Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яков Тсой дар интизори озодӣ аз зиндони Пули Чархӣ


Зиндони Пули Чархӣ
Зиндони Пули Чархӣ

Афғонистон ваъда додааст, ки дар истирдоди як маҳбуси тоҷики зиндони Пули Чархӣ ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Рӯзи чоршанбе аснои як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов гуфт, ки ӯ масъалаи бозгардонидани Яков Тсойро бо раиси Додгоҳи Олии Афғонистон Абдусалом Азимӣ матраҳ намуд: “ Моҳи декабр вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон Залмай Расул дар мавриди имкони истирдоди Тсой сӯҳбати телефонӣ доштанд. Тсой 74- сола асту вазъи саломатиаш ҳам хуб нест. Шумо медонед, ки як бандии ин гурӯҳ Ҳасан Отараев дар зиндон вафот кард. Аз ин рӯ , мо аз Афғонистон кӯмак хостем. Ҷои ёдоварист, ки иттиҳоми Тсой-кӯшиши фурӯши симоб дайн нашудааст. Ҷониби афғон гуфт, ки барои истирдоди маҳбус баргузории се марҳилаи додгоҳ зарур аст. Феълан ду марҳила сипарӣ шудааст. Раиси додгоҳи Олии Афғонистон Абдусалом Азимӣ ваъда дод, ки ба ин раванд кӯмак мерасонад.”

Соли 2009-ум баъди тасвиби созиши истирдоди маҳбусон Тоҷикистон тахминан 200 маҳбуси афғонро аз зиндонҳои Тоҷикистон ба ватанашон интиқол дод. Тибқи иттилои мақомоти Афғонистон, дар соли 2010-ум даҳ шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Афғонистон ба сар мебурданд ва аз ин байн 8 тан аз Афғонистон ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

Яков Тсой ҳамроҳ бо Ширинбек Искандаров ва Ҳасан Отараев тобистони соли 2008-ум дар Афғонистон бо ҷурми ҷосусӣ боздошт шуда буданд. Моҳи июни соли гузашта бо дархости президентҳои Тоҷикистону Афғонистон Искандаровро ба Тоҷикистон бозгардонданд, вале моҳи октябри соли 2011-ум Отараеви 50 –сола дар зиндони Пули Чархӣ даргузашт.

Ба дунбол ин ҳодиса, Елена, ҳамсари Отараев шикоят кард, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамсари ӯро таври бояду шояд ҳимоят накарданд: “Ҳамагӣ як дафъа консули тоҷик номаш Саъдӣ ба наздаш рафта буд ва аслан дар тамоми муддати ҳабс аз ӯ ду дафъа зиёрат карда буданд. Як дафъа Далер Киромов ва як дафъа ҳамон Саъдӣ.”

Маҳбуси сеюми ин гурӯҳ Ширинбек Искандаров, ки ҳоло дар озодӣ дар Тоҷикистон аст, айбномаи ҷосусиро қабул надорад ва дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки онҳо бо ҳадафи танзими равобити корӣ бо як ширкати сохтмонии афғонӣ ба Кобул сафар карда буданду иттиҳоми кӯшиши фурӯши симоб ҳеҷ асосе надорад.
XS
SM
MD
LG