Анҷумани дувоздаҳуми Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон пушти дарҳои баста баргузор гардид. Дар даромади қароргоҳи Ҷамъияти афроди лолу ношунаво дар минтақаи "Политехникум"-и Душанбе ин ҳушдор насб шуда буд, ки кормандони сафоратҳову расонаҳо, узви аҳзоби сиёсӣ ва дигар меҳмонон наметавонанд дар анҷуман ширкат кунанд.
Раҳматилло Зоиров, раиси ҳизб чунин тасмимро ба кам будани вақт барои баррасии масоил рабт дод. Вай гуфт, дар анҷуман оинномаву барномаи нави ҳизб, чанд масъалаи таҷрибавӣ, зиддиятҳои миёни аъзо, дар кул 7 масъала баҳс мешаванд, ки барои оҷил баррасӣ кардани онҳо то нисфи рӯз ҳузури меҳмонон халал хоҳад расонд.
Вай гуфт, "мо мехоҳем ин ҳамаро бидуни меҳмонон ва ширкатдорон баррасӣ кунем, ки шояд халал расонанд ва аъзои ҳизб ақидаву хулосаҳои худро бемалол гуфта натавонанд. Ин ҳамаро ба назар гирифта, анҷуманро пӯшида эълон кардем.."
Аммо барои Абдуазими Абдулваҳҳоб, рӯзноманигори тоҷик, ки барои инъикоси ин анҷуман омада буд, тасмими ҲСДТ ғайримунтазира буд. Вай гуфт, дар таҷрибаи солҳои ахир ин бори аввал аст, ки ба ҷаласаи як ҳизби сиёсӣ ва он ҳам як ҳизби маъруф бо даъвоҳои демократияхоҳӣ наметавонад роҳ ёбад. Ин хабарнигори тоҷик мегӯяд, "Раҳматилло Зоиров як сиёсатмадори "хасакӣ" ё пинҳонкору пинҳонгӯ нест. Ӯ ҳамеша ошкор сухан мекард, ҳатто агар дигарон меҳаросиданд, ӯ мегуфт. Бо ин вуҷуд, мо ба тасмими ҲСДТ эҳтиром мегузорем, зеро ин ҳизб даврони хеле вазнинро аз сар мегузаронад."
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) танҳо ҳизби расмист, ки узви Шӯрои ҷамъиятӣ нест ва ягон узваш ба Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон роҳ наёфтааст. Солҳои ахир алайҳи раиси ҳизб Раҳматилло Зоиров дар расонаҳои давлатӣ чандин матлаби "беимзо" нашр шуд, ки ба қавли коршиносон, як гуна бозтоби муносибати ҳукумат ба ин ҳизбу сарвараш аст. Ба қавли аъзои ҳизб, онҳо наметавонанд ба ягон идораи давлатӣ ҳатто ба кор дароянд.
Дар ҳамин ҳол, миёни коршиносон гуфтугузорҳо дар бораи тариқи тавтиаҳои дохилиҳизбӣ, ки аз берун ба хотири аз раёсати ҳизб барканор кардани Раҳматилло Зоиров бояд роҳандозӣ шаванд, вуҷуд доранд. Аммо раҳбари ҲСДТ гуфт, агар ҳизби ӯро худи аъзо аз дохил пароканда накунанд, аз хориҷ касе нахоҳад тавонист.
Раҳматилло Зоиров дар ҳоле сӯҳбат мекард, ки Алим Шерзамонов, раҳбари созмони ҳизб дар вилояти Бадахшон бо нишони эътироз аз мавқеъгириҳои ҳизбаш дар баробари ҳаводиси ду соли ахири кишвар ба анҷумани навбатӣ наомад. Аммо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Алим Шерзамонов гуфт, ин танҳо эътирози шахсии ӯ аст, на созмони вилоятӣ. Вай афзуд, барои ширкат дар анҷумани ҲСД 5 узви созмони вилоятиро фиристодааст.
Далоили эътирозашро оқои Шерзамонов чунин шарҳ дод: "Собиқаи аҳзоби дигари ба ном оппозитсионӣ, ба монанди Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунист нишон медиҳад, ки онҳо ба хотири як-ду курсӣ дар порлумон ва манфиатҳои дигар аз кайҳо боз чунин мавқеъ доранд. Аммо Ҳизби сотсиал-демократ пойбанди касе нест, озод аст ва бояд мавқеи рӯшантаре зоҳир кунад."
Оқои Шерзамонов гуфт, дар робита ба ҳаводиси соли гузашта дар водии Рашт ва ҳам қазияи ахири халабонҳо дар Тоҷикистон ҳизби ӯ мавқеи камранге дошт. Ба ҳар сурат, анҷумани ҲСДТ дигарбора Раҳматилло Зоировро дигарбора раис интихоб карда, ҳамчунин ҷиҳати тағйири номи ҳизб қарор кардааст. Раҳматулло Зоиров гуфт, тафсилоти ин ҳама рӯзи душанбе (5 декабр) дар як нишасти матбуотии вижа пешниҳод хоҳад шуд.