Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкид ба Эрону Ғарб. Дар бораи оддӣ сохтани танишҳо


Дар акс: Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод (аз тарафи чап) ва Дабири кулли Созмони Милал Бан Кӣ Мун
Дар акс: Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод (аз тарафи чап) ва Дабири кулли Созмони Милал Бан Кӣ Мун

Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ба оддӣ сохтани танишҳо байни Эрону Ғарб бар сари фаъолиятҳои ҳастаии Теҳрон даъват кард.

Ҷанги лафзӣ миёни Амрикову Эрон дар рӯзҳои охир афзуда, Теҳрон Вашингтонро алайҳи эъзоми киштиҳояш ба гулӯгоҳи аз лиҳози стратегӣ муҳими Ҳурмуз ҳушдор додааст.

Бан Кӣ Мун дар пасманзари ин танишҳо ҳарду ҷонибро ба сӯи хештандорӣ хонд: “Умедворам, ки ҷонибҳои манфиатдор тамоми кори мумкинро хоҳанд кард, ки пеш аз ҳама, таниш дар минтақаро аз байн баранд ва талош хоҳанд кард, то кулли масоил ва ихтилофҳои назарро тавассути муколама ва бо роҳҳои осоишта ҳал кунанд. Дар айни замон, Эрон ҳам бояд қатъномаҳои муҳими Шӯрои Амниятро пурра иҷро кунад.”

Саркашии Эрон аз иҷрои қатъномаҳои СММ, ки қатъи ғанисозии уранашро талаб мекунад, мунҷар ба эъмоли 4 даври таҳримот алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ шудааст. Дабири кулли Созмони Милал гуфт, ӯ ҳамчунон “нигарон”-и гузориши ахири Оҷонси байналмилалии назорати нерӯи ҳастаист, ки аз имкони вуҷуди аҳдофи низомӣ дар барномаҳои ҳастаии Эрон дам мезанад ва Эрон бояд худ табиати осоишта доштани фаъолиятҳои ҳастаияшро собит кунад.

“Хеле нигарони гузориши ахири Оҷонси ҳастаиям, ки дар барномаи ҳастаии Эрон имконот ва аҳдофи низомиро низ мушоҳида мекунад. Ва ин масъулият бар дӯши мақомоти Эрон аст, ки аҳдофи сирф осоишта доштани барномаашонро исбот кунанд”,-таъкид кард ӯ.

Гузориши Оҷонси ҳастаии вобаста ба СММ дар моҳи ноябри соли гузашта нашр шуд ва инак 2 моҳ боз дар сатҳҳои мухталифи дипломатӣ мавзӯи эъмоли таҳримоти боз ҳам сангинтар алайҳи Эрон, аз ҷумла таҳрими харидории нафти он кишвар, баҳс мешавад.

Теҳрон дар посух гуфт, дар сурати таҳрими фурӯши нафташ аз гулӯгоҳи Ҳурмуз “як қатра нафт ҳам нахоҳад гузашт.” Ин гулӯгоҳ, ки байни Эрон ва Уммон тақсим шудааст, халиҷи Форсро бо уқёнуси Ҳинд мепайвандад ва сеяки нафти баҳрӣ ба бозори ҷаҳонӣ маҳз аз Ҳурмуз ҳамлу нақл мешавад. Аммо Амрико, ки дар халиҷи Форс артиши муқтадири панҷуми баҳриашро нигоҳ медорад, гуфтааст, ҳеҷ навъ ихлол дар ҳамлу нақли нафти халиҷро таҳаммул нахоҳад кард.

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон
Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон
Эрон ба дунбол дар обҳои атрофи гулӯгоҳи Ҳурмуз машқҳои даҳрӯзаи нерӯҳои баҳриашро созмон дод ва дар ҷараёни машқҳо чанд озмоиши мушакӣ низ анҷом дод.

Дар пасманзари танишҳои ахир, Вашингтон сафари қарибулвуқӯи раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Венесуэлаву Никарагуа ва Кубаву Эквадорро талоши “дар ба дар гаштан” барои ёфтани дӯстони нав номид ва кишварҳои Амрикои лотиниро аз густариши равобит бо Теҳрон ҳушдор дод.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Виктория Нуланд гуфт, “мо ба кишварҳои саросари дунё паёми мутлақо рӯшан медиҳем, ки ҳоло вақти таҳкими равобит – на равобити амниятӣ ва на равобити иқтисодӣ – бо Эрон нест. Дар ҳоле ки режим фишори афзояндаеро эҳсос мекунад, дар саросари дунё ва дар манотиқи ҷадид дар ҷустуҷӯи дӯстони нав дар ба дар мегардад.”

Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида
Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида
Бино ба гузоришҳо, Эрон бо вуҷуди ҳушдорҳои байналмилалӣ, аз ғанисозии уран ҳам даст набардоштааст, балки дар корхонаи ҳастаии Форду дар наздикии Қум шароити ғанисозӣ дар умқи заминро таҳия кардааст. Манобеи Ройтерс дар Оҷонси ҳастаӣ гуфтаанд, Эрон ҳоло метавонад дар ҳар фурсате ба роҳатӣ ғанисозии уранро аз корхонаи ҳастаии Натанз ба Форду, ки дар умқи замин ҷойгир шуда, табъан амнтар ҳам ҳаст, таҳвил диҳад.


Гулӯгоҳи Ҳурмуз. Размоиши дарёии Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:17 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG