Ин натиҷаи як пажӯҳиши муштараки Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо дафтари намояндагии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон анҷом додааст. Яке аз ҳадафҳои муҳими ин пажӯҳиш, муайян кардани мизони фасод дар ҷомеаи Тоҷикистон, роҳҳои аз байн бурдани он будааст. Ин назарсанҷӣ дар шаш шаҳри бузурги кишвар анҷом шуда ва дар ҷараёни он ҳудуди 1000 нафар ширкат кардаанд.
Дар ҷараёни ин назарпурсӣ 57 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки мизони фасод дар кишвар боло буда ва як саввум посух додааанд, ки он дар сатҳи миёна қарор дорад. Ба эътиқоди 59 дарсад, мизони фасод аз ҳама бештар дар ниҳодҳои ҷумҳуриявӣ, 10,6 дарсад дар ниҳодҳои вилоятӣ ва 27,7 дарсад дар органҳои маҳаллӣ вуҷуд дорад.
Ва 55 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки дар 5 соли ахир мизони фасод дар кишвар тавсеаи бештар ёфтааст. Ба бовари 33 дарсад дараҷаи ришвахӯри афзоиш наёфта ва ба ҳолати қаблии худ аст. Танҳо 6 дарсад гуфтаанд, ки мизони фасод дар кишвар коҳиш ёфтааст.
Ба ин пурсиш, ки дар панҷ соли оянда мизони фасод ва коррупсия дар кишвар чӣ гуна хоҳад буд, 54 дарсад пурсидашудагон гуфтааанд, ки сатҳи он боло хоҳад рафт. 12 дарсад гуфтаанд, ки вазъ дар ҳолати қаблӣ боқӣ мемонад ва 18,9 дарсад бовар доранд, ки он коҳиш хоҳад ёфт.
Ҷамъи бузурги пурсидашудагон (32 дарсад) гуфтаанд, ки иллати даст задани мақомот ба фасодкорӣ, ин камбуд дар низоми идорӣ аст. Аммо як саввуми (33 дарсад) пурсидашудагон гуфтаанд, мансабдорон маҷбуранд, ки одатҳои низом ва талаботи болоро риоят кунанд. Вале ба назари 23 дарсади пурсидашудагон, ин амр ба сифатҳои манфии худи мансабдорон бармегардад.
Дар ҳамин ҳол 13 дарсад гуфтаанд, ки даст ба фасодкори задани мансабдорони давлатӣ иллати иқтисодӣ дошта ба паст будани маоши онҳо марбут аст.
Ин назарсанҷӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон тамоми анвои фасод вуҷуд дорад,
аз ҷумла ришваситонӣ, сӯистифода аз мансаб ва хешутаборчигӣ.
Тибқи ин назарсанҷӣ аз ҳама ниҳодҳои фасодзада, Бозрасии давлатии автомобилӣ, идораҳои пулис, маъмурият ва кормандони бемористонҳо, додситонӣ ҳисобида шудаанд. Аммо бар пояи ин назарсанҷӣ, масҷидҳо ва дигар созмонҳои динӣ ва ҳамчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ниҳодҳои орӣ аз фасоди молӣ будаанд.