Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶБ: "Тоҷикистон аз бемории дифтерия осебпазир аст"


СҶБ мегӯяд, тақрибан нисфи аҳолии Тоҷикистон дар баробари бемории дифтерия ва ё гӯлузиндонак осебпазир ҳастанд.

Пажӯҳиши муштараки ин созмон ва вазорати беҳдошти Тоҷикистон, ки дар соли 2010 анҷом ёфт, далели он аст, ки агарчӣ аксарияти мардуми кишвар аз бемориҳои пешгиришаванда ба мисли фалаҷи атфол, сурхча, сурхакон ва кузоз (тетанус) масӯнияти лозимро доранд, аммо тақрибан нисфи қишри аз 1 то 24-сола дар кишвар аз бемории дифтерия эмин нестанд. Тибқи натиҷаи пажӯҳиши мазкур, бештар аз 20 дарсади мардуми ташхисшуда, масунияти лозим барои муқовимат ба бемории гӯлузиндонакро надоранд.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, бо назардошти ин зарур аст, то дар Тоҷикистон дигарбора маъракаи ваксинзанӣ алайҳи бемории дифтерия анҷом дода шавад. Ба ин хотир ин созмони бонуфузи тандурустӣ дар ҳамдастӣ бо Бунёди кӯдаки СММ ва ниҳодҳои беҳдоштии Тоҷикистон барномаеро руйи даст гирифтааст, ки тибқи он дар наздиктарин фурсат дар сартосари Тоҷикистон як давраи ғайритақвимии эмкуниро бар зидди бемории гулузиндонак ё дифтерия гузаронида хоҳад шуд.

Шамсиддин Ҷобиров директори маркази ҷумҳуриявии эмгузаронии Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо ишора ба хатарзоии бемории дифтерия, хусусан барои хурдсолон гуфт, барои муйаян кардани вазъи воқеъии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла фалаҷу гулузиндонак ва заминаҳои пайдоиш ва хуруҷи он, намунаи хуни 2 400 нафари аз 3 то 21 соларо ахиран барои ташхис ба шаҳри Лондон фиристоданд. Оқои Ҷобиров мегӯяд, натиҷаи ташхис нигаронкунанда буд: «Ташхис муайян кард, ки масӯнияти бадани аксарияти онҳо ба бемории гулӯзиндонак тобовар нест. Ва хатари хуруҷи ин бемории марговар дар миёни аҳолии мо вуҷуд дорад. Мо масалан ҳангоми ташхису пешгирии бемориии фалаҷ аз ҳукумати кишвар дархости маблағ карда будем барои пеши роҳи ин бемориҳоро гирифтан ва барои ин ҳукумат беш аз 1 миллион доллар ба мо дода буд. Мо як қисмати ин пулро барои маъракаи дар пешистода, яъне гузаронидани ёмкунӣ ба муқобили гулӯзиндонак харҷ мекунем. Вале мондагии пулро Созмони ЮНИСЕФ ва корҳои техникиашро Созмони Ҷаҳонии тандурустӣ бар ӯҳда гирифтааст».

Ҳарчанд Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир шумори гирифторони ин беморӣ ангуштшумор аст, вале хатари ногаҳон пайдо ва паҳн шудани он вуҷуд дорад. Мутахассисони соҳа бештар аз он нигаронӣ доранд, ки гулузиндонак бештар бо ғадудҳои нафаскашии одам сару кор дорад. Ва метавонад дар муддати хеле кӯтоҳ пеши роҳи нафаси одамро баставу ӯро ба марг мувоҷеҳ созад.

Хонуми Ҳанифа Орифова сокини ноҳияи Ҳисорро мо дар роҳ ҷониби беморхонаи сироятии бачагонаи пойтахт вохӯрдем. Вай мегӯяд, духтарчаи яксолаашро бо нишонаҳои бемории гулузиндонак дар ин беморхона бистарӣ кардаанд.
«Хайр дигар кудакҳом мешуданд, мехондем соз мешуд. Инаш чи хеле, ки дер сиҳат шуд. Нафасаш қариб гирифт,тарсидам. Температурааш нафаромад. Дар ноҳия ҳам нахобондему гирифта Душанбе овардем. Хайр ҳоло беҳтар шудааст.

--Шумо аз ҳамин гуна бемориҳои сироятӣ эм гузаронида будед (приривка) карда будед фарзандтона?

--Не, кудакишда як-ду бор приривка карда будем».


Ва аммо коршиносон як иллати дигари паҳншавии ин бемориро бештар дар миёни мардуми деҳот дар он мебинанд, ки мардуми маҳаллӣ ин бемориро чандон ҷиддӣ намегиранд ва бештар ба табибону домуллоҳо муроҷиат мекунанд, на ба мутахассисон.

Идигул Раҷабова, коршиноси мустақил, ки ба пажӯҳишу инъикоси масоили беҳдоштӣ, хусусан бемориҳои сироятӣ машғул аст, дар ин замина чунин иброзӣ назар кард: «Ин бемориро ҳарчанд иҷтимоӣ наменоманд духтурон, лекин ба фикри ман то андозае иҷтимоӣ ҳаст. Чунки на ҳамаи мардуми манотиқи дурдаст меавонанд фарзандонашонро сари вақт эм гузаронанд. Ҳамон одам дар кӯдакӣ, ки ҳамаи ваксинаҳоро нагирифта бошад, чӣ хел организми вай тобовар шавад ба муқобили ин гуна бемориҳо? Бояд ҳукумат ҳамеша омодагиашро дошта бошад ва маблағ ҷудо кунад, ки ба умеди дигарони нашуда баъди ҳар 10 сола воксинаҳо ба муқобили ин бемориҳои шадиду марговар оварда шавад ва танҳо шаҳрҳои калон не, балки тамоми нуқтаҳои Тоҷикистон аз ин барнома дур намонад.»

Хонум Раҷабова инчунин афзуд, мушоҳидаҳо ҳокист, ки воқеъан бисёре аз бемориҳои сироятӣ аз хориҷи кишвар оварда мешаванд: «Масалан тибқи як омори расмӣ, ман медонам, ки танҳо хитоиҳо дар кишвари мо беш аз 80 000 будааанд. Ҳамин хонае, ки сермеҳмон шуд, ифлос мешавад, бетартиб мешавад ҳамин хел, не? Кӣ масалан инро тадқиқ мекунад, ки ин қадар одами меомадагӣ ба Тоҷикистон сиҳатанд ё беморанд».

Тоҷикистон дар солҳои 1993 то соли 1999 чандин маротиба шоҳиди хуруҷи бемории дифтерия шуда, ки дар натиҷа бештар аз 10 ҳазор нафар ба ин беморӣ мубтало шуда ва бештар аз 800 нафар дар пайи ин беморӣ ҷон додаанд.

Бино ба гуфтаи вазорати тандурустии Тоҷикистон, давраи нави ваксинзании аҳолӣ бар зидди бемории гулузиндонак нимаи моҳи ноябр шурӯъ хоҳад шуд. Ва қарор аст ин барнома дар се давра ҳудуди 3 миллион нафарро фаро гирад.
XS
SM
MD
LG