Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон моҳи Рамазон 1-уми август оғоз мешавад


Ифтор. Акс аз бойгонӣ.
Ифтор. Акс аз бойгонӣ.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар ин кишвар моҳи мубораки Рамазон сар аз рӯзи душанбеи 1-уми август оғоз хоҳад шуд.

Тибқи тақвими имсола, намози таробеҳи нахустини моҳи Рамазон шоми якшанбе, 31-уми июл баргузор мешавад.

Рамазон аз ҷумлаи моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарист ва дар тақвими исломӣ пас аз моҳи шаъбон ва пеш аз моҳи шаввол меояд. Дар ин моҳ мусулмонон ба ҷуз доштани рӯза, ба ибодат ва қироати Қуръон низ машғул шуда, қалби худро аз кина пок месозанд ва аз корҳои ғайришаръӣ даст мекашанд.

Кӯмак ва хайру эҳсон ба камбизоатон ва мӯҳтоҷон низ яке аз суннатҳои ин моҳи муборак будааст. Аммо имсол моҳи шарифи Рамазон дар ҳоле фаро хоҳад расид, ки аксари сокинон аз дамои ҳаво дар изтиробанд ва мегӯянд, рӯза гирифтан барояшон чандон саҳл нахоҳад буд.

Аммо оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон дар солҳои гузашта дар муқоиса ба кишварҳои дигари мусалмонӣ фарқ дошт. Дар гуфтугӯе бо Маъруфуллоҳ Раҳимов, сархатиби масҷиди марказии шаҳри Душанбе ва аъзои Маркази исломии шӯрои уламои дини Тоҷикистон, нахуст аз ин шеваи бурхӯрд бо оғози моҳи мубораки Рамазон дар ин кишвар пурсидем:

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:33 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG