Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинд дар Тоҷикистон бемористони низомӣ месозад


Фармондеҳи артиши Ҳинд ҳини сафар ба Тоҷикистон (11 ноябри соли 2010)
Фармондеҳи артиши Ҳинд ҳини сафар ба Тоҷикистон (11 ноябри соли 2010)

Ҳиндустон талош дорад, дар Тоҷикистон бемористони низомӣ бунёд карда, мавриди истифода қарор диҳад.

Рӯзномаи англисизабони "The Times of India”, чопи Деҳлӣ, дар шумораи рӯзи душанбеи худ навишт, ин қарор як сол қабл иттихоз шуда ва талошҳо барои амалӣ шудани он идома дорад.

Манбаъ меафзояд, як ҳайати артиши Ҳинд ҳамакнун корҳои муқаддамотиро дар Тоҷикистон анҷом дода ва макони ин бемористонро дар берун аз Душанбе муайян намудаанд. Ҳамчунин афроде, ки бояд дар ин бемористон истихдом шаванд, мушаххас шуда ва омода ҳастанд, озими Тоҷикистон шаванд.

Ба навиштаи ин рӯзнома, нақшаи ифтитоҳи бемористони низомии Ҳинд дар Тоҷикистон бори аввал дар ҷараёни сафари фармондеҳи артиши Ҳинд ба Душанбе генерал В.К.Сингҳ дар моҳи ноябри соли гузашта матраҳ шуд. Аз хизмати ин бемористон ба шумули низомиён ҳамчунон мардуми мулкӣ низ метавонанд баҳравар шаванд.

"The Times of India" менависад, артиши Тоҷикистон солҳои зиёде бо мухолифини мусаллаҳ даст ба гиребон буд ва ин бемористон кӯмаки бузурге барои онҳо мешавад. Ҳамзамон интизор меравад, мақомоти амниятии Ҳинд мавзӯи назорат бар марзи муштараки 1400 - километрии Тоҷикистону Афғонистонро бо мақомоти тоҷик баррасӣ намоянд.

Ҳинд дилбастагии зиёд дорад, ки фаъолияти онҳо дар пойгоҳи ҳавоии Фархор низ тамдид карда шавад. Дар солҳои муқовимат алайҳи Толибон, пойгоҳи ҳавоии Фархор, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон, дар ихтиёри Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи шаҳири нерӯҳои Эътилофи Шимоли Афғонистон гузошта шуда буд ва ҳампаймони онҳо Ҳиндустон дар онҷо бемористони низомӣ дошт ва захмиёни онҳоро муолиҷа менамуд. Аз ҷумла, ба навиштаи нашрияи "The Times Of India", маҳз табибони ин бемористони низомӣ хабари марги Аҳмадшоҳ Масъуд, раҳбари эътилофи Шимоли Афғонистонро, ки баъд аз террор шуданаш ба ин бемористон интиқол шуда буд, эълом карда буданд.

Ба дунболи суқути ҳукумати Толибон ва ворид шудани нерӯҳои байнулмилалӣ ба Афғонистон, зарурате ба ҳузури ин пойгоҳ намонд ва он дари худро ба рӯи ҳам ҳиндуҳо ва ҳам афғонҳо баст. Ҳиндустон то ба ҳол ба ҳеҷ кишвари хориҷӣ ба ҷуз иштирок дар амалиёти СММ ва иштироки Нерӯҳои ҳофизи сулҳ дар Шриланка, нерӯ эъзом накардааст.

Тасмими кушоиши бемористони низомии Ҳинд дар Тоҷикистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки замони хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон наздик мешавад. Қарор аст, то охири соли ҷорӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даҳ ҳазор сарбози худро аз хоки ин кишвар берун кунад ва то соли 2014 ба таври комил Афғонистонро тарк намояд.

Хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз ин кишвари ҷангзада, дар Ҳиндустон нигарониҳо дар мавриди афзоиши нооромиҳо ва нуфузи амиқи Покистонро дар Афғонистон бештар кардааст. Ҳамин аст, ки ба эътиқоди сиёсатмадорони Ҳинд, дар чунин шароите ҳузур дар ҳамчунон минтақаи муҳими стратегӣ ба нафъи ҳам Ҳиндустон ва ҳам Афғонистон хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG