Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як гурӯҳи ҷиноятпешаи қирғиз дар Тоҷикистон


Се шаҳрванди Қирғизистон, ки таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор доштанд, дар Душанбе боздошт шудаанд.

Ин афрод ба даст доштан дар қатли Мадад Содирқулов, раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Қурмонбек Боқиев дар моҳи марти соли 2009 айбдор мешаванд.

Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин афродро дар натиҷаи
Маҳмадулло Асадуллоев

як амалиёти муштарак дар ҳудуди ноҳияи Синои Душанбе дастгир карданд. "Ин се нафар бар асоси даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин дар Қирғизистон, ки таҳти пайгарди қонунӣ дар арсаи байналмилалӣ қарор доштанд, ахиран дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ноҳияи Синои пойтахти Тоҷикистон дастгир шуданд."


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:24 0:00
Линки мустақим


Ба гуфтаи ҷаноби Асадуллоев дастгиршудаҳо Кодирбек Досанов, соли таваллудаш 1971, Чингиз Ҷумъагулов, соли таваллудаш 1981 ва Мирлан Шакулиев, соли таваллудаш 1986 мебошанд ва тибқи қонун ва дархости Қирғизистон ба ин кишвар истирдод хоҳанд шуд.

Аз сафорати Қирғизистон дар Душанбе низ боздошти ин афрод таъйид шуд ва ба гуфтаи онҳо, намояндагони сафорат бо ин ҷинояткорон гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои мақомоти Қирғизистон, ин се нафар дар қатли Мадад Содирқулов, раиси дафтари раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон даст доштаанд.

Аммо қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки ҷасади сӯхтаи Мадад Содирқулов ва ду тан аз ёрони ӯро дувуним сол пеш аз дохили мошини оташзадае дар роҳи Алма-Ато-Бишкек пайдо карданд. Дар он вақт марги ин мансабдорро натиҷаи тасодум мегуфтанд, вале ахиран пулиси Қирғизистон эълон кард, ки Содирқуловро кушта буданд.

Бино ба иттилои бахши қирғизии РО, мақомоти баландпояи Қирғизистон, аз ҷумла Додситони кулли вақт он замон аз қатли раиси дафтари раёсати ҷумҳурӣ огаҳ буданд, вале дар ин бора хомӯширо ихтиёр карданд. Вале ба навиштаи бахши қирғизии РО, дар он вақт дар қатли Мадад Содирқулов ин се нафар, ки дар шаҳри Душанбе дастгир шудаанд гумонбар набуданд. Вале мақомоти Қирғизистон дар изҳороти ахири худ дар робита ба боздошти ин се нафар дар Душанбешаҳр гуфтаанд, ки ин афрод дар қатли Мадад Содирқулов даст доштаанд.

Мелис Турғонбоев, муовини ВУД Қирғизистон гуфт: "Ин 4 нафар дар қатли Усмонов баъди инқилоби 7-уми апрел айбдор мешаванд. (Усмонов ронандаест, ки ба тасодум бо мошини Содирқулов айбдор шуда буд) Яке аз онҳо Содиқ Бӯрибоев ин ҷиноятро мустақиман иҷро кардааст. Онҳо ба гурӯҳи ҷиноии Амонбек Анапиёев шомил мешуданд, ки ӯ феълан дар Имороти Араб аст. Онҳо якмошин харида, макони қатли Усмоновро муайян карданд ва даст ба ин ҷиноят заданд. Тамоми омилони ин ҷиноят боздошт шудаанд. Фармоишгар ҳам маълум аст. Фармоишгар Ҷониш Боқиев - бародари Қурмонбек Боқиев буд. Дигарон ҳалқаҳои боқимондаи ин занҷираанд."

Ба гуфтаи Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқдони тоҷик, новобаста аз он, ки ин се нафар дар Душанбе ба иттиҳоми даст доштан дар қатли як мақоми баландпояи Қирғизистон дастгир шудаанд, ҳукумати Тоҷикистон тибқи қонун муваззаф аст ба онҳо вакили мудофеъ ё адвокат ва тарҷумонро таъмин кунад. Вай афзуд: "Бо сабаби он, ки ба шаҳрванди Қирғизистон дар қатл гумонбар шудаанд ва дар ниҳоят барои қатл маҳрумият аз озодии абадӣ пешбинӣ мешавад, тибқи моддаи 51-и қонуни кайфарии Тоҷикистон ба ин ашхос таъмини вакили мудофеъ ва тарҷумон ҳатмист."

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле, ки ин ҷинояткорон бар асоси як амалиёти муштарак аз сӯи ниҳодҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон дастгир шудаанд, имкони ба Қирғизистон истирдод шудани афроди дастгиршуда вуҷуд дорад.

Генерал Ҷӯрахон Зоҳиров, раиси бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки бо мақомоти Қирғизистон мавзӯи дар ивази истирдоди ин афроди мавриди пайгарди қонунӣ дар Қирғизистон қарордошта, мавзӯи истирдоди яке аз маҳбусони фирории тоҷик дар он кишварро матраҳ кардаанд.
XS
SM
MD
LG