Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Депортатсия": Маскав муҳоҷирони тоҷикро ихроҷ кард


Шоми 12 ноябр дувоздаҳ шаҳрванди Тоҷикистон аз Маскав ба Душанбе интиқол ёфтанд, ки то панҷ соли дигар ҳуқуқи сафар ба Русияро нахоҳанд дошт.

Ин афрод мегӯянд, бо вуҷуди он ки асноди лозим барои зиндагӣ ва кор дар қаламрави Русияро доштанд, аммо маъмурони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия онҳоро боздошт ва ҳамин тавр ба Тоҷикистон “депортатсия” кардаанд.

Аз ин дувоздаҳ муҳоҷири депортшудаи тоҷик ду нафари онҳо фақат як рӯзи пеш ба пойтахти Русия барои кор рафта буданд, вале аз фурудгоҳи “Домодедово” дубора ба кишварашон фиристода шуданд.

Гуфтугӯ дар бораи ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар барномаи зер аст:

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:30:00 0:00
Линки мустақим


Озода Уктамова, яке аз ин афроди депортшуда, мегӯяд, беш аз 260 муҳоҷири дигари тоҷик низ аз тариқи қатор ё поезд аз Маскав ба Тоҷикистон фиристода шудаанд. Хонум Уктамова афзуд, дар ҳамин шабу рӯз вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Маскав, пойтахти Русия, бисёр вахим аст. Зеро ба қавли ӯ, маъмурони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар ҳар ҷое аз ин шаҳр муҳоҷиронро ҷустуҷӯ ва пайдо карда, онҳоро ба Тоҷикистон истирдод менамоянд.

12 муҳоҷири тоҷик аз Маскав ихроҷ шуданд...
12 муҳоҷири тоҷик аз Маскав ихроҷ шуданд...

Ин хонуми муҳоҷир, ки мегӯяд, зиндагии хонаводааш аз ҳисоби кор дар Русия мегузашт, акнун ба мушкил печида ва онҳо тибқи қонунҳои Русия ҳадди ақал аз се то панҷ соли дигар имкони сафар ба ин кишварро нахоҳанд дошт. Муҳоҷирони дигари депортатсияшудаи тоҷик ҳам мегӯянд, онҳо танҳо барои кор ва ёфтани рисқу рӯзии худ ба Русия рафта буданд ва ҳоло намедонанд дар куҷо ва ба чӣ кор машғул шаванд.

Амалиёти боздошт ва ихроҷи муҳоҷирон дар Русия баъди он шурӯъ шуд, ки рӯзи 7 ноябр додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ду халабони ширкати русии "Ролкан Инвестмент ЛТД" - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро барои қочоқ ва марзшиканӣ барои ҳаштуним солӣ маҳкум ба зиндон кард.

Ин муҳоҷири тоҷик намедонад дар кишвар ба чӣ кор машғул хоҳад шуд...
Ин муҳоҷири тоҷик намедонад дар кишвар ба чӣ кор машғул хоҳад шуд...
Ин ҳукм боиси хашму ғазаби Маскав шудааст, ки онро ноодилона ва дорои ангезаи сиёсӣ мехонад. Аммо мақомҳои тоҷик, аз ҷумла Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, гуфтанд, ки ин ҳодиса як баҳси одии додгоҳӣ аст, на сиёсӣ. Оқои Салимзода дар сӯҳбат бо хабарнигорон афзуд, ҷурми халабонҳо дар убури ғайриқонунии марз ва нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз пурра таъйид шудааст.

Аммо ба гуфтаи таҳлилгарон дар Маскав ин ҳарфҳо ва ҳатто изҳороти Кобулро, ки гуфтааст халабонҳо дар Тоҷикистон бо хоҳиши мақомоти Афғонистон боздошт шудаанд, нодида гирифтанд ва аз пайи, ба истилоҳ, муҷозоти шаҳрвандони Тоҷикистон шуданд.

Маскаву Душанбе: Баҳсҳо то куҷо хоҳанд кашид?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00
Линки мустақим

Ба гуфтаи Каримҷон Ёров, раиси созмони “Этнос”, се рӯзи ахир дар метрову хиёбонҳо ва сохтмонҳои Маскав амалиёти боздошти муҳоҷирони кории тоҷик идома дорад. Даҳҳо муҳоҷири тоҷикро кормандони пулис ва Хадамоти муҳоҷирати Русия ба маркази муваққатии шаҳраки Северний оварданд.

Афроди депортшуда мегӯянд, дар ҳоли ҳозир вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия нигаронкунанда аст...
Афроди депортшуда мегӯянд, дар ҳоли ҳозир вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия нигаронкунанда аст...
Каримҷон Ёров, ки ахиран аз ин боздоштгоҳ дидан кардааст, мегӯяд, муҳоҷирони тоҷики боздоштшуда як шабонарӯз боз дар автобусҳои хурди милиса ба сар мебаранд. Оқои Ёров афзуд, ки ба онҳо дар бораи фишору таъқиби муҳоҷирони тоҷик аз дигар манотиқи Русия, аз ҷумла, Санкт-Петербург, Челябинск, ва Кемерово ҳам хабар мерасад.

Ба гуфтаи Каримҷон Ёров, нафаре аз кормандони сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз муҳоҷирони боздоштшуда хабар нагирифтааст, фақат кормандони намоядагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон барои огаҳӣ аз вазъ ҳозир шудаанду халос. Вале як корманди сафорат ба мо гуфт, ки онҳо ин мавзӯъро пайгирӣ доранд ва ба ин хотир дар назди сафорат ситоди махсус ҳам таъсис шудааст.

Светлана Ганнушкина, ҳомии ҳуқуқи башари Русия мегӯяд, вокуниши мақомоти Русия ба ҳукми ҳабси халабони рус ӯро комилан ҳайратзада кардааст. Ба гуфтаи ӯ, чаро мақомоти Русия ин парвандаро бузург кардаанд, барои ӯ номафҳум аст, ҳарчанд чандин даъватҳои пешини ҳомиёни ҳуқуқи башар барои дифоъ аз ҳуқуқи русҳо дар кишварҳои собиқ шӯравиро нодида мегиранд.

Светлана Ганнушкина, аз фаъолони ҳуқуқи башар дар Русия
Светлана Ганнушкина, аз фаъолони ҳуқуқи башар дар Русия
Хонум Ганнушкина меафзояд: "Агар сиёсатро ҳамин гуна пеш баранд, ин оқибати хуб надорад. Ман фикр мекунам, мақомоти мо аллакай фаҳмиданд, ки аъмоли онҳо то чӣ дараҷа соддалавҳона аст. Соли 2006 вақте, ки равобити Русия бо Гурҷистон сард шуд, дар кишвар ба истилоҳ шикори гурҷиҳо шурӯъ шуд ва аммо соли 2008-уми вақте ки бӯҳрон амиқтар буд, аз ин иқдом кор нагирифтанд. Мебинед, ки он методҳо аз ёд нарафтаанд. Тоҷикон миёни муҳоҷирони корӣ аз ҳама оромтар ва беозортаранд ва шарм аст, ки мо алайҳи онҳо ба набард пардохтаем."

Ба гуфтаи як корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, маблағи ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик аз ҳисоби буҷаи Русия сурат мегирад.

Феълан дар шаҳрҳои мухталифи Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик зиндагӣ ва кор мекунанд, ки солона ба кишвар беш аз 2 миллиард доллар маблағ интиқол медиҳанд. Маблағе, ки иқтисоди заифи Тоҷикистонро ба чархиш медароварад ва шиками миллионҳои дигарро сер мекунад.

XS
SM
MD
LG