Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси пойгоҳи 201-и Русия дар мулоқоти Хайруллоев ва Сердюков


Вазирони дифои Русияву Тоҷикистон барномаи ҳамкориҳои ду вазорат барои соли 2012-ро тасвиб кардаанд.

Дар ин мулоқот, ки рӯзи панҷшанбе дар Маскав баргузор шуд, ҳамчунон шароити будубоши ояндаи пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Пойгоҳи 201-уми Русия бо зери 7000 сарбоз бузургтарин пойгоҳи хориҷии артиши Русия буда, қарордоди кунуниаш дар соли 2014 ба поён мерасад. Бино ба хабарҳо, Душанбе барои ин пойгоҳ аз Русия беш аз 300 миллион доллар пули иҷора хостааст, вале Маскав мехоҳад, замони ҳузури низомиёнаш 49 соли тамдид шуда, истифодаи қаламрави Тоҷикистон барояш ҳамчунон маҷҷонӣ боқӣ бимонад.

Пойгоҳи низомии 201, то соли 2004 дивизияи 201-и тирандозии Русия аз замони Шӯравӣ ба ин сӯ дар Тоҷикистон ҳузур дорад. Баъд аз эъломи истиқлолият музокироте бо мақомоти рус дар бораи ба ихтиёри Тоҷикистон гузаштани ин пойгоҳ матраҳ буд, аммо бо мухолифати Узбакистон ва ба дунболи он ҷанги дохилӣ баҳси ин пойгоҳ ба итмом расид ва дар ихтиёри Русия монд.

Ҳукумати ҷадиди Тоҷикистон дар соли 1992 низ дигарбора ба ин баҳс барнагашт ва солҳои 90 ҳузури ин пойгоҳро то соли 2014 тамдид кард.

Ибтидои моҳи равон пас аз мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия эълон дошт, ки пойгоҳи низомии 201 то 49 соли дигар дар Тоҷикистон хоҳад монд. Аммо иддае аз қишрҳои рӯшанфикри Тоҷикистон ин изҳороти раисиҷумҳури Русияро таҳқири мардуми Тоҷикистон хонданд ва тақозо карданд, ки ин мӯҳлат то 7 сол кӯтоҳ карда шавад.
XS
SM
MD
LG