Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вогузории сарпарастии фарзандони муҳоҷирон ба дӯши наздикон


Масъулияти нигоҳубин, парасторӣ, таъмини молӣ ва бо таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони ноболиғи волидоне, ки бештар аз се моҳ дар муҳоҷират қарор доранд, ба дӯши хешовандони наздик гузошта хоҳад шуд.

Ин талаботи моддаи нав дар Кодекси оилаи Тоҷикистон аст, ки вакилони Маҷлис дар иҷлоси ахири худ бо иттифоқи оро ба тасвиб расониданд.

Хадича Ҳакимова, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва яке аз муаллифони тарҳи тағйиру илова ба Кодекси оила зарурати ворид кардани ин меъёри ҷадид ба қонунро ба муҳоҷирати кории тӯлонии волидон ва зиёд шудани шумори ноболиғони бепарастору бесаробон марбут донист. Хонум Ҳакимова афзуд, минбаъд падару модароне, ки аз се моҳ бештар дар мусофират қарор доранд, муваззафанд масъулияти парасторӣ ва таълиму тарбият кӯдакони худро ба таврӣ расмӣ ба наздикони худ вогузор кунанд.

Хадича Ҳакимова гуфт, то ба имрӯз мавридҳои фаровоне ба мушоҳида расидааст, ки волидон парастории кӯдакони худро ба давраҳои тӯлонӣ ба дасти ақориби дури худ месупоранд. Аммо ин хешовандон масъулияти
Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ
Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ
худро махсусан барои таҳсил ва таълими кӯдакони бо онҳо вогузоршуда ба иҷро намерасонад ва гоҳо ба ҳангоми пеш омадани иттифоқот ва душворӣ ба ин кӯдак, худро канор мекашанд. Хонум Ҳакимова афзуд, бо ворид кардани ислоҳоти мазкур ба Кодекси оила, ин мушкилот аз роҳи қонунӣ ҳал хоҳад шуд.

Аммо Шодӣ Шабдолов- вакили МН аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон татбиқи талаботи банди нави пешниҳодшуда ба қонуни оиларо таҳти шубҳа қарор дод. Вай гуфт дар ҳоле ки теъдоди зиёди падару модарони тоҷик дар ҳиҷрати корӣ ба сар мебаранд, бозгашти онҳо танҳо ба хотири ба таври расмӣ вогузорнамоии парастории кӯдаконаш ба хешони наздик як мушкилотеро пеш хоҳад овард.

Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи Тоҷикистон
Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи Тоҷикистон
Вале Бахтиёр Худоёров- вазири адлияи Тоҷикистон дар посух ба нигарониҳои Шабдолов гуфт, ки мақомоти васояту сарпарастӣ дар ҳама шаҳру навоҳии Тоҷикистон амал мекунанд ва бо мусоидати онҳо наздикони фарзандони волидони ғойиб метавонанд ин аснодро дарёфт кунанд.

Вазири адлияи Тоҷикистон изофа кард, ки чунин ислоҳот ба қонуни оила ҳамчунин барои ҷилавгирӣ аз афзоиши кӯдакони хиёбонӣ ва бероҳа, ки ба ҷиноят низ даст мезананд, мусоидат хоҳад кард. Аммо қонунҳои ин кишвар волидонеро муддатҳои дароз нигоҳубини кӯдакони худро ба дӯши наздиконашон гузоштаанд ҷазо пешбинӣ накардааст. Зеро онҳо ба манзури таъмини кӯдакони худ рӯ ба ҳиҷрат оварда аз тарбияти фарзандон шона холӣ накардаанд.
XS
SM
MD
LG