Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози парванда нисбати гумонбаршуда дар марги Шодиев


Баҳромиддин Шодиев
Баҳромиддин Шодиев

Дар нисбати як гумонбаршуда дар марги Баҳромиддин Шодиев парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Хабаргузории "Азия Плюс" аз қавли Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеъи хонаводаи Баҳромиддин Шодиев гуфтааст, ки ин парванда дар нисбати лейтенанти милитсия Абдураҳмон Додов ифтитоҳ шудааст.

Хонум Холматова гуфтааст, ки ба зудӣ онҳо бояд ташхсиси ниҳоии тиббиро ба даст оваранд ва вобаста ба натиҷаҳои он, тасмим хоҳанд гирифт.

Ин дар ҳолест, ки модари Баҳромиддин Шодиев қаблан гуфта буд, аз чораи мақомот нисбати маъмурони пулис розӣ нест ва алайҳи онҳо ба додгоҳ шикоят мебарад.

Ниёзбибӣ Бӯриева, модари Баҳромиддин Шодиеви 28 сола, ки бар асари латтукӯби милисаҳо дар беморхона ҷон додааст, гуфта буд, аз чораҳое, ки вазири корҳои дохилӣ дар нисбати кормандони милисаи ноҳияи Шоҳмансур дидааст, ба ҳеҷ ваҷҳ қонеъ нест.

Холаи Ниёзбибӣ гуфта буд, ки агар алайҳи ин маъмурон ба додгоҳ шикоят набарад, ин милисаҳои бераҳм боз дар ҷои дигар кор меёбанду зиндагӣ мекунанд, вале вай ҷони фарзанди ҷавонашро ба ҳеҷ баҳое харида наметавонад.

Бо амри Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон пас аз марги Баҳромиддин Шодиев, ки баъди бозпурсӣ дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур дар ҳоли вазнин ба бемористон оварда шуд ва дар шӯъбаи реаниматсия ҷон дод, чанд кормандони милиса аз ҷумла Алишер Иноятов, Диловар Муродов ва муфаттиши милиса Абдураҳмон Додов аз системаи умури дохила ронда шуданд. Илҳомҷон Каримов, муовини сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур аз вазифааш хориҷ карда шуд.

Аммо яке аз ин корманди пулис, ки бо ду тан аз ҳамкоронаш аз вазифа ронда шуданд, даст доштани худ дар марги Баҳромиддин Шодиевро рад кардааст.

Ин корманди пулис Алишер Иноятов дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфта буд, мунтазири судури фармони аз кор барканор шудан аст ва дар сурати ба дасташ расидани он, ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG