Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фасод дар Тоҷикистон. Одат ё ночорӣ?


Дар ҳоле, ки 9-уми декабр ба унвони Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи фасод таҷлил мешавад, дар Тоҷикистон мизони фасод афзудааст.

Созмони Transparency International дар гузориши нави худ, ки мизони фасод дар 182 кишвари ҷаҳонро “чен” кардааст, Тоҷикистонро дар мақоми 152-юм қарор дода, ки аз соли гузашта ду зина болотар аст.

Transparency International мустақил набудани додгоҳҳо, ба иҷро нарасидан ё кундии раванди иҷрои қавонин ва дар дасти як гурӯҳ қарор доштани қудратро аз омилҳои аслии густариши фасод дар Тоҷикистон хондааст.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо чунин натиҷагирии созмони “Транспаренси Интернешнл”-ро рад карда ва гуфтаанд, ки фасод дар ин кишвар ба он ҳадде нест, ки созмони Transparency International нишон медиҳад.

Дар ҳоле аз афзоиши мизони фасод дар Тоҷикистон тавассути як созмони байнулмилалӣ гузориш мешавад, ки мубориза бо фасод чанд сол ба ин сӯ дар садри барномаҳои давлат қарор дорад ва ҳамчунин ба ин манзур ба изофаи ниҳодҳои дигар Оҷонси мубориза бо коррупсия низ таъсис шуда ва амал мекунад. Иллати ҳамчунон густариши фасод дар Тоҷикистон дар чист?

Омилҳои мухталифе аз сӯи таҳлилгарон баршумурда мешаванд, аммо ба як нукта, ки дар гузориши “Транспаресни интернешнл” ишора шудааст, аксари коршиносон дар Тоҷикистон низ эътиқод доранд ва он ҳам тамаркузи се шохаи қудрати давлатӣ дар дасти як гурӯҳ аст.

Ба назари таҳлилгарон, як мушкили дигари фасод ва густариши он мавҷуд набудани иродаи сиёсӣ барои мубориза бо ин зуҳурот аст. Далели он ҳам ин аст, ки Оҷонси мубориза бо фасод дар солҳои ахир бархе аз вазоратхонаҳои кишварро ба унвони фасодзадатарин ниҳод эълон карда буд. Аммо вақте расонаҳо айни ҳамин хабари оҷонсиро нашр карданд, додгоҳ онҳоро барои тӯҳмат ба вазорат маҳкум кард. Ин амр ба гуфтаи таҳлилгарон, иродаи мақомоти сиёӣ барои мубориза бо фасодро заиф нишон медиҳад ва баёнгари тарҷеҳ додани робита бар зобита ва ё манфиати гуруҳӣ ба амри қонун аст.

Шумо "пора" додаед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG