Зеро қутосҳое, ки қаблан барои наслгирӣ ба ноҳияи Ҷиратол бурда шуда буд, ҳамаашон нар баромада, нофаҳмиеро миёни масъулони кишоварзии ду ноҳия ба бор овардаанд. Акнун ин "саргузашти талх" харидонро ба эҳтиёткорӣ маҷбур кардааст.
Аммо сардори идораи кишоварзии Бадахшон Назрӣ Назриев мегӯяд, барои барҳам задани, ба қавле таносуби гендерии 200 сар қутос, ки барои рушди қутоспарварӣ ба ноҳияи Ҷиргатол интиқол шудаанд, мутахассисони вилоят ҷавобгар нестанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, намояндагони ноҳияи Ҷиргатол худашон дар ноҳияи Мурғоб молро интихоб кардаанд.
Ӯ гуфт, "мудири шӯъбаи кишоварзии ноҳияи Ҷиргатол бо 5 нафар мутахассис худашон омада буданд, пас аз 30 дарсади қутосҳои нарро ба мақсади иваз кардан ба қутосҳои мода баргардондан лозим омад."
Иштибоҳи мутахассисон боиси он шуд, ки қисмате аз қутосҳои нар пас аз сайри таърихӣ ба Ҷиргатол, тавассути гузаргоҳи марзии Қирғизистон, аз нав ба ҷойи зисташон баргардонида шуданд. Дар ивази онҳо қутосҳои мода на танҳо ба сайри Ҷиргатол рафтанд, балки якумра аз "ватан" ҷудо шуданд.
Чорвопарварони қирғиз "ватани аҷдодӣ"-и ин ҳайвоноти ваҳширо кӯҳҳои Тибет мешуморанд ва мегӯянд, сокинони гирду атрофи минтақа, аз ҷумла қирғизҳо онҳоро ром карда, ба ҳайвоноти нимаваҳшӣ табдил доданд.
Ба қавли молдорон, аввалин шикоят аз вилояти Хатлон расида буд. Хоҷагиҳои чорвопарвар аз Мурғоб қутос бурданд, вале ба зудӣ аз гум шудани чанд сари он дар кӯҳу пуштаҳои атроф шикоят карданд, ки аз надонистани хӯйи ин ҳайвони нимаваҳшӣ бармеояд. Зеро харидорони қутос дар ноҳияҳои кӯҳии Хатлон фикр кардаанд, ки қутосро чаҳор фасли сол дар кӯҳу пушта сар дода, кай вақте ки хоҳӣ, маҳсулоташро мегирӣ. Аммо ин ҳайвон агар бе назорат монад, метавонад, то ба ҷойҳои хеле дур ҳаракат кунад.
Қутос ҳайвони якрав аст, мегӯянд чорвопарварон ва агар барфи аз ҳад зиёд борад ва ё сармои Помири Шарқӣ ба 60 дараҷа наздик шавад, дар ҷояш қарор мегирад ва дигар аз ҷунбидан дида, ба яхпора табдил ёфтанро авлотар мешуморад.
Қутос то 300 кило гӯшти аз ҷиҳати экологӣ тоза медиҳад. Шири қутос равғаннокии бештар дорад. Пӯсту пашми қутос ҳам ба кор меоянд. Журналисти рӯзномаи ноҳиявии "Сарикол" Султон Парманов мегӯяд, ки чорвопарварони Мурғоб ба фурӯши қутосҳои нари ҷавон ба хотири даромади бештар ва парвариши қутосҳои мода барои гирифтани насл манфиатдор мебошанд. Вале аз мадди назари мутахассисони ноҳияи Ҷиргатол берун мондани ин вижагӣ ба фирефта шудани онҳо ва ба миён омадани қиссаи "бозгашт"-и қутосҳои нар сабаб гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сардори идораи кишоварзии Бадахшон, барои рушди қутоспарварӣ, тайи солҳои охир қариб 1 200 сар қутос аз ноҳияи Мурғоб ва ба манотиқи дигари ҷумҳурӣ кӯчонда шудаанд. Назрӣ Назриев гуфт, "аз он 150 сар барои хоҷагиҳои чорвопарварии вилояти Бадахшон, 350 сар ба ноҳияи Ҷиргатол, 200 сар ба ноҳияи Айнӣ, 50 сар ба Балҷувон, 30 сар ба Варзоб ва дигар ноҳияҳо фиристода шуданд."
Аммо бо афзоиши саршумори қутос дар Мурғоб, ки теъдодаш аз 20 000 сар убур кардааст, "баҳсҳои марзӣ" байни қутос ва барраи Марко Полоро доман задааст. Мутассадиёни ширкатҳои шикорӣ нигаронанд, ки қутосҳо ҳар чӣ бештар дар ҷустуҷӯи хӯрок ба дараҳои касногузар сар мехалонанд ва ҷойи Марко Полоро танг месозанд. Маҳрумият аз хӯроки серғизо ва лоғарӣ бошад, хавфи талаф ёфтани ин барраи нодирро, ки дар моҳҳои март-апрел одатан аз ҳисоби равғани ҷамъшуда дар баданаш зинда мемонад, зиёдтар мекунанд.
Қаблан гӯшти қутос бештар ба шаҳри Ӯши Қирғизистон бурда, бо молу маводи ғизо "бартер" ё иваз мешуд, аммо акнун содироти он мамнӯъ шудааст. Ҳоло латифаи тозае пайдо шудааст, ки ҳангоме қассоб барои забҳ кардан қутосро ба замин хобонда аз домулло ба кадом тараф гардондани рӯяшро мепурсад, манзур қибла куҷост, зарофатгӯи маҳаллӣ пешдастӣ намуда гуфтааст: "Рӯяшро ба тарафи Хатлон гардонед, зеро бештари ҳамтоёни ин ҷонвар ва ё гӯшт ба он тараф рафта, аз гӯшти ин қутос ҳам дар он ҷойҳо таом хоҳанд пухт."