Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FP: Бунбастҳои роҳи Кобул дар Узбакистон ва Тоҷикистон


Маҷаллаи бонуфузи амрикоии Foreign Policy дар робита ба таркиш дар қитъаи Амузанги роҳи оҳани Узбакистон, ки мақомоти Тошканд, онро “амали террористӣ” номиданд, фарзияи хоси худро мунташир кардааст.

Он менависад, ҳадафи Тошканд аз қатъи ҳаракат дар ин масир берун кардани Тоҷикистон аз сабқати интиқоли маводи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон аст. Фарзияи нав дар ҳоле садо медиҳад, ки коршиносон дар Тоҷикистон тахриб дар роҳи оҳани Узбакистонро ба мухолифати ин кишвар бо сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон рабт додаанд.

Маркази Пажӯҳишҳои Стратегӣ ва Байнулмилалӣ (МПСБ) дар Вашингтон, ки барои мақомоти Иёлоти Муттаҳида кор мекунад, навиштааст, барои рӯй овардан ба Шабакаи Икмолотии Шимолӣ ва истифодаи бештар аз он Амрикоро зарур хоҳад омад, ки бо “шарикони сарсахт ва ноустувор” вориди ҳамкорӣ шавад, ки ғарқи “ташаннуҷҳои доимӣ, нобоварӣ, ҷунун, худкомагӣ ва гирифтори васвасаи ҳифзи режиманд.””Дар байни онҳо Узбакистон нақши муҳим ва ҳалкунандаро мебозад. Пули тахрибшуда ба самти Тоҷикистон бахши калидии масири нақлиётӣ ба Афғонистон нест, аммо ба рӯйи пайвандҳои заифи шабакаи ҳаётан муҳими икмолотии НАТО рӯшанӣ меафканад."

Бо такия ба ин хулосаи МПСБ, маҷаллаи Foreign Policy менависад, шабакаи шимолӣ ҳанӯз дар давраи нахустин мушкилот дар роҳи икмолотии Покистон дар чаҳор сол пеш аҳамияти вижа касб кард ва ҳарчанд Узбакистон, Тоҷикистон, Русия. Гурҷистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон аз бахшҳои онанд, ҳамаи маводе, ки НАТО ба нерӯҳои худ дар Афғонистон мефиристад, дар Тирмизи Узбакистон мисле ки ба гулӯгоҳ расида бошанд, ҷамъ меоянд ва ҳафтаҳо интизори убур аз марз ва рӯди Омӯ мешаванд. Роҳи дарози ин мавод аз бандарҳои Рига дар Латвия ва Поти дар Гурҷистон, яке дар баҳри Болтик ва дигаре баҳри Сиёҳ шурӯъ мешавад. Бо вуҷуди он ки интиқоли бор дар ин масирҳо ду баробар аз истифодаи роҳҳои Покистон қиматтар аст, НАТО ҳоло 50 дарсади маводро аз тариқи шабакаи шимолӣ мефиристад ва қарор аст, то охири сол ин рақамро ба 75 дарсад расонад.

Дар ҳоле ки зиёда аз 90 дарсади ин мавод аз “гулӯгоҳи Тирмиз” мегузарад, Узбакистон аз шабакаи шимолӣ бештарин фоидаи молӣ ва маънавӣ ба даст меорад. Мақомоти Тоҷикистон, ба навиштаи ФП гуфтаанд, ки мехоҳанд, дар ин шабака саҳми бештар дошта бошанд ва ҳанӯз қабл аз “амали террористӣ” дар роҳи оҳани Узбакистон ишора кардаанд, ки аз ҳамин гузаргоҳ мумкин аст, бахше умдаи маводи НАТО ба Афғонистон равона шавад. Дар ҳоли ҳозир бахши хеле ками маводи НАТО аз пойгоҳи Манаси Қирғизистон ба воситаи Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол дода мешавад.

Устоди улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Оустини Тексас Ҷорҷ Гаврилис менависад: “Барои Каримов на пардохтҳои истифода аз шабакаи шимолӣ, балки нуфуз дар сиёсати хориҷӣ муҳим аст. Вай ба русҳо нишон медиҳад, ки барои Ғарб як шарики муҳим аст.” Дар иваз, ба гуфтаи профессор Гаврилис, Ғарб ба нақзи ҳуқуқи инсон дар Узбакистон аз паси панҷа нигоҳ мекунад. Дар ҳоле ки дар мурооти ҳуқуқи инсон дар Узбакистон тағйире ба миён наомадааст, ахиран таваҷҷӯҳи Вашингтон ба Каримов афзудааст. Моҳи сентябр, вазири умури хориҷии ИМА Ҳилларӣ Клинтон дар Тошканд аз “пешрафт”-и Узбакистон дар ҳифзи ҳуқуқи инсон ситоиш ва аз шахси Каримов барои ҳамкориҳояш сипосгузорӣ кард. Ва ҳукумати президент Обама талош дорад, таҳримҳои фурӯши силоҳ ва ҳамкориҳои ҳарбӣ бо Узбакистонро лағв кунад.

Ташаббуси дигари Вашингтон таҳти унвони эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим дар шароити нав, ки мавриди ҳимояти Тоҷикистон қарор гирифтааст, ҳадаф дорад, ба ҳамкории бештари кишварҳои минтақа ба хотири эътидоли авзоъ ва рушди иқтисодӣ дар Афғонистон замина гузорад. Дар ҳоле ки ҳамаи кишварҳои минтақа гуфтаанд, аз ин тарҳ фоида хоҳад гирифт, Узбакистон дар баррасии он дар ҳамоиши Истанбул моҳи гузашта ширкат накард.

Маҷаллаи Foreign Policy ба мақомоти Иёлоти Муттаҳида ва НАТО пешниҳод мекунад, ки барои ба низом овардани Шабакаи Икмолотии Шимолӣ бояд пеш аз ҳама Тоҷикистон ва Узбакистонро моил ба тафоҳум ва ҳамкории бештар кард. Дар акси ҳол ихтилофоти деринаи ду кишвар ва бархӯрди онҳо ба ҳамдигар метавонад, фаъолияти муназзами ин шабакаро ба ҳам занад. Як намунаи он дар ҳамин тахриби пули роҳи оҳан дар Амузанг аст, ки мақомоти Узбакистон ба тармими он шитоб надоранд.

Бо вуҷуди афзоиши таваҷҷӯҳ ба роҳҳои шимолӣ, таҳлилгарон гуфтаанд, гаронии он ва ҳам сари кор бо раҳбарони худкома ва ҳукуматҳои мушкилофарин, оқибат НАТО ва Амрикоро водор хоҳанд кард, ки хашми Покистонро аз ҳалокати сарбозонаш дар ҳамлаи иштибоҳии НАТО фурӯ нишонанд ва роҳҳои онро дубора барои худ боз кунанд. Маҷалла ин ҷумлаи сафири марҳум ва масъули сиёсати Амрико дар минтақа Ричард Ҳолбрукро охирсухани хеш қарор додааст, ки гуфта буд: “Дар Афғонистон ҳалле ба даст нахоҳад омад, агар Покистон ҷузви он ҳал нест.”

Афзоиши ҳаракат дар шоҳроҳи Соланг
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00
XS
SM
MD
LG