисле, ки метарсида бошанд. Пеш аз ҳама ин камҷуръатии онҳост. Агар каси дигар ё ягон нафари ношинохта он ҳарфҳоро мегуфт, ин қадар муҷозот намешуд. Ман барои он муҷозот шудам, ки мардум мутаваҷҷеҳи он гуфтаҳо шуданд. Ҳама медонад, ки ман дурӯғ намегӯям. Ман мансаб намехоҳам. Ягон фарзанди ман дар ҳукумати Тоҷикистон на имрӯз мансаб мехоҳад ва на фардо. Шукри Парвардигор, фарзандам Далер бо ҳамсараш, ки духтари Мирзо Турсунзода аст, онҷо (Канада) кор ва зиндагонӣ мекунанд. Набераи дигариам, ки Мирзо ном дорад ба муносибати бобои бузургвораш номгузорӣ шудааст,
Донишгоҳи Торонторо дар риштаи биохимия тамом кард. Аспирантураро низ онҷо ба итмом расонид ва ҳоло докторантура меомӯзад, ки боз се соли дигар таҳсил мекунад. Кори илмиаш табобати маризи саратон бо усулҳои навтарини илми ҷаҳонист. Боз як набераам, ки духтар аст - Суман дар улуми иҷтимоиву забону фарҳангу зебоишиносӣ таҳсил дорад. ӯ Оксфордро тамом кард. Ба муносибати таҷлили садсолагии бобои бузургашон Мирзо Турсунзода иншоаллоҳ меоянд инҷо.
ЧАРО АДИБОН АЗ КАМБУДИҲО НАМЕГӮЯНД?
Озодӣ: Яъне на танҳо ҳукуматдорон, балки адибони мо низ намехоҳанд аз камбудҳои имрӯзаи ҷомеа ҳарф зананд ва ё баръакс чашм бипӯшанд?
Мӯъмин Қаноат: Онҳо мисле, ки ҳақиқату воқеъиятро дуруст намешиносанд ё аз маҳалгароиашон мешиносанд, ё аз ҷаҳонбинии тангашон ва ё аз мақоме, ки дар ҷомеа доранд, метарсанд, ки ҳамонро низ аз даст медиҳанд. Кори ҷиддии илмиву эҷодӣ накардаанд, ки боқӣ бимонанд. Дар роҳбарияти Иттифоқи нависандагон, дар роҳбарияти илм, фарҳанг, дипломатияи мардумии дифои миллати тоҷик, дар саросари ҷаҳон коре накардаанд, ки мондагор бошад. Ман кор кардам. Соли 1989 ман дар мақоми охирини илмиву адабиву ҳунариву сиёсиам расидам. Мақоми охирин ҳамон буд.
"МИЛЛАТ ИМРӮЗ ҶАСУР НЕСТ, ЗИРАК НЕСТ...?
Озодӣ: Гуфтед, ки хеле ноумед ҳастед ва ба ноҳияи Дарвоз мераведу дигар барнамегардед. Чаро?
Мӯъмин Қаноат: Ҳарчанд ин миллатро касе аз ман бештар дӯст намедорад, аммо барои ман дигар он бегона шудааст. Миллат имрӯз ҷасур нест, зирак нест, замонавӣ нест, афсӯс.
Озодӣ: Ин миллат низ шуморо дӯст медорад, ба ҳарфи гуфтаи шумо таваҷҷӯҳ мекунад. Шояд шуморо бархе аз ин миллат ва ё гурӯҳе аз он дилмонда карда бошанд?
Мӯъмин Қаноат: Инро акнун ҳавола ба Худо мекунем.
Озодӣ: Маоши имрӯз мегирифтаатон бароятон кифоят мекунад?
Мӯъмин Қаноат: Чорсад сомонӣ маош мегирам. Ҳарчанд, ки хизматҳои шоиста дар соҳаи фалону фалон кардам. Панҷоҳ доллар барои шоири халқии Тоҷикистон, панҷоҳи дигар барои узви Академияи илмҳои Тоҷикистон. Барои таъмини як хонаводае, ки ҳама иборат аз ҳашт нафаранду аксари он кор намекунад, маоши дуруст нест ва боқӣ ҳама кӯдаконанд. Як навъ кӯшиш мекунем. Ман ба ҳамаи сарони Иттиҳоди Шӯравӣ наздик будам, бо онҳо дар минбарҳо нишастам, аммо ба ягон нафари онҳо хушомад назадаам. Бо Хрушеву Брежневу Андропов нишасту хез доштам. Маро ҳурмат мекарданд.
ҚАНОАТ БА РАИСИ ҶУМҲУР ЧӢ ХОҲАД ГУФТ?
Озодӣ: Имрӯз чӣ?
Мӯъмин Қаноат: Имрӯз низ. Агар ман аз ҷаноби олӣ хоҳиш кунам, ки маро қабул кунанд, фавран қабул мекунанд.
Озодӣ: Агар қабул кунад, дар бораи чӣ сӯҳбат мекардед?
Мӯъмин Қаноат: Баъзе мавзӯъҳо дар бораи ояндаи миллати тоҷик, ки онҳоро ошкор намекунам.
Озодӣ: Ишорае ҳам намекунед?
Мӯъмин Қаноат: Ин ҳарфҳое ҳастанд, ки танҳо барои як кас мебояд гуфт.
Озодӣ: Дар бораи иштибоҳҳояш низ ҳарф мезанед?
Мӯъмин Қаноат: Ин табиист, албатта. Ҳукумате, ки дар ин вазъият кор мекунаду сохтмони бузург дораду пулаш чандон кифоят намекунад, ҳамсояҳо халал мерасонанд ва аз тарафи Афғонистон Толибон ва дар рӯ ба рӯи мо хатар истодааст, аз ҳар самте, ки гиред, як навъ хатар мавҷуд ҳаст барои мо. Ҳатто ҳамкориҳои бисёр наздик, дарҳои бози мо бо Чин ҳам як навъ истеъмори бесадо, пахш кардани як порча замин аст. Дигар чизе нест. Бо онҳо на ҷанг карда мешавад ва на муқобилияту на ҳеҷ чиз. Инҷо бисёр, хеле зиёд ҳушёр бояд буд.