Вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо қабули қарор воридоти нафти хом аз Эронро мамнӯъ карданд, то аз ин роҳ Теҳронро ба даст кашидан аз барномаҳои баҳсбарангези атомиаш водор намоянд.
Вилям Ҳейг, вазири корҳои хориҷаи Бритониё, ин тасмимро комилан дуруст хонд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, Эрон пайваста қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ-ро нақз ва аз бозгашт ба сари мизи музокирот роҷеъ ба барномаҳои атомиаш саркашӣ мекунад.
Ба қавли ҷаноби Ҳейг, Эрон ҳамоно ғанисозии уранро дар сатҳи 20 дарсад идома медиҳад, аммо аз тавзеҳоти он худдорӣ меварзад.
Пешбинӣ шудааст, ки ин таҳримҳо то якуми моҳи июли соли ҷорӣ ба иҷро дароянд. Ин ба ин маъност, ки баъзе аз кишварҳо қарордодҳои мавҷудаи худро то охири моҳи июн бояд ба поён баранд ва то он вақт воридоти нафт аз Эронро қатъ ва аз имзои қарордодҳои нав худдорӣ намоянд.
Эрон дуввумин кишвари бузурги содиркунандаи нафт дар созмони ОПЕК аст. Ба ҳамин далел, вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо мехоҳанд, нафтеро, ки ин кишварҳо аз Эрон мегиранд, то он вақт аз ҳисоби воридоти нафти Арабистони Саудӣ ҷуброн кунанд. Иттиҳодияи Аврупо 20 дарсади нафти хоми худро аз Эрон ворид мекунад.
Юнону Испониё ва Итолиё аз харидорони аслии нафти Эрон ба шумор мераванд. Соли 2010 кишварҳои аврупоӣ ҳар рӯз аз Эрон 450 ҳазор бушка нафт мегирифтанд. Вале дар даҳ моҳи соли 2011 ин нишондод рӯзе ба 600 ҳазор бушка расид.
Дар 9 моҳи соли 2011 нафти Эрон 34,2 дарсади воридоти нафти Юнон, 14,9 дарсади воридоти Испониё ва 12,4 дарсади нафти воридотии Итолиёро ташкил додааст.
Иттиҳодияи Аврупо аз соли 2005 ба ин сӯ бо Эрон дар бораи тиҷорат қарордоди озод дошт ва 90 дарсади ин тиҷоратро нафти хом ва ё фаровардаҳои нафтӣ ташкил мекард. Ин иттиҳодия дар соли 2010 аз Эрон ба арзиши 14,5 миллиард евро мол ворид ва ба қимати 11,3 миллиард евро ба Эрон молу коло содир кардааст.
Дар феҳристи кунунии таҳримҳо 433 навъ молу коло оварда шудааст, ки онҳо аксаран ба густариши фаъолиятҳои ҳастаӣ ё такмили аслиҳаи ҳастӣ иртибот доранд. Акнун фурудгоҳҳои Аврупо ҳақ надоранд, ҳавопаймоҳоеро, ки молу колоҳои таҳримшудаи Эронро интиқол медиҳанд, бипазиранд. Бандарҳои обии Аврупо низ чунин корро хоҳанд кард. Пешниҳоди хадамоти техникӣ ба чунин ҳавопаймоҳо ва киштиҳо таҳрим эълон шудааст.
Ба ҷуз аз таҳримҳои иқтисодӣ ё тиҷоратӣ Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин сафари 61 нафар аз мақомоти эрониро мамнӯъ эълон кардааст. Ин афрод дар нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон муттаҳам мешаванд.
Пас аз эълони таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо нахустин вокунишҳо низ аз ҷониби мақомоти расмии Эрон садо дод. Алӣ Фаллоҳиён, вазири пешини амният ё иттилооти Эрон, ки ҳоло намояндаи Маҷлиси Хибрагон аст, изҳор дошт, ки кишвараш бояд фавран фурӯши нафт ба Иттиҳодияи Аврупоро қатъ кунад ва барномаҳои шашмоҳаи ин иттиҳодияро дар бораи қатъи воридоти нафт аз аввали моҳи июл ба ҳам бизанад. Эрон бо ин кор мехоҳад нархи нафтро дар бозорҳои ҷаҳонӣ боло барад.