Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбатҳои телефонии моро кӣ гӯш мекунад?


Eurasianet.org дар матлабе навишт, таҳқиқоти алайҳи ду ширкати ZTE ва Huawei оғозкардаи Конгресси Амрико метавонад бархе асрори давлатҳои ин минтақаро ҳам боз кунад.

Аз ҷумла гуфта мешавад, ки бозсозии шабакаҳои телефонии Осиёи Марказӣ тавассути ин ду ширкат имкони гӯш додани мақомот ба сӯҳбатҳои телефонии мардумро фароҳам сохтааст. Аммо масъулини ширкатҳои телефонӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ин моҷаро бештар ба рақобати байни ширкатҳо дар бозор бастагӣ дорад.

“Ин гапи телефонӣ нест”

Дар Тоҷикистон бисёриҳо аз сӯҳбати мавзӯъҳои ҳассос дар телефон худдорӣ мекунанд, ки “Ин гапи телефонӣ нест.” Аммо дар воқеъ, оё сӯҳбатҳои телефонии моро гӯш мекунанд?

Ба низоми рақамӣ гузарондани шабакаҳои телефонии 4 кишвари Осиёи Марказӣ – Узбакистону Туркманистон ва Қирғизистону Тоҷикистон - ширкатҳои чинии ZTE ва Huawei-ро дар бозори мухобироти ин минтақа пештоз кард. Телефонҳои чӣ шаҳрӣ ва чӣ мобили ин кишварҳо аксар бо таҷҳизоти ZTE ва Huawei кор мекунанд. Eurasianet менависад, ин 4 кишвар 10 сол пеш ба қарзҳои пуримтиёзи Чин дода шуда, тарҳҳои бозсозии шабакаҳои телефонии худро ба ZTE ва Huawei, ки дар бархе кишварҳо, аз ҷумла дар Ғарб, як василаи таҷассус барои давлати Чин гумонашон мебаранд, супурданд.

Манобеъи Eurasianet гуфтаанд, ширкатҳои чинӣ ба хотири касби қарордодҳои пурфоида аз мусоидат ба ҳукумат дар амри гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонӣ ва таъқиби кори муштариён дар Интернет ҳазар намекунанд ва шояд ҳокимони худкомаи Осиёи Марказӣ ба ин имтиёз низ фирефта шуда, ҳамкорӣ бо ZTE ва Huawei -ро як аҳроми таҳкими режимҳои худ гумоштанд. Бехабар аз инки истифодаи таҷҳизоти чинӣ сӯҳбатҳои худи онҳоро низ барои Пекин дастрас мегардонад.


Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯяд, як далели асосии ба ширкатҳои Чин рӯ овардани ширкатҳои тоҷикӣ, арзон будани қимати фанновариҳои онҳост: “Ҳам ZTE ва ҳам Huawei узви Иттиҳодияи ҷаҳонии GSM буда, ба монанди ширкатҳои аврупоии Alсatel ё Nokia инҳо ҳам муҷаввизи тавлиди таҷҳизоти марбут ба ин навъи алоқаро доранд. Аммо нархи фаровардаҳои ширкатҳои Аврупо ба фарқ аз чиниҳо ба ҷайби мо мувофиқ намеояд.”

Пештозии ZTE дар Тоҷикистон

ZTE дар авоили солҳои 2000 шабакаҳои телефони хонагӣ дар саросари Тоҷикистонро рақамӣ кард ва соли 2005 нахустин шабакаи NGN дар Осиёи Марказиро низ дар Тоҷикистон ба роҳ андохт. Шарики асосии ZTE дар Тоҷикистон ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” аст, вале ширкатҳои хусусии мобилу интернет низ асосан бо таҷҳизоти ZTE ва Huawei кор мекунанд.

Аммо Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати “Вавилон” – роҳандози нахустин шабакаи NGN- ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳама моҷаро дар атрофи ширкатҳои чинӣ ба рақобати шадид дар бозори мухобирот тааллуқ мегирад: “Huawei ва ZTE ширкатҳои пешрафтаанд ва шояд ин ҳама кори рақибони онҳо бошад. Чунки мо аз онҳо фақат технология мехарем, аммо назораташ дар дасти онҳо нест-ку. Мутахассисони мо онҳоро кор мефармоянд. Ман гумон мекунам, ин гапҳо асосе надорад.”

Тамоми норозиёнро гӯш мекунанд?

Шӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов
​Мусоҳибони мо баъид медонанд, ки сӯҳбатҳои мақомоти аввали Тоҷикистонро аз Пекин гӯш кунанд, чунки амнияти ВЧ – хатти махсуси мухобироти раҳбарони аввалро як хадамаи вижа ҳифозат мекунад. Аммо ба фарқ аз даврони Шӯравӣ, ки бо вуҷуди КГБ-и “дар ҳама ҷо ҳозиру нозир” шунидани телефонҳо коре бисёр сахту пурҳазина буд, фанновариҳои навин ин амалро яқинан хеле осону арзон кардааст.

Ҳуқуқдони тоҷик Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, тибқи қонунҳои Тоҷикистон, сӯҳбатҳои телефонӣ ва мукотибаи мардум махфист ва касе ҳаққи таарруз ба ин ҳаримро надорад, ило дар ҳолатҳои истисноӣ ва он ҳам бо ҳукми додгоҳ ва фақат ба муддати то 6 моҳ ва танҳо дар қиболи афроде, ки ба даст доштан дар ҷиноёти сангин, барои мисол, терроризм, гумонбар мешаванд.

Ба гуфтаи оқои Қудратов, шунидани телефони мазнунон ба таҳқиқи ҷиноятҳо кӯмак мекунад, вале мақомот бештар телефонҳои афроди норозӣ ва мухолиф, аз ҷумла зиёиён ва раҳбарони аҳзобро гӯш мекунанд ва аксаран бидуни мурооти қонун: “Телефонҳои ҳамаи онҳоро гӯш мекунанд. Бе ягон санксия, ки ин дар Тоҷикистон як кори оддист. Чунки ширкатҳои давлатӣ намехоҳанд, бо мақомоти давлатӣ ҷанҷол кунанд ва аз ин рӯ, вақте мақомоти дахлдор аз онҳо гӯш кардани фалон рақамро дархост ё талаб мекунанд, онҳо бечунучаро ба гӯш кардани ин шумора иҷозат медиҳанд.”

Холиқназар Ҷумъаев
Холиқназар Ҷумъаев
Аммо Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи “Вавилон” мегӯяд, гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонӣ чандон соддаву осон нест, ки гумон мекунанд. Ӯ афзуд, бидуни ифтитоҳи парванда ба ягон ниҳоде ҳаққ ва имкони гӯш кардани сӯҳбатҳои муштариён дода намешавад: “Танҳо баъди онки парвандаи ҷиноӣ кушоданду тафтишот сар шуд ва кас ба ягон чиз гумонбар шуд, танҳо ҳамон вақт ҳаққ доранд. Дигар ҳаққ надоранд. Ҳатто мақомот. Қонун ин чизҳоро хеле маҳдуд кардааст.”

Рӯбарӯ сӯҳбат кунед, на бо телефон

Ҷамъи афроди соҳиби телефони ё шаҳрӣ ё ҳамроҳ дар Тоҷикистон зери 6 миллион нафар баровард мешавад. Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобили Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди имконоти тақрибан беканори фанновариҳои рақамӣ, гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонии ин чанд миллион муштарӣ корест миёншикан, вале, рамуздорона афзуд ӯ, агар итминони комил бихоҳед, ки сӯҳбати шумо ба гӯши нафари севум нарасад, рӯбарӯ гуфтугӯ кунед, на бо телефон.

Як муттахассиси варзидаи риштаи алоқа дар Душанбе ҳам ба ин суол, ки оё сӯҳбатҳои телефониро гӯш мекунанд ё хайр, хеле мухтасар ҷавоб дод, ки “Ин гапи телефонӣ нест.”
XS
SM
MD
LG