Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократия - 2011. Тоҷикистон ду зина поён


Тоҷикистон дар гузориши навбатии "Economist Intelligence Unit"- «Индекси демократия дар соли 2011» ду зина поён омадааст.

Бар асоси ин гузориш, Тоҷикистон дар миёни 167 кишвари ҷаҳон аз зинаи 149-и соли гузашта ду зина поён омада, дар зинаи 151-ум қарор гирифтааст.

"ИН ГУЗОРИШ ҲАМА ВОҚЕИЯТҲОРО ДАР БАР НАМЕГИРАД"

Сайфулло Сафаров
, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, гузоришҳое, ки ҳамасола дар бораи рушди равандҳои демократӣ дар ҷаҳон омода мешаванд, ҳама воқеиятҳоро дарбар намегиранд: «Шояд меъёрҳои ин созмонҳо ба он равандҳое, ки дар мо ҳастанд, мувофиқ набошанд. Агар дар хотир дошта бошед, вақте сухан аз рейтинги Амрико рафт, ҷаноби Обама гуфта буд, ки созмонҳои рейтингсоз аслан худ намефаҳманд, ки чӣ мехоҳанд. Дар он ҷо ҳам одамони зинда ҳастанд, онҳо ҳам аз нуқтаи назари манофеи худ ё ягон гурӯҳ ин ё он давлатро ба ин ё он гурӯҳ тақсим мекунанд. Аммо мо набояд аз он мубориза ва хоҳише, ки дорем, даст кашида гӯем, ки не, мо ислоҳнашавандаем ва фақат авторитарӣ боқӣ мемонем. На! Мо ба сӯи демократия бо қадамҳои устувор рафта истодаем.»

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон
Кишварҳои ҷаҳон аз рӯи панҷ меъёр - раванди интихобот ва чандандешӣ, фаъолияти ҳукумат, ширкати сиёсӣ, фарҳанги сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ ба чор қисмат тақсим шудаанд: демократияҳои комил, нокомил, режимҳои омехта ва худкома. Тоҷикистон дар қатори 52 кишвар, аз ҷумла Русия, Афғонистон, Узбакистону Туркманистон ва кишварҳои африқоиву осиёӣ дар қатори режимҳо худкома қарор дорад. Қирғизистон танҳо кишвари Осиёи Марказист, ки дар сафи режимҳои омехта ҷой гирифтааст.

"ДАР ТОҶИКИСТОН ЯК ҲИЗБ АСТ..."

Амнияти Абдулназар, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, вазъи озодиҳои демократӣ ва ширкати сиёсии аҳзобу мардум дар интихоби сарнавишти худ тариқи интихоботҳо дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз қолабӣ мешавад: «Дар замони Шӯравӣ, ки як ҳизб буд, имрӯз ҳам ҳамон як ҳизб аст. Ҳизбҳои дигар намоишӣ ҳастанд, ба он хотир, ки дар ҳамин гуна таҳқиқотҳо гӯянд, ки дар Тоҷикистон бисёрҳизбӣ аст, яъне 8 ҳизб дорем. Аммо дар Тоҷикистон як ҳизб аст - Ҳизби халқӣ демократӣ. Тибқи қавонини Тоҷикистон, идеологияи як ҳизб наметавонад давлатӣ бошад, аммо идеологияи давлати мо идеологияи ҲХДТ аст. Аммо идеология бояд мардумӣ бошад, зеро мо ҷомиаи демократӣ месозем. Аммо ҳоло ин тавр нест, зеро мардум дар идораи давлат заррае ширкат намекунад.»

Амнияти Абдулназар, муовини раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон
Амнияти Абдулназар, муовини раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон
Аз вижагиҳои гузориши "Economist Intelligence Unit" ин аст, ки кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ бо кишварҳои Шарқи наздик ва Африқои Шимолӣ муқоиса мешаванд. Бар пояи ин гузориш, режимҳои худкомаи ду паҳно бо фасоди густарда, дар ихтиёри элитаҳои хурд қарор доштани сарватҳои миллӣ, заъфи институтҳо аз таъсири рушд бар пояи сарватҳои табиӣ ва ҳукуматдорӣ ва таъминоти иҷтимоӣ ҳамсонанд.

Дар гузориш омадааст, аҳолии ҷаҳони араб ҷавон ва саркаш ҳастанд ва чанд кишвари Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ҳамин вижагиро доранд. Аммо бар пояи ин гузориш, фарқи миёни ду фазо ҳам дар ин аст, ки дар ИДМ рушди ММД-и (маҷмуи маҳсулоти дохилӣ) воқеӣ дар қиёс бо Шарқи наздику Африқои Шимолӣ тайи даҳ соли охир хеле босуръаттар буд, ҳарчанд бекорӣ дар аксарияти кишварҳои собиқ шӯравӣ рӯ ба афзоиш аст, суръати он пасттар аз кишварҳои ҷаҳони араб аст, ки ҳоло аз ноамниҳо азият мекашанд.

"БО КИШВАРҲОИ АРАБӢ МУҚОИСАНАШАВАНДАЕМ"

Дар аксари кишварҳои ИДМ коҳиши фақри саросарӣ ва дараҷаи фарқияти даромадҳо ҳам кам мешавад, ҳарчанд дастрасӣ ба интернет, бахусус дар манотиқи сераҳолӣ, нисбатан баланд аст ва дар чанд кишвари ИДМ (дақиқан, Туркманистон ва Ӯзбакистон) он қадар баста аст, ки таъсири сиёсӣ аз хориҷ ба ҳадди назаррас коҳиш дода шудаанд.

Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон
Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол, Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, муқоисаи ҷаҳони араб бо кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва давлатҳои мусулмонии Осиёи Марказӣ аслан қобили муқоиса нестанд, зеро дар ин фазо мардум таърихи муштарак дошт ва ба зинаҳои демократия тариқи дигар роҳҳо омадааст: «Нишондиҳандаҳое ҳастанд, ки муқоисанашавандаанд, зеро дар ҷаҳони араб кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ худкифо буданд, аммо ба мисли мо интихоботу парлумон ва дигар нишонаҳои демократияро надоштанд. Як Муаммар Қаззофӣ бо аъзои оилааш як Либияро сарварӣ мекард. Онҳо бо мо муқоисанашаванда ҳастанд.»

Бо вуҷуди фарқиятҳо миёни Шарқи наздик,Африқои Шимолӣ ва ИДМ, коршиносони "Economist Intelligence Unit" гуфтаанд, «мо наметавонем имкони пеш омадани тағйироти назаррас дар ИДМ тайи чанд соли ояндаро истисно кунем. Табиати ҳайратовар ва суръати рушд дар Шарқи наздик ва Африқои Шимолӣ ҳам бар имкони тағйироти сиёсӣ далолат мекунад.»
XS
SM
MD
LG