"ИМРӮЗ НЮС" бо таваҷҷӯҳ ба таҳавулоти ахир дар Либия ва кишварҳои арабӣ, мавзӯи имкони вуқӯи инқилобҳо дар минтақа, бахусус дар Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст. Нашрия дар матлаби "Барои инқилоб дар Тоҷикистон кӣ пул медиҳад?" менависад, "дар чанд вақти ахир сӯҳбатҳо дар мавриди эҳтимоли такрори ҳаводиси инқилобӣ дар Тоҷикистон низ зиёд мешаванд. Агарчӣ ҳам
коршиносони мустақил ва ҳам масъулони мақомоти давлатӣ рух додани чунин воқеаҳоро ғайриимкон номидаанд, ҳанӯз ҳам дар баҳсҳои алоҳидаи сиёсӣ ба ин нукта ишора мешавад." Нашрия ин суолро низ мегузорад, ки "шояд ин ишораҳо як навъ маънои омодагии сарпарастонро дорад?"
"Тоҷикистон дар рӯёрӯи таҳдидҳо"
"ОЗОДАГОН" омилҳои хатар ба амнияти Тоҷикистонро дар як мақолаи таҳлилӣ зери номи "Тоҷикистон дар рӯёрӯи таҳдидҳо" баршумурдааст. Муаллифи матлаб навиштааст, "барои 49 соли дигар боқӣ мондани пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, аз байн рафтани қишри миёнаи аҳолӣ, воридоти маводи мухаддир, дар озодӣ ба сар бурдани Маҳмуд Худойбердиев, ҳамзамон амали ифротгароёнаи ҲИУ ва пайравони онро коршиносон аз хатароти овезон рӯи амнияти Тоҷикистон унвон мекунанд. Ба қавли соҳибназарон тамоми бахшҳои саноату иқтисод ва иҷтимоии кишвар ҳоло осебпазиранд. Тақрибан ҳамаи абъоди зиндагӣ дар Тоҷикистон мувоҷеҳи хатаранд." Аммо муаллиф менависад, "мувоҷеҳи хатар будан чандон хатаре надорад, агар тавони посух гуфтан ба хатар ва чолишҳооро дошта бошем. Хатарнок ин аст, ки ҳамаи бахшҳои зиндагии мо осебпазир ва шикананда ҳастанд."
Русҳо нерӯи таъмини амният ё…?
"НАҶОТ" назари чанд тан сиёсатмадор ва коршиносро ба суоли "Мавҷудияти нерӯи низомии Русия таъмини амният ё…?" ҷӯё шудааст. Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар посух ба ин суол гуфтааст, "ҳузури низомиёни кишвари бегона василаест, ки дар он манофеи ду ҷониб ҷой дорад. Агар созишномаи ба муддати 49 сол боқӣ мондани пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба имзо расад, фикр мекунам, Тоҷикистон имконияти устувор гардонидани нерӯҳои мусаллаҳи худро аз даст додааст." Аммо Комёб Ҷалилов, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузури нерӯҳои низомии Русия дар кишвар муҳим дониста ва гуфтааст, "агар вазъиятро ҳаматарафа таҳлил кунем, зарурати мавҷудияти онҳо эҳсос мешавад."
"Созмони муштараки низомӣ таъсис шавад..."
"ФАРАЖ" бо ишора ба ширкати нерӯҳои низомии Эрон дар паради низомӣ ба муносибати 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ба таърихи 9-уми сентябрро ба чолиш кашида ва паёмадҳои ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон бо Эронро ба баррасӣ гирфтааст. Нашрия аз қавли коршиносон навиштааст, "бо таваҷҷӯҳ ба муштаракоти фарҳангӣ, забонӣ ва динӣ ин ҳамкориҳо ба манофеи ду кишвар аст. Ҳатто таҳлилгарон бар ин боваранд, ки бояд миёни Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон як созмони низомии муштарак таъсис ёбад, ки метавонад мояи «тарсу ҳарос»-и бархе кишварҳои «дӯсту душман» гардад." Аммо Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик бар ин бовар аст, ки ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Эрон ба ҳадде нест, ки боиси нороҳатиии Амрико ва ё Русия шавад. Чун ба назари вай Тоҷикистон дар чорчуби сиёсати дарҳои боз бо ҳама кишварҳо метавонад ҳамкориҳояшро густариш бахшад.
Як соли генерал Ятимов
"АЗИЯ-ПЛЮС" ба баррасии як соли фаъолияти генерал Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон пардохта ва дар матлаби «Соли генерал Ятимов» фикру назари сиёсатшинос Абдуллои Раҳнаморо мунташир кардааст. Ҷаноби Раҳнамо мегӯяд, "дар соли ҷорӣ вазоифе, ки дар назди Кумитаи амнияти миллӣ, бахусус раҳбари он - Ятимов буданд, иҷро шуданд. Зеро ба таъкиди Раҳнамо вазифаи нахустин, ки ба баргардонидани маҳбусони фирорӣ марбут мегирад, ба шаъни Кумита ва ба вижа раҳбари нави он бастагӣ дошт." Бо ин ҳама Абдуллои Раҳнамо бар ин назар аст, ки "ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон бояд саҳми худро дар таъмини амният гузоранд. Имрӯз ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон - ин ниҳоди амниятии давлати миллии мост ва вазифаи онҳо ҳифзи арзишҳои миллӣ ва манофеи мост."
Парчами сарафрохта ва миллати сарафканда
"МИЛЛАТ" аз ҳодисаи ваҳшиёна ба қатл расидани як муҳоҷирбачаи тоҷик дар Русия бонги изтироб зада ва дар матлаби "Парчами сарафрохта ва миллати сарафканда" чунин амалкардро "рӯсиёҳӣ дар Русия ва бенангӣ дар Тоҷикистон" унвон кардааст. Нашрия навиштааст, "ҳарчанд гардан меёзему дар сафҳаи Интернет, ки бештар тоҷикон онро майдони китфтакониву тентакии (ба ибораи устод Бозор) худ сохтаанд, ғайрати ҳамватанонро ҷустор мекунем, ғайрату ҳиммати тоҷикона намо намедиҳад. Варақпароканӣ, номанависӣ, доду вовайло ... пушти ному имзоҳои мустаору пурдабдаба. Аммо аз ин ҷо то Маскаву Ландану Амрикову Қораи Ҳинду Чин тоҷике бонангу ор пайдо нест, ки то дари сафорати Русия биравад ва ин амалкарди ваҳшиёнаву асримиёнагиро маҳкум бикунад. Ҳадди ақал ба ҳадди як бачаи кӯчаки фаластинӣ, ки бидуни ҳеҷ силоҳе дар муқобили сиёсати фашистӣ ва танку тӯпҳои Исроил муқовимат мекунад, як тан аз ин миллати беш аз 7 миллиона пайдо нест, ки аз худ дарак бидиҳад. Ва бигӯяд; ин миллат бесоҳибу бенанг нест!!!"
Аз ин ҷо то Маскаву Ландану Амрикову Қораи Ҳинду Чин тоҷике бонангу ор пайдо нест, ки то дари сафорати Русия биравад ва ин амалкарди ваҳшиёнаву асримиёнагиро маҳкум бикунад...