Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод баъд аз анҷоми мулоқот бо хабарнигорон бардоштҳои худро баён доштанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, бар пояи ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ва Вазорати нерӯи Эрон, ахирӣ сохтмони нерӯгоҳи "Айнӣ" рӯи рудхонаи Зарафшонро ба зимма гирифтааст.
Ҷаноби Раҳмон ин тарҳро гоми дигаре ба сӯи истиқлолияти энержии Тоҷикистон унвон кард ва афзуд: "Ҳамаи мардуми Тоҷикистон медонанд, ки махсусан, навоҳии Панҷакент, Айнӣ ва Масчои Кӯҳӣ шаш моҳи тирамоҳу зимистони сард умуман бе қувваи барқ ҳастанд. Умуман! Ҳарчанд хатти барқи "Ҷануб-Шимол"-ро ба роҳ андохта бошем ҳам, иқтидор кофӣ нест. Иқтидори нерӯгоҳи "Айнӣ" 130 мегават аст. Се ноҳияи вилояти Суғд қариб таъмин мешаванд. Боварии комил дорам, ки иншооти мазкур бо сифати баланд ва пеш аз мӯҳлат ба истифода дода мешаванд."
АЗ "САНГТӮДА-2" ТО "АЙНӢ"
Ин дуввумин нерӯгоҳе хоҳад буд, ки Эрон дар Тоҷикистон бунёд мекунад. Чархаи аввали нерӯгоҳи "Сангтӯда-2", ки рӯзи 5 сентябр бо ширкати раисҷумҳурон фаъол мешавад, ба қавли раисиҷумҳури Тоҷикистон то охири сол пурра ба кор хоҳад даромад. Иқтидори ин нерӯгоҳ 220 мегават буда, рӯи рудхонаи Вахш бунёд мешавад. Ҳазинаи тарҳ 220 миллион доллар аст, ки 180 миллионаш саҳми Эрон ва 40 миллионаш саҳми Тоҷикистон аст.
Нерӯгоҳи "Айнӣ" низ ба мисли "Сангтӯда-2" бо усули «биоти» сохта мешавад, яъне Эрон то 12 сол аз он баҳрабардорӣ мекунад ва баъдан онро ба ихтиёри Тоҷикистон мегузорад. Эмомалӣ Раҳмон гуфт дар ин мулоқот ҳамчунин ҷониби Эрон бунёди хатти барқи Тоҷикистон-Афғонистон-Эронро низ ба зимма гирифтааст.
ДУ ПОРА АЗ ЯК ПАЙКАР
Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, ки ду кишварро «ду пора аз як пайкар» ва равобиташонро «вижа ва истисноӣ» унвон кард, гуфт, қабл аз ҳама ниёзҳои ҷонибҳо бояд аз сӯи ҳамдигар бароварда шавад: "Интиқоли обу барқ аз Тоҷикистон ба Эрон, хатти оҳан ва ҷода ва ҳамин тур, мутолиаи интиқоли энержӣ, яъне нафт ва газ аз Эрон ба
Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт. Куҷо беҳтар аз Тоҷикистон аст, ки мо ба ӯ нафт ё газ мунтақил бикунем? Қарор шуд баррасӣ кунанд, ки агар аз лиҳози иқтисодӣ басарфа буд, аз масири лӯла, агар набуд, аз равишҳои дигаре интиқоли энержӣ анҷом бишавад."
Дар ҳамин ҳол, қаблан расонаҳо аз қавли масъулини ду кишвар иттилоъ пахш карда буданд, ки зимни нишасти раисиҷумҳурони Тоҷикистону Эрон бояд музокирот сари тарҳи сохтмони як корхонаи семент дар ноҳияи Данғара низ ниҳоӣ шавад. Дар ин бора ишорае нашуд, аммо раисиҷумҳури Эрон гуфт, ба ҳамин қарибӣ бояд ҷаласаи нӯҳуми Кумиссюни муштараки иқтисодии ду кишвар сари мизи гуфтушунидҳо нишинанд ва мушкилоти миёни ду ҷонибро баррасӣ кунанд.
НАҚБИ "ИСТИҚЛОЛ"-РО БОЗСОЗӢ МЕКУНЕМ...
Ёддошти тафоҳуми иловагии дигар, баъд аз мулоқоти раисҷумҳурони Эрону Тоҷикистон имзо шуд, ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» рабт дорад. Бунёди ин нақб, ки соли 2003 шурӯъ шуда буд, то ба ҳол ниҳоӣ нашудааст. Ахиран мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки барои бозсозии он 3 миллион доллар ҷудо кардаанд ва ҳамин қадари дигарро Эрон ихтисос хоҳад дод.
Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, рӯзи ҷашни 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар канори ҳамтои тоҷики худ хоҳад буд, вале рӯшан накард, ки то он вақт дар Тоҷикистон хоҳад буд ё дигарбора бархоҳад гашт. Вай гуфт, дар остонаи ин ҷашн мазори Саийд Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлобро зиёрат хоҳад кард.