Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили шиносномагирӣ. Ҳам пул меравад, ҳам вақт


Мушкили шаҳрвандон дар мавриди сари вақт нагирифтани шиносномаҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар идораҳои шаҳру навоҳи шикояти нав нест.

Ахиран Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди фасоди кишвар ҳам, аз ҷой доштани фасод дар идораҳои шиносномадиҳӣ хабар дод. Расман, мӯҳлати омода кардани шиносномаи муқаррарии шаҳрванди Тоҷикистон 10 шабонарӯзро дар бар мегирад.

Гулбаҳор Назирдӯхт, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба Озодӣ шикоят кард, ки ду моҳ боз барои гирифтани шиноснома мунтазир аст: "Меравӣ имрӯз биё, пагоҳ биё. Вақте мегӯӣ, ки ҷойе шикоят меравем, сардорашон мегӯянд, рав, куҷое равӣ аз дастат чизе намеояд. Барои шиносномаи дохилӣ ва хориҷӣ ҳам вазъ ҳамин аст."

Аммо Мустафо Ҳасанов, сардори раёсати шиносномадиҳии ноҳияи Рӯдакӣ дар сӯҳбат ба Озодӣ ин ҳолатро рад кард ва гуфт то ба ҳол ягон шикояти шаҳрвандон дар ин маврид ба дасти ӯ нарасидааст: «Ҳамон нафаре, ки нагирифтааст, биояд бо мо рӯ ба рӯ ҳарф занад. Кормандони раёсатро ман дар ин маврид имрӯз пурсидам, аммо онҳо мегӯянд, ки касе муроҷиат накардааст. Пагоҳ ҳам дар ин маврид ҳуҷҷатҳоро мебинем, ки кадом шаҳрванд кай муроҷиат кардааст....»

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилӣ, ки идораҳои шиносномадиҳӣ зертобеи ин ниҳод аст, ҳолатҳои ба дарозо кашонидани масъулияти шиносномадиҳӣ ба шаҳрвандонро рад мекунад. Тибқи қонун, баъди муроҷиати шаҳрванд ниҳоди масъул вазифадор аст баъди ду ҳафта ё давоми 20 рӯз шаҳрвандро бо шиноснома таъмин кунад.

Нусратулло Саидов, масъули Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки то ҳол ягон шаҳрванд дар ин бора ба ВКД муроҷиа накардааст, аммо мутаассифона ҳолатҳои санҷиши санадҳо ба дарозо мекашад.

Дар матбуоти маҳаллӣ ҳам дар бораи мушкили сари вақт нагирифтани шиносномаҳо, мардум бисёр мегӯянд.

Абуалӣ Некрӯз, хабарнигори ҷавон, ки бар пояи шикояти шаҳрвандон дар мавриди сари вақт нагирифтани шиносномаҳо ба дари идораҳои шиносномадиҳӣ барои анҷоми пажӯҳиш рафтааст, ҳолатро мушкил унвон мекунад.

Абуалӣ мегӯяд, ҳатто дар пойтахти Душанбе, сардорони идораҳои шиносномадиҳӣ, ба истилоҳ “сиёсат” доранд. Вай гуфт, «шикоятҳо ба мо аз фаъолияти раёсати шиносномадиҳии Шоҳмансур зиёд аст, аммо ин ҳолат дар ноҳияи Сомонӣ истисно аст, ба корафтодагон муносибати хуб аст. Як саҳифаи «Нигоҳ» ба пурсишу посухи хонандагон, ихтисос шудааст, шаҳрвандон аз идораи шиномадиҳии Шоҳмансур зиёд шикоят мекунанд.»

Дар ҳамин ҳол вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, шаҳрвандоне, ки мушкили сари вақт нагирифтани шиносномаҳоро доранд, метавонанд, ки ба вазорат муроҷиа кунанд.

Тибқи қонун нафароне, ки шиносномаи биометрӣ мегиранд, изи ангушт месупоранд. Дар ҳоле, ки масъулон сабабҳои ба таъхир афтодани мӯҳлати шиносномаҳоро, воқеӣ унвон мекунанд.

Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, ки мӯҳлати додани шиносномаи биометрӣ ҳам ду ҳафта аст. Шиносномаҳои дипломатӣ бо арзиши 125 доллари амрикоӣ, хидматӣ бо арзиши 100 доллар ва умумии шаҳрандии хориҷӣ бо арзиши 75 доллари амрикоӣ, дар давоми ду ҳафта бояд ба шаҳрвандон дода шавад.

Ба истиснои маблағе, ки бо сомонӣ дар почтаҳои давлатӣ барои гирифтани ҳар як намуди шиноснома дода мешавад, Давлат Назрӣ мегӯяд, ки нафароне дар гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ мушкил доранд, метавонанд аз ВКХ кӯмак дархост кунанд. Дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо шиносномаҳои хориҷиро Раёсати корҳои дохилӣ ҳам, дар ҳамкори бо ВКХ таъмин мекунанд.

Вақте, ин мавод таҳия мешуд, аз раёсати шиносномадиҳии ноҳияи Рӯдаки ба Озодӣ гуфтанд, ки барои санҷиши ҳолати мазкур, яъне мушкили сари вақт нагирифтани шиносномаҳо, ҳайти вижае аз ВКД фиристода шудааст.
XS
SM
MD
LG