Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хулосаи матолиби нашрияҳои ин ҳафта


Бозтоби равобити Тоҷикистон бо Русия ва Узбакистон аз мавзӯъҳои аслии нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

«Озодагон» дар матлаби «Суғурта» барои соли 2013» муносиботи Русия ва Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст. Баҳси созишномаи ҳамкориҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ва истифода аз фурудгоҳи низомии Айнӣ дар меҳвари ин матлаб қарор гирифта ва
Шӯриши Восеъ пояи ҳукумати
манғитро ларзонд, вале мутаассифона шикаст хӯрд. «Тӯфони Сангак» мутаасифона назҳати миллиро шикаст, ҳукумати кунуниро ба қудрат расонд, акнун низоъи футболии атрофи «Равшан» то ба куҷо мекашад?

муаллифи матлаб ин суолро матраҳ кардааст, ки «оё Тоҷикистон метавонад аз Русия ба ивази ҳузури низомиаш дар кишвари мо пул «канад»?

Таҳлилгарон ин гуна сурат гирфтани воқеаро баъид медонанд. Зеро ба таъкиди онҳо, Русия дар сурати «аз роҳ нагаштани Тоҷикистон метавонад аз усулҳои замони шуравӣ истифода бурда, бо роҳҳои гуногун ба Тоҷикистон фишор орад.»

"201, АЙНӢ ВА БЕНЗИН"

«Нигоҳ» дар ин мавзӯъ бо нашри матлаби «201, «Айнӣ» ва бензин» менависад, «Русия фурудгоҳи «Айнӣ» -ро пойгоҳи муҳими стратегӣ барои ҳифзи «марзҳои ҷанубии ИДМ ва СПАД» медонад. Душанбе бар ин аст, ки русҳо бо ифтитоҳи боз як пойгоҳи низомӣ мехоҳад батамом мавқеи яккатозии худро дар Тоҷикистон «кафшер» кунанд. Дар қиёс бо пойгоҳи «201» мавзӯи фурудгоҳи «Айнӣ» танҳо маблағ нест, зеро ба истиқлолияти Тоҷикистон рабт мегирад. Агар иҷораи фурудгоҳро Душанбе санге ҳамвазн дар тарозуи тавозуни қудратҳо мебинад, пас аз эҳтимол дур нест ё бояд, ки соҳиби нави он Маскав набошад».


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00
Линки мустақим



Нашрия ҳамчунин навиштааст, ки «ҳузури пойгоҳи «201»-ро Тоҷикистон ба он хотир таҳаммул мекунад, ки беш аз 1 миллион сокинаш муҳоҷири корӣ дар Русия ҳастанд ва беш аз 40 дарсади ММД -и кишварро ворид мекунанд. Душанбе пойгоҳи «201» ва муҳоҷиратро «ду гови муқаддас» мешуморад, ки набояд кушта шаванд. Аммо ҳисобу китобҳои расмӣ дар Маскав нишон медиҳад, ки муҳоҷирони корӣ агар барои Тоҷикистон як рубл фиристанд, барои Русия шаш рубл фоида меоранд. Талаби 300 миллион доллар иҷорапулӣ бар ивази ҳузури Пойгоҳи низомӣ бо ин асоснок мешавад».

МУНОСИБАТИ БЕТАҒЙИРИ ТОШКАНДУ ДУШАНБЕ

«Имрӯз-нюс» аз нишасти хабарии ахири вазири хориҷии Тоҷикистон матлаберо зери сарлавҳаи «Зарифӣ: равобити Душанбеву Тошканд бетағйиранд», мунташир карда ва навиштааст, ки «муносиботи Тоҷикистону Узбакистон ҳамоно шахшуда боқӣ мондааст. Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки дар муносиботи Душанбе ва Тошканд догматика мавҷуд аст. Ба гуфтаи вай «Тафовути назар миёни Тоҷикистону Узбакистон дар масъалаи обу энергетика ба равиши муносиботи дуҷониба халал мерасонад». Ин нашрия дар мақолаи дигар менависад, ки маҳз дипломатияи «лағжанда» дар минтақаи Осиёи Марказӣ муносиботи кишварҳоро мушкил кардааст.

Ҳамзамон нашрия навиштааст, ки омили дигари бесуботии дипломатӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ «бозӣ» ва ё тавсеаталабии қудратҳои ҷаҳонист. Ин кишварҳо барои амалӣ кардани ҳадафҳои худ дар осиёи Марказӣ ҳама имконоти доштаашонро истифода мекунанд. Иқтисод, сиёсат, хадамоти ҷосусии ин кишварҳо ба нуктаҳои гуногуни минтақа дастрасӣ доранд. Ин як навъ бархӯрд аст ва наметавонад боиси нигаронии «қудратҳо» -и феълӣ нашавад.»

ДАР ҶУСТУҶӮИ ҚАҲРАМОНИ МИЛЛӢ

«Наҷот» суоли «Чӣ касоне сазовори унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон»- анд? -ро матраҳ кардааст, ки дар посухи он Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон гуфтааст, «ҳар миллате, ки на кам аз 7 миллион нафар аҳолӣ дорад, метавонад на кам аз 7 қаҳрамони зинда дошта бошад. Аҳолии кишвари мо ба 8 миллион мерасад, вале унвони қаҳрамониро афроди каме доранд. Албатта, зиёиён, сиёсатмадорон ва қишрҳои мухталифи ҷомеа метавонанд намояндаи худро барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ пешниҳод кунанд. Аммо Дилбар Самадова, сиёсатмадори тоҷик бар ин назар аст, ки «вақте ки барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ ин ё он нафарро муайян мекунанд ё аз ҷониби гурӯҳи алоҳидае пешниҳод мекунанд, бояд он мавриди муҳокимаи умум қарор бигирад. Чунки ин нафар барои миллат фаҳмо шавад ва муайян гардад, ки барои ин ҷомеа ва ин давлат чӣ хидматҳое кардааст». Таҳлилгар Нуралӣ Давлат, гуфтааст, ки «унвони «қаҳрамони Тоҷикистон» бояд ба низомиён дода шавад, зеро маъмулан инҳо ҳастанд, ки қаҳрамонӣ мекунанд.»

"РАВШАН", ФУТБОЛ ВА СИЁСАТ

«Миллат» дар матлаби «Аз «тӯфони Сангак» то «авбошии Кабуд», таҳлилеро дар мавриди беназмиҳои ахир ба дунболи бозиҳои тими футболи «Равшан» чоп карда ва навиштаст, ки «фақру нодорӣ, бекорӣ, беадолатӣ, асабоният ва футбол. Имрӯз ин мафҳумҳо ба ҳам гиреҳ хӯрдаанд. Дақиқтараш онҳоро ба ҳам мезананд. Аммо то куҷо онҳо ба ҳам гиреҳ мехӯранд, ё онҳоро гиреҳ мезананд?» Муаллифи матлаб менависад, «шӯриши Восеъ пояи ҳукумати манғитро ларзонд, вале мутаассифона шикаст хӯрд. «Тӯфони Сангак» мутаасифона назҳати миллиро шикаст, ҳукумати кунуниро ба қудрат расонд, акнун низоъи футболии атрофи «Равшан» то ба куҷо мекашад? Он ҳамчун як бозии футбол ва беинтизомии мухлисони беадаб баҳогузорӣ мешавад ва ё воқеан ранги сиёсӣ касб мекунад? Бо баҳонаи «мухлисии Равшан» кӣ ҳарифонашро аз майдон берун меандозад? Чаро маҳз «Равшан»? Ва чаро боз ҳам Кӯлоб?» Муаллиф менависад, «сиёсатпарвардаҳое ҳастанд, ки бо ҳар роҳу восита мехоҳанд «Равшан»-и Кӯлобу доду войи чанд фанати клубро ҷомаи сиёсӣ пӯшонад, зеро трибуна ва аудитория надоранд. Ба инҳо гуфтаниам, ки аз ин роҳи бад баргарданд, ки футбол эшонро намебахшад!!!»

"ПАХТА БОЯД ДАР НИШОН БИМОНАД"

«Фараж» матлаберо зери номи «Пахта дар нишон бояд монад!», андешаҳои як тан аз хонандагони ин нашрияро дар робита ба берун кардани пахта аз герби Тоҷикистон чоп кардааст. Муаллиф навиштааст, ки «пахтаро аз нишони ҷумҳурӣ гирифтан ба деҳқон беҳурматӣ ва қадри меҳнати онҳоро надонистан аст. Пахта дар нишон қадр кардани заҳмати деҳқон аст. Ба ранҷи ӯ баҳои дуруст додан аст. Бигзор пахта дар нишон боқӣ монад». Афзун бар ин муаллиф навиштааст, ки «бисёр мехостам, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ба деҳқони асил кӯмак кунад. Кредитҳои дарозмуддатро аз ту - деҳқон дареғ надорад. То тавонӣ, коратро дуруст ба роҳ монӣ ва аз ҳосили фаровонат шод бошӣ.»
XS
SM
MD
LG