Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарбатов раҳо шуд, вале 10 000 доллар пардохт мекунад


Бобохон Шарбатов, раиси пешини Кумитаи умури дини вилояти Хатлон
Бобохон Шарбатов, раиси пешини Кумитаи умури дини вилояти Хатлон

Раиси пешини Идораи дини Хатлон ба пардохти 10 ҳазор доллар ҷарима маҳкум ва баъди он аз толори додгоҳ озод шуд.

Додгоҳи Қӯрғонтеппа Бобохон Шарбатовро тибқи ду моддаи кодекси ҷиноятӣ, яъне тақаллубкорӣ ва додани ришва муттаҳам дониста, ӯро ба мусодираи амвол ва ба ҷаримаи баробар ба 45 ҳазор сомонӣ маҳкум намуда, барои ду соли оянда ва аз ҳуқуқи фаъолият дар мақомҳои роҳбарикунандаи давлатӣ маҳрум кард.

Темур Боев, раиси мурофиаи додгоҳӣ зимни элони ҳукм гуфт, гуноҳи Бобохон Шартбатов дар додгоҳ собит шуд, аммо «бо назардошти хислатномаи мусбати Шарбатов ва ин ки вай дар рафъи пайомадҳои садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил иштирок карда, падари чаҳор фарзанди ноболиғу ягона таъминкунандаи иҷтимоии хонавода будааст, додгоҳ нисбат ба ӯ ҷазои ғайриҳабсӣ таъин намуд.»

Бобохон Шарбатов, ки 55 рӯзи ахир дар маҳкамаи тафтишотии шаҳри Қӯрғонтеппа нигаҳдорӣ мешуд, пас аз берун шудан аз толори додгоҳ аз шарҳи қазияи худ ба расонаҳои хабарӣ худдорӣ кард.

Ишназар Куганов, вакили мудофеи Бобохон Шарбатов
Ишназар Куганов, вакили мудофеи Бобохон Шарбатов
Аммо Ишназар Куганов, вакили мудофеи Бобохона Шарбатов, гуфт, ҳарчанд муваккилаш бо ҳукми додгоҳ ризо буда, намехоҳад онро ба баҳс бикашад, ба андешаи ӯ, гуноҳи собиқ раиси кумитаи дини Хатлон дайн нашудааст: «Шарбатов барои равон кардани одамон ба зиёрати хонаи Худо ният дошт, лекин азбаски рӯйхати довталабон пур шуд, хоҳишмандони иловагиро равон карда натавонист. Барои содир кардани ҷиноят одам мақсади қасдона дорад, Шарбатов чунин мақсад надошт, қаллобӣ накардааст. Барои ҳамин аз додгоҳ хоҳиш кардам, ки моддаи 247, яъне тақаллубкориро аз парвандаи муваккили ман ҳазф кунад. Нисбат ба моддаи 320, яъне додани пора ба одами мансабдор ҳам ҳаминро гуфтаниям, ки он ҳам рӯякӣ мебошад. Корманди кумитаи амният ба Шарбатов мегӯяд, ки нисбати ту аризаи шикоятӣ ҳаст ва парвандаи ҷиноӣ кушода мешавад ва пас аз розӣ шуданаш Шарбатов ба корманди амният пул медиҳад. Яъне ӯро таҳрик додаанд ба ин ҷиноят. Барои ҳамин аз суд хостам, ки тибқи ҳарду модда зерҳимояи маро сафед карда, аз толори суд озод кунад.»

Аммо додгоҳ иддаои адвокатро, ки гӯё кормандони кумитаи амнияти миллӣ худашон Бобохон Шарбатовро ба додани ду ҳазор доллари амрикоӣ ришва таҳрик додаанд, ба эътибор нагирифт.

Додситонии Хатлон, ки аз додгоҳ мехост нисбати собиқ раиси кумитаи дини Хатлон ҷазои пардохти 54 ҳазор сомонӣ ҷарима ва 3 соли зиндон таъин карда шавад, ҳоло мегӯяд, бо ҳукми додгоҳ қаноатманд мебошад.

Бобохон Шарбатов авоили моҳи октябр ҳангоми додани пора ба корманди раёсати минтақавии кумитаи амнияти миллӣ боздошт гардид. Кумитаи амният зимни тафтиши кори кумитаи дини Хатлон як қатор қонуншиканиро ошкор намуда, ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, Шарбатов мехост барои раҳоӣ ёфтан аз таъқиби ҷиноӣ ба корманди кумитаи амният ду ҳазор доллар пора бидиҳад.

Тафтишот мегӯяд, Бобохон Шарбатов аз довталабони роҳхати ҳаҷ маблағи изофӣ талаб намуда, дар маҷмӯъ беш аз 22 ҳазор сомонӣ ҷамъ овардааст. Собиқ раиси кумитаи дин маблағи ғайриқонунӣ ба дастовардаашро дар аснои тафтишоти муқаддамотии парвандааш ҷуброн намудааст.

Ҳарчанд солҳои ахир маъракаи сафарбарӣ ба ҳаҷҷ аз сӯи давлат то ҷое танзим шуд, аммо ҳамоно дарёфти роҳхат ба зиёрати хонаи Каъба мушкил ба назар мерасад. Соли ҷорӣ рӯйхати довталабони роҳхати ҳаҷ ба ҳадде тӯлонӣ шудааст, ки навбати бархе довталабон танҳо дар соли 2013 мерасидааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, коршиносон мегӯянд, ки дар мавсими ҳаҷҷи имсола мавридҳои «хариду фурӯш» шудани роҳхатҳо аз роҳҳои ғайрирасмӣ ба чашм мерасид.

Юсуф Маҳмадов, раиси созмони ҷамъиятии «Рушд»-и вилояти Хатлон
Юсуф Маҳмадов, раиси созмони ҷамъиятии «Рушд»-и вилояти Хатлон
Юсуф Маҳмадов, раиси созмони ҷамъиятии «Рушд»-и вилояти Хатлон мегӯяд, бар изофаи пардохти 3448 доллари амрикоӣ сафархарҷии расмӣ, дар баъзе маворид масъулони маъракаи сафарбарӣ ба ҳаҷ, аз ҳар як довталаби квотаи зиёрати Каъба то 700 доллар маблағи ғайрирасмӣ мегирифтаанд: «Вақте ки протседураи сафарбарӣ шаффоф нест, вақте ки рӯйхатҳо бо хоҳиши одамони муайян метавонанд ҳар лаҳза тағйир ёбанд, албатта, ин ҷо порагирӣ ҳаст ё ягон амали дигари коррупсионӣ анҷом мешавад. Ба кадом шаҳру ноҳияе, ки меравем, айнан ҳамин гап ҳаст, ки иловагӣ пул мегиранд, ба қавле «шапка» мемонанд.»

Созмони хатлонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо таъкид ба вуҷуди ришвату фасод дар тақсимоти квотаҳои ҳаҷҷ, аз сокинони минтақа даъват карда буд, ки ба ҳеҷ сурат ба дарёфти роҳхати ҳаҷ ба воситаи ришва талош наварзанд, зеро «дар сурати тавассути ришва ба даст овардани роҳхати зиёрати хонаи Каъба, қабули ҳаҷҷи зоирон зери суол меравад ва макрӯҳ хонда мешавад.»

Бо ин ҳол, соли ҷорӣ наздики 1 700 сокини вилояти Хатлон ба зиёрати хонаи Худо мушарраф гаштаанд, ҳарчанд довталабони роҳхати ҳаҷҷ то чанд маротиб афзун будааст.

Кумита умури дини Тоҷикистон, ниҳоди расмии нозир бар фаъолиятҳои динӣ, тақрибан даҳ сол аст, ки сафари зоирон ба Ҳаҷро таъмин мекунад ва ширкатҳои хусусии сайёҳиро аз ин ҳуқуқ маҳрум кардааст. Дар солҳои 90-ум мардум аксаран аз тариқи роҳҳои заминӣ ва бо кӯмаки ширкатҳои сайёҳӣ ба Арабистони Саудӣ роҳ меёфтанд
XS
SM
MD
LG