Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танкҳои Узбакистон дар марз боиси нигаронӣ шудааст


Сокинони манотиқи ҳаммарз бо Узбакистон аз таҷаммӯи техникаи ҳарбӣ дар марз изҳори нигаронӣ кардаанд.

Яке аз сокинони ноҳияи Истаравшан ба хабаргузории "Азия-Плюс" телефонӣ хабар додааст, ки нерӯҳои Узбакистон теъдоди зиёди техникаи ҳарбӣ, махсусан танкҳоро дар ин самт ҷамъ овардаанд. Тоҷире, ки аз тариқи Узбакистон ба бозори Истаравшан мол ворид мекунад, дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва мегӯяд, зоҳиран, афзоиши танк ва зиреҳпӯшҳои Узбакистон дар хатти марз бо Тоҷикистон идома дорад.

Аз он ҷо ки дар гузашта дар ин минтақаи марз ҳеҷ гуна техникаи ҳарбӣ мавҷуд набуд, пайдо шудани ин теъдод аз танкҳо аҳолии Тоҷикистонро нигарон кардааст. Махсусан бо назардошти сардии муносибатҳо байни Душанбе ва Тошканд омодагиҳои ҳарбӣ ва афзоиши ҳаракат дар марзи Узбакистон ин нигарониро ба маротиб афзоиш медиҳад.

Хабаргузорӣ менависад, таҷаммӯи техникаи ҳарбии Узбакистон дар марзро яке аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, аммо гуфтааст, ин омодагӣ як моҳ замоне ба миён омад, ки дар натиҷаи як тирандозӣ байни марзбонони тоҷик ва узбак дар самти Истаравшан як марзбони узбак кушта шуд.

Раёсати нерӯҳои марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтааст, аз вазъият дар марз огоҳ аст, аммо дар фаъолияти худ тағйире ворид накардааст ва марзбонони тоҷик дар режими муқаррарӣ амал мекунанд.

Кумитаи марзбонии Хадамоти амнияти миллии Узбакистон хабар дода буд, ки рӯзи 13-уми ноябр гурӯҳи марзбонони тоҷики ҷузву томи «Истаравшан» дар гузаргоҳи марзии «Ҳаштияк» барои кӯмак ба як қочоқбар ҷониби марзбонони узбак оташ кушодаанд, ки дар натиҷа сержанти марзбонии Узбакистон Тоҷиев кушта шуда, дар ҷои ҳодиса як миқдор моли гаронбаҳо ва ҳудуди 4 кило ҳероин ёфт шудааст.

Аммо сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Хушнуд Раҳматуллоев гуфт, ки дар ҳақиқат аз тири марзбонони тоҷик марзбони узбак кушта шудааст. Зеро сарҳадбонони Узбакистон барои таъқиби қочоқбар аз хатти марзи Тоҷикистон дарунтар меояд ва ба ҳушдори марзбонони тоҷик эътибор намедиҳад. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамчунин ёфт шудани маводи мухаддирро дар ҷои ҳодиса "беасос" номида, гуфта буд, баръакс марзбонони Узбакистон ба қочоқбарони амволи техникӣ кӯмак мекарданд ва ин ҳол сабаби тирандозӣ гаштааст.

Як рӯз баъд аз воқеа дар мулоқоте дар ҷои ҳодиса мақомоти марбутаи Тоҷикистон ва Узбакистон ба натиҷае расиданд, ки қочоқбарон мехостанд, як теъдод дастгоҳҳои барқи гармидиҳандаро аз марз интиқол диҳанд ва шаҳрванди Узбакистон бо номи Насиба ташкилкунандаи ин қочоқ будааст. Ҳамаи шарикони ӯ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуда ва таҳқиқи парванда идома дорад.

Қочоқи маводи гуногун аз марзи байни ду кишвар солҳост, идома дошта, борҳо сабаби даргирии байни марзбонон гаштааст. Аммо як қитъаи баҳсбарангези марз, ки то чанд соли баъд аз истиқлолияти Тоҷикистону Узбакистон ба қаламрави Тоҷикистон ҳамроҳ карда шуд, низ дар ҳамин минтақа мавҷуд аст.
XS
SM
MD
LG