Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коргарони "Сомон Сохтмон" даст ба коршиканӣ заданд


Чойхонаи миллӣ
Чойхонаи миллӣ

Даҳҳо коргари ширкати «Сомон Сохтмон», ки дар бунёди Чойхонаи миллӣ фаъолият доранд, даст ба коршиканӣ задаанд.

Яке аз онҳо, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ду моҳ аст, ки маоши коргарон пардохт нашудааст, аз ин хотир, рӯзи ҷумъа бо нишони эътироз касе ба кор набаромад.

Коргарон мегӯянд, сохтмони Чойхонаи миллӣ аз сӯи се ширкат – ду ширкати тоҷикӣ ва як ширкати чинӣ анҷом мешавад. «Сохтмони кишвар» - ширкате аз вилояти Суғд бо кандакориву наққошии чойхона машғул аст ва ба қавли Усто Зоир Шамсуллозода, устои наққош ва яке аз коргарони он, дар гирифтани музди меҳнат мушкиле надоранд: «Мо бо коргарони дигар умуман коре надорем. Аз мушкилашон ҳам хабар надорем. Худи мо – наққошону кандакорон саривақт маоши худро мегирем. Рангу дигар лавозимотро расонида меистанд. Барқ дорем. Хӯрду хӯрок ҳам саривақт дода мешавад»

Коргарон мегӯянд, мушкили бемаоширо коргарони чинӣ, ки бо гузаронидани барқу гармиву дигар корҳои дуввумдараҷа машғуланд, низ надоранд. Танҳо коргарони «Сомон – Тоҷиксохтмон» гуфтаанд, ки ду моҳ боз наметавонанд, музди меҳнати худро бигиранд.

Аммо Абдукарим Ҷӯраев, ҳуқуқшиноси «Сомон – Тоҷиксохтмон» гуфт, то ба ҳол дар пардохти маоши коргарон мушкиле наафтодааст: «Мо бештар пешпардохт кардаем. Моҳи октябрро пурра пардохт кардаем. Дар ҳақиқат як моҳи ноябр маош дода нашудааст, ки то 10 декабр пардохт мешавад. Ҳамин, ки ҳисобу китоби корҳои анҷошуда тамом шуданд, маош ҳам мешавад.»


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00
Линки мустақим


Масъулони ширкати «Сомон – Тоҷиксохтмон» дар бораи ҷузъиёти сохтмони Чойхонаи миллӣ аз додани иттилоъ худдорӣ карданд. Аммо дар гузашта расонаҳо навишта буданд, ки чойхонаи миллӣ ҷузъе аз тарҳи Маркази тафреҳии «Сомониён» дар лаби Кӯли Ҷавонон, собиқ Комсомол аст. Бино ба ин манобеъ, сармоягузори тарҳ ширкати «CDH invest.corp», яке аз ҳамкорони ширкати «Талко» аст, ки дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабти ном шудааст.

Маркази тафреҳии «Сомониён» ҳамчунин аз толорҳои намоиш, фурӯшгоҳҳо, маркази боулинг, билярдхона иборат хоҳад буд ва дар таҳхонааш барои 250 мошин истгоҳ ҳам сохта хоҳад шуд. Ин марказ аз иншооти ҷашнӣ маҳсуб мешуд, аммо сохтмони он то 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон ба анҷом нарасид ва ҳоло ҳам идома дорад.

Бинои нав дар Душанбе
Бинои нав дар Душанбе
«Сомон – Тоҷиксохтмон» аз ширкатҳои муваффақи бинокории Тоҷикистон аст, ки бузургтарин тарҳҳоро дар саросари кишвар, аз қабили бунёди корхонаҳо, макотиб ва ғайраро иҷро мекунанд. Ахиран сохтмони масҷиди бузургтарини минтақаро, ки бо 70 миллион доллари Қатар ва 30 миллион доллари Тоҷикистон шурӯъ шуд, низ ин ширкат ба зимма гирифт.

Як коршинос, ки низ нахост дар ин бора ошкор сӯҳбат кунад, гуфт, дар Тоҷикистон агар ширкати сохтмонӣ дар раддаҳои болоии ҳукумат пуштибони қавӣ надошта бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад чунин фармоишҳои бузургҳаҷм ва гаронарзишро ба даст оварад.

Иддае тахмин мезананд, ки «Сомон – Тоҷиксохтмон» аз ширкатҳои марбут ба «Ориёнбонк» ва раҳбари он Ҳасан Асадуллозода аст. Аммо Абдукарим Ҷӯраев, ҳуқуқшиноси ширкат гуфт, ин тахминҳоро беасос хонд ва гуфт, сабаби эътимод ба «Сомон – Тоҷиксохтмон» ҳамоно ҳирфаияти баланди он аст.
XS
SM
MD
LG