Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмакҳои башардӯстона ба ниёзмандон мерасанд?


Низоми қабул ва тақсими кӯмакҳои башарӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба ислоҳ ниёз дорад.

Созмонхои байналмилалии кӯмакрасон ба монанди Салиби Сурх, Ҳилоли Аҳмар ва барномаи рушди СММ, вуруд ва тақсими кӯмакҳои башардӯстона барои мардуми офатзадаи ин кишварро, чандон созгор намеҳисобанд.

Ин нуктаро намояндагони созмонҳои байналмилалии мазкур зимни натиҷагирии таҳлили қонунгузории Тоҷикистон оид ба қабули кӯмакҳои байнулмилалии башардӯстона ва наҷотбахшон дар ҳолати рух додани ҳодисаҳои фавқулодда ва номутобиқии қонунҳои дохилӣ бо қонуни байнулмилалии вокуниш ба офати табиӣ (IDRL), баён доштанд.

МОНЕАҲОИ УМДАИ ТАВЗЕИ КӮМАКҲО БА НИЁЗМАНДОН

Ба гуфтаи онҳо, монеаҳои умдае аз қабили бюрократия ё девонсолорӣ, сабти номи созмонҳо, сабти номи гумрукӣ, андозбандӣ монеаҳое ҳастанд, ки садди тавзеи саривақтии кӯмакҳо ба мардуми ниёзманд мешаванд.

Назар Валиев, яке аз масъулони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, бо ишора ба мушкилоти ҷойдошта дар роҳи ҳамлу нақли кӯмакҳои башардӯстона барои мардуми зарадида аз офатҳои табиӣ гуфт: «Ин мушкил нав нест барои Тоҷикистон. Ҳанӯз дар солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ, яъне аввали солҳои 90 ин мушкилот вуҷуд дошт. Яъне кӯмаҳои башардӯстона хеле бо мушкилоту монеъҳо вориди кишвар мешуданд. Мутаассифона танҳо Тоҷикистон не, балки дар дигар кишварҳои минтақа низ ин мушкил мушоҳида мешавад. Ҳол он, ки бояд конунҳои дохилӣ мутобиқ ба конунҳои байналмиллалӣ бошад ва дар ворид кардани ин кӯмакҳо танҳо аз қонуни байналмиллалӣ кор гирифта шавад. Вале афсус, ки чунин нест. Барои ҳамин мо ҳамасола дар кишварҳои минтақа сари ин масъала гуфтушунидҳо ва баҳсу баррасиҳо ташкил мекунем, оид ба қоидаҳои байнулмилалии қабули ин ёриҳо, норасоиҳои эҳтимолӣ ва қадамҳои баъдӣ дар ин самтро матраҳ мекунем, ҳатто бахшхҳо омӯзишӣ ташкил мекунем.»

Намояндагони созмонҳои байналмилалии кӯмакрасон бо изҳори тааасуф мегӯянд, солҳост, ки онҳо ба ҳукумат дар ин бора иттилоъ медиҳанд, вале мушкил ҳанӯз ҳам боқист.

Дар ҳамин ҳол коршиносони маҳаллӣ низ ҷой доштани як идда мушкилотеро дар роҳи ҳамлу нақл ва тақсими мунсифонаву саривақтии кӯмакҳои башардӯстона, аз қабили маводи ғизоӣ, таҷҳизоти фаннӣ, хаймахо, либос ва дигар ашёи заруриро дар Тоҷикистон таъйид мекунанд.

Исмоил Раҳматов, коршиноси тоҷик дар ин маврид чунин ибрози андеша кард:
«Ба мардуме, ки аз офатҳои табиӣ зарарҳои ҷиддӣ дидаанд, бояд бе ягон мушкил кӯмакҳо ворид шаванд ва ба дасти мардум бирасанд. На гумрук, на андоз, на ягон мушкили дигар бояд садди роҳ набошад дар ин кори хайр, ки дигарон ба мардуми мо расониданӣ мешаванд.»

Намояндагони Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, бо ишора ба солҳои душвори буҳронии кишвар ва роҳ ёфтани фасод дар қабулу тақсими кӯмакҳои башардӯстона, ки бино ба мушкилоти номбаршуда танҳо фоизи ками он ба дасти ниёзмандон мерасад, мегӯянд, танҳо дар сурати мутобиқгардонии қонунҳои дохилӣ ба қавонини байнулмилалӣ, метавон ба коҳиши осебпазирии мардум дар ҳолатҳои фавқулода даст ёфт.

Дар Ҳамоиши 31-уми байнулмилалии СС ва ҲА, ки дар аввали ҳамин моҳ дар Женева баргузор гардид, аз давлатҳои ҷаҳон даъват карда шуд, то низоми ҳуқуқии худро дар ин самт таҳлил намоянд ва тақвият бахшанд.

Ин дар ҳолест, ки намояндагони (БР) Барномаи рушди СММ зимни таҳлил ва натиҷагирии қонунҳои Тоҷикистон гуфтаанд, «Дар Тоҷикистон раванд ва механизми қабули кӯмакҳои байнулмилалӣ ҳангоми рух додани ҳодисаҳои бузургу пурзарари фавқулодда мавҷуд нест. Чунин ба назар мерасад, ки ҳар тасмиме оид ба гирифтани кӯмакҳои башарддӯстона, дафъатан ва ё бадоҳатан гирифта мешавад.»
XS
SM
MD
LG